Кришнаитҳо. Аз "ҳаре рама" то манъи хӯрдани гӯшт

Қаҳвахонаи "Санкиртана" дар Душанбе, ки кришнаитҳо дар он ҷо таблиғоти худро ба роҳ монда буданд...

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, дар қатори 74 созмони динии ғайриисломӣ дар ин кишвар, ки ҳаққи фаъолиятро ба даст овардаанд, пайравони кришнаизм низ ҳастанд.
Абдураҳим Холиқов, раҳбари ин кумитаи давлатӣ, ки иттиҳодияҳои диниро назорат мекунад, гуфт, дар баробари пайравони масеҳият, яҳудия ва адёни дигари ғайриисломӣ кришнаитҳо низ дар Тоҷикистон озодона фаъолият доранд.

Ӯ афзуд, “дар Тоҷикистон пайравони калисои православӣ, яҳудия ва ҳамчунин кришнаитҳо фаъоланд. Тамоми созмонҳое, ки бо қонунҳои ҷории кишвари мо мухолифат надоранд, ба таври озод кор мекунанд.” Аммо гуфта мешавад, теъдоди пайравони кришнаизм дар муқоиса ба динҳои дигари ғайриисломӣ дар Тоҷикистон камтар буда, қисми асосии онҳоро донишҷӯёни ҳиндӣ ташкил медиҳанд.

Дилором Қурбонова, масъули созмони кришнаитҳо дар Тоҷикистон низ ин нуктаро тасдиқ кард. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Тоҷикистон бист пайрави доимӣ ё ҳамешагии онҳо зиндагӣ мекунанд. Агарчӣ шумори "дӯстон" ва ё афроде, ки ба назди онҳо меоянд, аз ин ҳам бештар будааст.

КРИШНАИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Абдураҳим Холиқов

Кришнаизм дар Тоҷикистон дин ва ё таълимоти шинохтаи мазҳабӣ нест. Вале ҳузури пайравони ин дин ё таълимот дар чанд соли пеш бархе аз сокинони кишварро нороҳат карда буд. Ҳатто дар солҳои 2004 ва 2005 пайравони кришнаизм дар паҳлӯи кӯпруки роҳи оҳан дар минтақаи “Автовокзал”-и шаҳри Душанбе бо ҳарфҳои бузург “Ҳаре Кришна” навишта буданд. Ин навишта ҳоло дигар нест.

Кришнаитҳо дар охирин нафасҳои Шӯравии собиқ, ки Тоҷикистон ҳам як узви он буд, ба Душанбе роҳ ёфтанд. Аммо кришнаитҳо то ин ки ба Душанбе оянд, дар Русия ҳузури густарда ва ҷонибдорони бештаре доштанд.

Ҳоло дар Интернет аксҳои марбут ба нахустин гурӯҳи кришнаитҳое, ки ба Тоҷикистон омадаанд, низ маҳфуз аст. Баъзе аз ин аксҳо дар маркази шаҳри Душанбе гирифта шуда, дар миёни онҳо ҷавоне бо либоси сафед дида мешавад, ки дар даст таблак ва дар гарданаш "тасбеҳ" дорад.

Дар акси дигаре гурӯҳи ҷавонон навиштаи “Ҳар кришна, ҳаре кришна, ҳаре рама”-ро боло кардаанд. Қиёмиддини Сатторӣ, коршинос дар умури созмонҳои ғайриисломӣ, мегӯяд, баробари ба Тоҷикистон омадан, ин гурӯҳ “кафе”-еро дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт харидорӣ карда, дар он ҷо ба таблиғи худ пардохтаанд.

"САНКИРТАНА"

Ин "кафе" дар хотираи бархе аз пайравони кришнаизм, ки бори аввал ин дин ва ё таълимотро ба Тоҷикистон овардаанд, низ сабт ёфтааст. Онҳо аз ин қаҳвахона бо номи "Санкиртана" ёд кардаанд. Тасвирҳое аз ин "кафе" ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, ки дар девори он бо ҳуруфи сириллик таронаи "кришна" сабт ёфтааст. Қиёмиддини Сатторӣ мегӯяд, ҳамин тавр, то соли 2000 ҳузури кришнаитҳо дар Тоҷикистон густарда буд, аммо дар ин чанд соли ахир фаъолияти он ё бахши таблиғотии он коста шудааст.

Дилором Қурбонова, раҳбари созмони кришнаитҳо дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд вафодорон ё афроди садоқатманд ба кришна дар авохири солҳои ҳаштоди қарни гузашта ба Тоҷикистон омаданд, аммо баъдан дар соли 1993 аз қайди давлатӣ гузашта, ба фаъолияти расмӣ пардохтаанд.

Вай афзуд, “онҳо дар соли 1991 ба ташкили ҷамъият шурӯъ карданд. Аввал панҷ нафарро ҷамъоварӣ намуданд. Яке аз онҳо аз ҳисоби маблағи худ манзилеро харида дар ихтиёри кришнаитҳо дар Тоҷикистон гузошт. Кришнаитҳо дар ин манзил ҷамъ омада ва китоби муқаддас мехонданд ва ҳам таронаҳо иҷро мекарданд, ки ба Кришна бахшида шуда буд. Пас аз ин, сафи ҷонибдорон ё дӯстдорони мо бештар мешуд. Мо соли 1993 созмони худро сабтином кардем ва то кунун ин созмон ба таври расмӣ фаъол аст.”

БИДУНИ "ХРАМ"

Қиёмиддин Сатторӣ

Хонум Қурбонова мегӯяд, онҳо ҳар ҳафта як бор бо пайравони ҳамешагии Кришна дар пойтахти Тоҷикистон вохӯрда ва ниёш мекунанд. Аммо ӯ гуфт, ба далели ин ки пайравони Кришна дар Тоҷикистон "храм" ё ибодатгоҳи махсуси худро надоранд, ночор ин ҳама корро дар манзили яке аз пайравони ин созмон анҷом медиҳанд.

Раҳбари созмони кришнаитҳои Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир онҳо фишор ва ё таҳдидеро аз сӯи мақомот ва сокинон эҳсос намекунанд. Вале ба қавли ӯ, мушкили аслии кришнаитҳо ин аст, ки онҳо наметавонанд адабиёти бештари мазҳабии марбут ба кришнаизмро ба Тоҷикистон ворид намоянд.

“Мушкили аслии мо ворид кардани адабиёти мазҳабӣ ва тавзеи он дар қаламрави Тоҷикистон аст. Ба мо иҷоза намедиҳанд, ки адабиёти бештар ворид карда, паҳн кунем. Аз ин сабаб, мо бештар бо одамон сӯҳбат карда, асоси таълимоти Кришнаро ба онҳо мефаҳмонем”,-афзуд ӯ.

КРИШНА, ЙОГА ВА ГӮШТ

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Ба қавли таҳлилгарон, кришнаизм яке аз шохаҳои фаъоли дини ҳиндуизм дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, таҳлилгари масоили динӣ мегӯяд, ҳиндуизм аз таълимот ва ҷараёну динҳои мухталиф таркиб ёфтааст, ки яке аз онҳо ҳамин кришнаит аст. Ҷаноби Файзраҳмонов пайванд ё иртиботи кришна, дар маҷмӯъ ҳиндуизм бо таълимоти йогаро, ки дар Тоҷикистон ҳам ривоҷ ёфтааст, рад накард.

Муҳимтарин нуктаи иртиботи кришнаизм бо йога ба қавли коршиносон манъӣ хӯрдани гӯшт, махсусан гӯшти гов барои онҳост. Як пайрави кришнаизм, ки ҳанӯз дар оғози солҳои навадум ба Тоҷикистон омада буд, дар китоби хотираи худ низ навиштааст, ки "ҳарчанд мардуми Тоҷикистон худро мусулмон медонанд, вале бераҳмона хуни чорворо мерезанд ва аз гӯшти он ғизо таҳия карда мехӯранд."

Аммо Дилором Қурбонова мегӯяд, кришнаизм дин нест, балки як таълимот аст. Ҳамон тавре ки ӯ гуфт, “ин илми худшиносист. Тавассути ин илм мо ба мардум мефаҳмонем, ки рӯҳ чист ва он бо Худо чӣ пайванде дорад.”