Устоди гиромӣ Бозор Собир!
Ман аз ҷумлаи насли замони Шӯравиам. Давраи ҷавонӣ ва донишҷӯии ман ба солҳои 80-уми асри гузашта рост омад. Ман худро хушбахт мешуморам, ки дар он даврон зистаам. Давраи хуше буд. Дар дил умеду орзуҳо мепарваридему аз оянда боке надоштем. Ҷаҳони ботинии моро меҳри Ватану миллат, ифтихор аз бузургони гузаштаву муосири халки мо ороиш медоданд. Аз ҷумла назми волою ватандӯстонаю миллатпарваронаи Шумо шиору рӯҳбахшандаи мо буд.
Афсӯс, ки имруз тоҷикон дар як ҳолати саргумию рӯҳафтодаги қарор доранд. Бо ин парешонӣ то куҷо мерасем?! Имрӯз беш аз ҳарвақта зарур аст, ки бузургони мо барои сарҷамъиву рӯҳбаландии мардум мусоидат намоянд.
Аммо афсӯс, ки гоҳо баръакси ин ҳолатро мебинем. Вактҳои охир дар интернет мақолаҳое аз номи Шумо интишор мешаванд, ки мардуми моро боз ҳам бештар ба саргумӣ мекашанд. Аз қабили «Ӯро аз академия мерондам», «Не поднимайте «Железный занавес»...
Ҳодисоти охири садаи бистум моро бори дигар ҳушдор доданд, ки парокандагии миллат ба марги миллат мебарад. Ва низ медонем, ки «Бузургонро бузургон зинда медоранд.» Аз ин рӯ, ман ба ҳеҷ ваҷҳ бовар нахоҳам, кард, ки ончӣ аз номи Шумо дар ҳаққи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ навишта шуда, моли Шумо бошад.
Ҳанӯз замони пароканиши СССР маълум буд: замоне мерасад, ки ҳама давлатҳои собиқ шӯравӣ боз зарурати иттиҳодро дарк карда, фароҳам ҳоҳанд омад. Ман, дар қатори миллионҳо нафар мардуми оддӣ, низ чунин орзу дорам! Вале афсӯс, ки алҳол вазъ номусоид аст. Русия ва мардуми рус, дар натиҷаи хизмати хирсонаи сиёсатмадорони белаёқати ҳар ду тараф, аз оне, ки Шумо медонед, батамом фарқ мекунанд. Яъне, муносибати онҳо нисбати мардуми оддии тоҷик на ончунон аст, ки дар собиқ буд. Инро ҳамчун фарде мегӯям, ки солҳои зиёде дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Яъне, маколаи «Не поднимайте «Железный занавес» , ба пиндори ман, наметавонад навиштаи Шумо бошад.
Бале, ман бовар бар он дорам, ки ин навиштаҳо аз Шумо нестанд. Балки ба касе тааллуқ доранд, ки душмани Шумо ва душмани тамоми тоҷикон аст. Душманон боисрор меҳоҳанд, ки Шуморо бадном гардонанд. Суханони Шумо, обрӯи Шумо, номи неки Шумо, устоди азиз, назди мардуми тоҷик қадру қимати зиёд доранд. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки бо интишори раддияе қасди душманонро фош намоед ва номи неки худро ҳимоя кунед. Нагузоред,ки номи Шумо бар зарари миллат истифода гардад.
Бо дуруду арзи эҳтироми фаровон - Умар Юнусов, як нафар тоҷик.