Як рӯзи хомӯши "Wikipedia"

Қомуси интернетии “Wikipedia” қарор аст имрӯз чаҳоршанбеи 18-уми январ сафҳаи англисии худро бибандад.
Торнамои “Wikipedia” гуфт, сомонаи англисиаш, ки ҳар рӯз миллионҳо нафар аз он истифода мебаранд, тамоми рӯзи чоршанбе кор нахоҳад кард.

Бо ин хомӯшии ихтиёрӣ, “Wikipedia” мехоҳад таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба қонуне ҷалб намояд, ки ҳамакнун барои тасвиб ба Конгресси Амрико пешниҳод шудааст. Ин қонун ба назари расонандагони хадамоти интернетӣ, таҳдиде ба онҳо буда ва илова бар он, тавоноӣ ва салоҳияти ҳукуматҳоро барои назорат бар ин шабакаи маълумотӣ бештар месозад.

Дар чанд моҳи охир талошҳои зидди дуздии маълумот сабаб шудааст, ки чандин қонун дар ин робита ба ду маҷлиси Конгресси Амрико пешниҳод шавад. Қасри Сафед мегӯяд, аз чунин як қонуне, ки озодиҳои баён ва интиқоли маълумотро маҳдуд бисозад ҳимоят намекунад.

Вале “Google” ва сомонаҳои дигар танҳо ба таваҷҷӯҳи бештар ба ин ду тарҳи қонун даъват кардаанд. Тарҳи мавсум ба “Манъи дуздии моликият дар Интернет” дар Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико ва тарҳи”Дифоъ аз моликияти зеҳнӣ” дар Сенат баррасӣ мешавад.

Тарафдорони тарҳ, аз ҷумла ширкатҳои филму мусиқӣ мегӯянд, аз нашр ва табодулаи ғайриқонунии моли онҳо миллионҳо доллар зиён мебинанд. Аммо ба бовари мухолифон, ин қонунҳо дасти мақомотро барои бастани сомонаҳо бо баҳонаи дуздии моликият боз карда, монеи озодии баён ва рушди Интернет хоҳанд шуд.