Ҳушдор аз паёмади номатлуби таҳрими Бонки тиҷорати Эрон аз сӯи Амрико барои бахши сармоягузории Тоҷикистон.
Шариф Раҳимзода, вазири нави рушди иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, асари манфии таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон, ба вижа маҳдуди шудани фаъолияти бонкҳои барои иқтисоди Тоҷикистон аз ҳоло қобили эҳсос аст ва паёмади номатлубе дар ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар хоҳад гузошт.
Шариф Раҳимзода, ки то рӯзи сешанбе раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ буд, зимни нахустин мулоқоти худ бо хабарнигорон ба ҳайси вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ки ширкатҳои муштараки тоҷикиву эронӣ, аз ҷумла дар дарёфт ва интиқоли пул бо мушкилоте рӯбарӯ шудаанд.
Ахиран ИМА ба манзури он, ки Эрон аз барномаи ҳастаии худ мунсариф шавад, чанд бонки муҳими ин кишвар, аз ҷумла Бонки "Тиҷорат"-и Эронро таҳрим кард. Бонки "Тиҷорат"-и Эрон дар чанд кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ филиал ё намояндагӣ дорад. Оқои
Раҳимзода дар робита ба ин паёмади таҳримҳо алайҳи Эрон барои Тоҷикистон ва шӯъбаи бонки "Тиҷорат" дар Душанбе гуфт:
«Имконоти интиқоли воситаҳои пулӣ аз Эрон ба Тоҷикистон кайҳо боз маҳдуд шудааст. Аммо ворид кардани бонки "Тиҷорат" ба феҳрасти ниҳодҳое, ки таҳрим шудаанд, таъсире ба фаъолияти шӯъбаи ин бонк дар Душанбе нахоҳад дошт. Зеро ин ҳамагӣ як шуъбаи бонк аст ва фақат ба хариду фурӯши асъор машғул буд ва дар корҳои дигаре саҳм надоштааст. Вале дар маҷмуъ, ҳамаи ниҳодҳое, ки ба тиҷорати бонкӣ дар Тоҷикистон сару кор доранд, аз ҷумла Бонки содирот имкони интиқоли пул ба Тоҷикитсонро надоранд. Зеро масалан доллар тавассути Амрико ва евро тавассути бонкҳои Аврупо бояд мунтақил шавад, аммо дар он ҷо ҳамаи ин фаъолиятҳо таҳти контрол қарор дорад. Шояд роҳҳои дигаре мавҷуд бошад, аммо ғайри расмӣ.»
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар бонки "Тиҷорат"-и Эрон дар Душанбе гуфт, фаъолияти ин ниҳод ба сурати маъмул идома дорад ва то кунун маҳдудияте дар кори он пеш наомадааст. Зеро ин бонк бо кишварҳои хориҷӣ сару кор надорад ва бештар чун як бонки дохилии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон, иҷрои таҳримҳои ИМА ва ИА барои кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон илзомовар нест, балки танҳо вақте ҳатмӣ мешавад, ки СММ ин таҳримҳоро таъйид кунад. Аммо аз онҷо, ки иқтисоди олам ба доллари амрико ва евро ва инчунин технологияи содирмекардаи Ғарб вобаста мебошад, кишварҳои дигар агар нахоҳанд ҳам роҳе барои гурез аз таъсири ин таҳримҳо надоранд.
Вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, зарфи панҷ соли дигар Эрон мебоист ҳудуди як миллиард евро дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Бино ба маълумоти ин вазорат, дар 9 моҳи соли гузашта Эрон фақат дар бахши хусусии Тоҷикистон наздик ба 15 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Муҳимтарин тарҳи иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аст, ки бо 180-милллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад. Қабл аз ин Эрон
сохтмони тунели «Истиқлол»-ро, ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, оғоз карда буд, ки агарчанд мавриди истифода қарор дорад, аммо сохтмонаш такмил нашудааст. Эрон ҳамчунин мутааҳид шудааст, ки дар рӯди Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон низ нерӯгоҳе бо номи "Ёвон"-ро бисозад.
Аммо вазири рушди иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳо ва ширкатҳое, ки бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд, дар амри гирифтану интиқоли пул дучори мушкил ҳастанд. Ва дар сурати афзоиши таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон, ин мушкилот бештар хоҳад шуд.
Оқои Раҳимзода изҳори умедворӣ кард, ки мушкили Эрон бо Ғарб ба ниҳояти хун нахоҳад расид ва роҳҳи ҳалле пайдо хоҳад кард. Ба гуфтаи вазири иқтисоди Тоҷикистон, Эрон яке аз панҷ кишваре аст, ки бештарин сармояро дар иқтисоди Тоҷикистон ворид мекунанд. Ва дар сурати афзоиши фишор ба иқтисоди Эрон, Тоҷикистон низ ногузир яке сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди худро аз даст хоҳад дод.