Синагогa. Се соли фаъолияти бидуни иҷоза

Беш аз се сол мешавад, ки cинагогa ё каниса - ибодатгоҳи яҳудиёни Тоҷикистон бидуни санад ва сабти ном дар Кумитаи дини ин кишвар, фаъолият дорад.
Кумитаи дини Тоҷикистон дар мавриди сабаби таъхир дар пешинҳоди ҳуҷҷатҳо барои сабти каниса изҳори бехабарӣ мекунад. Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт:

«Мо чанд бор гуфтем, ки агар хоҳед ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунед. Беҳтар аст сабабашро намояндаҳои худи cинагог шарҳ диҳанд. Ва албатта бе сабти ном онҳо ҳаққи фаъолият кардан надоранд. То имрӯз ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод накардаанд.»

Мавлон Мухторов

Дар соли 2008 вақте, ки бинои канисаи пешини яҳудиҳои Тоҷикистон дар қаламрави сохтмонҳои маъмурӣ аз ҷумла Қасри "Миллат» шомил шуд, бинои он тахриб ва аз байн бардошта шуд. Дар он вақт масъалаи тахриби бинои каниса ва ба ҷои дигар интиқол додани он ба як ҷанҷоли байналмилалӣ табдил шуда буд.

Он замон Ҳасани Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон, баъд аз таъмиру бозсозӣ як манзилеро дар наздикиҳои масҷиди Сариосиёи пойтахт дар ихтиёри ҷомеъаи яҳудиён қарор дод.

Дар моҳи марти соли 2009, дар маросими ифтитоҳи каниса масъулини давлати Тоҷикистон, бархе аз сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони аҳли рӯҳонияти кишвар, афроди шинохта ва меҳмонони ҷамоаи яҳудиён аз кишварҳои Амрикову Исроил ҳузур доштанд.

Он вақт Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиён дар шаҳри Душанбе, бо изҳори сипос ва шукргузории беандоза аз Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва бародарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тақдими бинои мӯҳташам гуфт, ҳамакнун ин кӯшк ба сифати маркази

Михаил Абдураҳмонов

фарҳангӣ ва канисаи яҳудиён дар хидмат қарор хоҳад гирифт. Хохоми канисаи яҳудиён афзуд, ки инак мушкилоти миёни ҷамоаи яҳудиён бо ҳукумат дар пайи тахриби канисаи қаблии онҳо ҳал шуда ва гузашта аз ин барои анҷоми фароизи мазҳабии онҳо шароити хубтару беҳтаре дар пойтахти Тоҷикистон фароҳам шудааст.

Вале ҳоло хохоми канисаи яҳудиҳо Михаил Абдураҳмонов сабаби пешниҳод накардани асноди лозима ба Кумитаи динро шарҳ дода гуфт, ки то кунун биное, ки дар он ҷамъияти яҳудиҳои ибодати худро ба ҷой меоранд, расман ҳамчун синагог ба қайд гирифта нашудааст. Вале вай афзуд, ки ин сабаби асосӣ буда наметавонад. Ба қавли вай иллати аслӣ, ба намози ҷомеъ ҳозир нашудани теъдоди лозимаи яҳудиён мебошад:

“Ба намози ҷамъиятӣ ё ҷомеаъ бояд беш аз 10 нафар ҳузур дошта бошад, лекин ба каниса ин теъдод ё намеояд ё камтар меоянд. Шояд дар оянда сафи ибодаткунандаҳо дар намози ҷомеъ бештар шавад. Аз ин рӯ мо феълан ҳуҷҷатҳоро ба Кумитаи дин пешниҳод намекунем.”

Канисаи пешини ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон дар маҳалли ҳозираи Қасри "Миллат" ҷой гирифта ва аслан манзили яке аз равинҳои яҳудӣ буд, ки ҳамчун синагог истифода мешуд.

Ба қавли Ҷамъияти яҳудиёниТоҷикистон, яҳудиёни Тоҷикистон бухориасл буданд ва пас аз фурӯпошии шӯравӣ ба Амрико ва Исроил ҳиҷрат карданд. Ҳоло дар Амрико ҷамъияти Яҳудиёни бухоро фаъол аст. Нахустин яҳудиҳои Бухорӣ ҳанӯз дар авоили қарни бист ба Иёлоти Муттаҳида кӯч баста буданд, вале муҳоҷирати бузурги онҳо ба Амрико солҳои шастуму ҳафтодуми асри бист шурӯъ шуда буд.

Дар нимаи солҳои ҳаштодум бо бозшавии марзҳои собиқ

Яҳудиёни бухороӣ зимни хондани "Китоби муқаддас"

Иттиҳоди Шӯравӣ, мавҷи бузурги яҳудиёни бухороӣ вориди шарҳи Ню--Йорк гардид. Теъдоди умумии яҳудиёни бухорӣ, яъне яҳудиҳои тоҷикзабон дар ҷаҳон 300 ҳазор тахмин мешавад.

Рафаэл Некталов, муҳаррири нашрияҳои яҳудии Ню--Йорк мегӯяд, ки баъди Исроил дуввумин макони зисти бахши бузурги яҳудиёни бухороӣ шаҳри Ню-Йорк аст. Аксари онҳо дар солҳои навадум аз Тоҷикистону Ӯзбакистон ва дигар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ҳиҷрат кардаанд.