Боз замин ба Чин. Ин бор иҷора

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон садҳо гектар замини кишоварзӣ дар ноҳияҳои ҷанубии худро ба кишоварзони чинӣ ба иҷора хоҳад дод.
Масъулини вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин заминҳо аслан заминҳои ба истилоҳ партоб мебошанд ва кишоварзони чинӣ бо истифода аз имкони молӣ ва технологияи муосире, ки дар ихтиёр доранд, бояд ин заминҳоро дубора ҳосилхез кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти кишоварзии Тоҷикистон, бар асоси шартнома, маҳсулоти ин воҳидҳои кишоварзӣ ҳам бояд танҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон арза шавад. Сармоягузорони чинӣ дар бахши кишоварзӣ қарор аст ду миллион доллар сармояи худро дар ноҳияҳои ҷанубӣ, аз ҷумла Румӣ ва Ёвон барои ин мақсад масраф кунанд.

Нарзулло Додобоев, сухангӯи вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, тасмими додани замин ба кишоварзони чинӣ бо назардошти манофеи ҳамаҷонибаи Тоҷикистон гирифта шудааст: «Пеш аз ҳама онҳо заминҳои партобро барои истифода ба ӯҳдаи худ хоҳанд гирифт. Аз ду то панҷ сол лозим аст, ки онҳо маблағҳои гузоштаи худро пас бигиранд. Бо як мақсад карда истодаанд, бо назардошти бозори дохилии Тоҷикистон. Яъне ин маҳсулот дар Тоҷикистон фурӯхта мешавад.»

Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон ва коршиносон ин иқдоми чиниҳоро бештар нуфуз кардан дар Тоҷикистон, сохтани ҷойи по барои мондагор шудан арзёбӣ мекунанд, то гирифтани фоидаи кишоварзӣ. Ба ин далел, додани замини кишоварзӣ дар навоҳии Тоҷикистон ба чиниҳоро ба фоли нек намегиранд.

Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон

Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи ин таҷриба, ки заминҳое дар ҷануби Тоҷикистон барои шоликорӣ ба кореягиҳо дар замони шӯравӣ дода шуда буд, мегӯяд, ин таҷрибаи хуб аст ва метавонад истифода аз сармоя ва донишҳои кишоварзии чиниҳо натиҷаи хуб ҳам бидиҳад.

Аммо ба назари ҷаноби Воҳидов, навоҳии Румӣ ва Ёвон, ки ба чиниҳо дода шудааст, барои шоликорӣ мусоид нест. Аз ин ҳам бештар, вазири собиқи кишоварзиро самимияти чиниҳо дар ин амр нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, чиниҳо ба ин васила мехоҳанд дар ин минтақаҳо ҳам фоида ба даст биёранд ва ҳам мондагор шаванд:

«Ин кори бад нест, аммо ҳамин чиниҳо дар Сибири Русия кайҳо проблема шуданд. Ҳамаи Сибирро гирифтанд. Санадҳои қалбакӣ сохта кор мекунанд, дарахтони Сибирро бурида ба Чин мефиристанд. Ин ҷо ҳам даъват карданашон кори бад не. Вале агар дар Румӣ ё Ёвон масалан шолӣ коштанӣ бошанд, ин ду ноҳия ҷои шолӣ нест. Шолӣ ҷои махсус мехоҳад. Аммо ин барои чиниҳо аҳамият надорад, онҳо инро ба назар намегиранд, онҳо фақат маҳсулот гирифта фурухта бой шуданӣ ва ин ҷо монданӣ ҳастанд. Шарту шароит мондан дар пеши онҳо лозим аст, ки ҳамроҳӣ тоҷикҳо ва зери назорати вазорати кишоварзӣ кор кунанд.»

Мақомоти Тоҷикистон қабл аз ин ба кишоварзони чинӣ дар минтақае аз ноҳияи Фархор, ки дар гузашта низ ба шоликорӣ махсус шуда буд, ҷое замини кишоварзӣ ба иҷора доданд. Аммо бо далели наздик ба марзи Афғонистон будани он минтақа, бо тақозои мақомоти марзбонӣ, идомаи фаъолияти чиниҳо дар ин заминҳо мамнӯъ шуд.

Ноҳияи Ёвон (акс аз бойгонӣ)

Акнун мақомоти кишоварзӣ дар манотиқи дигаре, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ёвон ва Румӣ ба кишоварзони чинӣ замин барои коштани шолӣ ба иҷора додааст. Ҳоло бояд интизор шуд ва дид, ки натиҷаи кори кишоварзони чиниро сокинон чи гуна истиқбол хоҳанд кард.

Додани бахше аз хоки Тоҷикистон ба ихтиёри Чин дар шарқи Тоҷикистон, ки дар соли гузашта ниҳоӣ шуд ва порлумони Тоҷикистон онро ба тасвиб расонд, боис шудааст, ки тоҷикҳо ба ҳар гуна муомилаи мақомоти кишварашон бо Чин, ҳоло он агар иҷораи замини кишоварзӣ ҳам бошад, ба назари шубҳа менигаранд.