Тоҷикистон садҳо гектар замини кишоварзӣ дар ноҳияҳои ҷанубии худро ба кишоварзони чинӣ ба иҷора хоҳад дод.
Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин заминҳо аслан заминҳои ба истилоҳ "партоб" мебошанд ва кишоварзони чинӣ бо истифода аз имкониятҳои молӣ ва технологияи муосире, ки дар ихтиёр доранд, бояд ин заминҳоро дубора ҳосилхез кунанд.
Ба гуфтаи мақомоти кишоварзии Тоҷикистон, бар асоси шартномаи иҷора, маҳсулоти ин воҳидҳои кишоварзӣ ҳам бояд танҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон арза шавад. Сармоягузорони чинӣ дар бахши кишоварзӣ қарор аст 2 миллион доллар сармояи худро дар ноҳияҳои ҷанубӣ, аз ҷумла Румӣ ва Ёвон барои ин мақсад сарф кунанд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон ва коршиносон ин иқдомро "хатарзо" номида, гуфтаанд, бо ин чиниҳоро дар Тоҷикистон нуфуз карда, дар ин заминҳо доимӣ боқӣ хоҳанд мондоварзӣ. Ба ин далел, додани замини кишоварзӣ дар навоҳии Тоҷикистон ба чиниҳоро ба фоли нек намегиранд.
Ба Чин дода шудани бахше аз қаламрави шарқи Тоҷикистон, ки дар соли гузашта ниҳоӣ шуд ва порлумони Тоҷикистон онро ба тасвиб расонд, боис шудааст, ки тоҷикон ба ҳар гуна муомилаи мақомоти кишварашон бо Чин, ҳоло он агар иҷораи замини кишоварзӣ бошад ҳам, ба назари шубҳа нигаранд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад