Барчидани рақамҳои давлатии мошинҳо, роҳи нави пулкоркунии нозирони минтақавии милиса шудааст.
Шабона барчидани рақамҳои давлатии мошинҳои шахсӣ аз ҳавлии биноҳои пойтахтро мардум роҳи нави пулкоркунӣ аз сӯи нозирони минтақавии милиса унвон карданд. Ҳоло идораи корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо дархости мардум ва дастури вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин қазияро ба баррасӣ гирифтааст.
Хабарнигори РО субҳи рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ дар идораи нозирони минтақавии милитсия дар маҳаллаи Зарафшон шоҳиди ин воқеа буд. Майори милитсия Халилҷон Убайдов, ки рақами давлатии мошинҳои ин маҳалларо гирифта буд, ибтидо аз гуфтугӯ бо РО сарпечӣ кард, вале баъд дар як гуфтугӯи телефонӣ далели барчидани рақамҳои давлатии мошинҳо ва ҷаримаи 40 сомониро чунин шарҳ дод: «Бо супориши раиси шаҳр бар асоси шикоят, ки гӯё сокинони шаҳр мошинҳои худро дар назди биноҳо беназорат мемонанд ва дуздӣ зиёд шудааст, ба мо гуфтанд, ки соҳибони мошинҳоро барои нақзи кодекси маъмурӣ ҷарима кунем.»
Майор Убайдов гуфт, ки аз ҳеҷ соҳиби мошин ба ивази баргардонидани рақами давлатӣ пул нагирифтааст.
Аммо як сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт, ки аз ифшои номаш ба хотири идомаи баррасии ин қазия аз сӯи вазорати корҳои дохилӣ худдорӣ мешавад, дар гуфтугӯ ба РО гуфт, ки субҳи 18-уми январ барои дарёфти рақами давлатии мошинаш ба идораи нозирони минтақавӣ ё «учасковий» муроҷиат карданд. Вай афзуд: «Майор Убайдов гуфт, ки ҷаримаро метавонам ба бонк низ бисупорад. Азбаски вақтам танг буд, ман ба ӯ 50 сомонӣ- 40 сомонӣ барои ҷарима ва 10 сомонӣ барои роҳкиро додам. Майор Убайдов гуфт, ки дар ин бора қарор аст. Вале ман намедонам. Пулро додаму рақами давлатиро гирифта берун шудам.»
Мақомоти шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ки дар бораи барчидани рақамҳои давлатии мошинҳо дар назди биноҳо ба нозирони минтақавии милитсиа дастур ё супориши хосе надодаанд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе дар ин бора гуфт: «Дар маҷлиси шаҳрдорӣ нисбати фаъолияти нозирони минтақавии милиса дастур шуда буд, ки оид ба пешгирии вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати дилхоҳ қонунвайронкуниҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ андешидани тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шавад.»
Шавкат Саидов гуфт, ки масъулияти нозирони минтақавӣ ба вазорати корҳои дохилӣ рабт дорад, на ба шаҳрдорӣ.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар гуфтугӯ ба РО гуфт, ки вазорат дастури хосе ба нозирони минтақавӣ дар бораи гирифтани рақами давлатии мошинҳоро надодааст. Вай афзуд, "вале бар асоси кодекси маъмурӣ, онҳо бояд ба соҳибони мошинҳое, ки ба ҳаракати нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва
сӯхтору сокинони маҳал халал мерасонад, огоҳӣ бидиҳанд ва дар сурати иҷро нашудани огоҳӣ, ҳаққ доранд соҳибони мошинҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ бикашанд.»
Аммо ба гуфтаи сокинони маҳаллаҳои Зарафшон ва Испечак, нозирони минтақавӣ дар ин бора касеро огаҳ накардаанд ва чанд нафари дигар рақамҳои давлатии худро аз нозирони минтақавӣ ба ивази 25-30 сомонӣ дарёфт карданд.
Ба ин далел мо аз кормандони вазорати корҳои дохилӣ хоҳиш кардем то пардохти ҷаримаи 40- сомониро дар намояндагии «Амонатбонк» дар маҳаллаи Зарафшон дар 18-уми январро баррасӣ карда ба протоколҳои ҷаримакардаи майор Убайдов муқоиса кунанд. Зеро аксари сокинон аз додани баёнот дар пардохти ҷарима ба худи нозирони минтақавӣ сарпечӣ мекунанд. Дар он сурат рӯшан хоҳад шуд, ки аз ҳудуди 30-35 шумораи давлатие, ки шабона майор Убайдов барчидааст, чанд нафар ҷаримаи воқеӣ дар бонк пардохт кардааст.
Гуфтугӯҳо бо сокинони маҳаллаҳои Зарафшон, Испечак, мақомоти шаҳрдорӣ ва вазорати корҳои дохилӣ ба он хулоса мешавад, ки гӯё нозирони минтақавӣ дар барчидани рақамҳои давлатии мошинҳо аз ҳеҷ ниҳоде дастури хос нагирифтаанд ва ин амалро ба хотири иҷрои кодекси маъмурӣ анҷом додаанд.
Ҳоло сокинони пойтахт аз ноилоҷӣ ва набудани паркинг мошинҳои худро дар назди ҳавлии биноҳо мегузоранд. Ба эътиқоди коршиносон, агар шаҳрдорӣ тавони сохтмони паркингҳоро надошта бошад, бояд аз ҳукумат тақозо кунад, ки то дар кодекси маъмурӣ таҷдиди назар кунад.