Бо наздик омадани интихоботи порлумонӣ дар Эрон фишор болои рӯзноманигорону фаъолони сиёсӣ бештар мешавад.
Мақомоти амниятии Эрон 16 январ дар Теҳрон рӯзноманигор ва блогнавис Парасту Дукоҳакиро дар хонааш боздошт ва баъзе аз дороии шахсӣ, аз ҷумла компютери ӯро мусодира карданд.
Вай ҳоло дар зиндони Эвин нигаҳдорӣ мешавад. Парасту Дукоҳакиро барои фаъолиятҳои зидди амнияти миллии Эрон муттаҳам медонанд. Иттиҳоме, ки маъмулан ба зиндониёни сиёсӣ ва зиндониёни ақидатӣ бор мекунанд.
Ду рӯзи баъд ба ҳамин баҳона Марзия Расулӣ низ боздошт шуд, ки дар бораи мавзӯъҳои фарҳангӣ матолиб нашр мекунад. Ӯ низ дар зиндони Эвин нигаҳдорӣ мешавад.
18 январ хабари дигари нигаронкунанда расид, ки рӯзноманигор Саҳомиддин Бурқонӣ низ боздошт шудааст. Ин се нафар аз ҷумлаи даҳҳо нафар фаъолону рӯзноманигорон ва рӯшанфикроне мебошанд, ки дар ҳафтаҳои ахир ба зиндон рафтаанд.
Мавҷи нави боздоштҳо дар остонаи интихоботи порлумонии 2 март аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлати Эрон мехоҳад аз баёни ҳар навъ ақидаи ғайр пешгирӣ кунад.
Режими Эрон ҳамчунин маҳдудиятҳои нави интернетӣ ҷорӣ кардааст ва бад-ин тариқ талош дорад аз баргузории тазоҳуроте аз қабили тазоҳуроти эътирозии ду соли пеш ҷилавгирӣ кунад. Он вақт тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ режимро ба ларза оварда буд.
Баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2009 интихоботи порлумонии моҳи март нахустин интихобот дар Эрон хоҳад буд.
Ин интихобот ҳам дар ҳоле баргузор мешавад, ки фишорҳои байнулмилалӣ ба Эрон шиддат ёфта ва таҳримҳои иқтисодӣ бар зидди ин кишвар барои барномаҳои баҳсбаарнгеи атомияш бештар мешавад. Мардуми Эрон аз ин хушҳол нестанд. Аз сӯи дигар, режими Теҳрон ба муборизаҳои дохилии худ идома медиҳад. Муборизаи ҷонибдорони Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонӣ ва президент Маҳмуди Аҳмадинажод барои қудрати бештар шиддат мегирад.
Режим, ки баъд аз саркӯбиҳои бераҳмонаи тазоҳуроти сулҳомези соли 2009 қонунияти худро аз даст дод, ҳоло осебпазирии худро дар баробари ҳар гуна нооромӣ эҳсос мекунад. Ба ҳамин сабаб маҷбур аст ба нерӯ ва ба саркӯбӣ умед бандад.
Алӣ Афшорӣ, таҳлилгари умури Эрон дар Вашингтон дар ин бора чунин гуфт, "дарвоқеъ, ҳокимият мехоҳад ин паёмро диҳад, ки бар хилофи интихоботи қаблӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин интихобот фазо боз намешавад ва ҳар гуна нооромӣ ва ҳар талошеро, ки хориҷ аз он маҳдудаҳои мавриди назари ҳукумату мудирияти интихобот бошад, таҳаммул намекунад.”
Яке аз таҳлилгарони дохилӣ дар Теҳрон, ки нахостааст аз вай ном бурда шавад, низ гуфта, ки ҳар қадр интихоботи порлумонӣ наздик шавад, ба ҳамон андоза боздоштҳо бештар хоҳанд шуд.