Фирори мағзҳо. Раванде, ки маъмулӣ мешавад

Фирори мағзҳо (акс аз бойгонӣ)

Солҳои охир дар баробари муҳоҷирати мавсимӣ, шумораи афроде, ки зиндагӣ дар хориҷ аз Тоҷикистонро ихтиёр мекунанд, меафзояд.
Пеш аз ҳама онҳое барои зиндагии доимӣ дар кишварҳои хориҷӣ мемонанд, ки илму дониш, ҳунар ва ихтисос доранду метавонанд маоши хуб ба даст оранд. Аз миёни муҳоҷирони мавсимӣ низ онҳое, ки дар кишвари мизбон ҷойгоҳ ва робитаҳои хуб пайдо мекунанд, дигар хоҳиш надоранд, дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.

Муваффақияти чунин афрод ҳазорон нафар аз ҷавонону наврасонро, ки шароити хуби кору зиндагӣ дар Тоҷикистонро надоранд ва ҳамарӯза шоҳиди носозгориҳо ва беадолатиҳои рӯзгор мешаванд, ҳавасманди зиндагӣ ва кор дар хориҷ мегардонад.

Бар илова, теъдоде аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Аврупову Амрико, дар шароити комилан дигар таҳсил мекунанд ва дар сафарҳои давраи таътил мебинанд, ки музди кори мутахассисон ба таъмини рӯзгор намерасад, тасмим мегиранд, ки ба ватан барнагарданд.

Ба ҳамин тартиб «фирори мағзҳо» аз Тоҷикистон тақрибан ба як раванди маъмулӣ табдил ёфта,бо хатарҳое, ки ба дунбол дорад, боиси нигаронии ҷомеа шудааст. Пас роҳи пешгирӣ аз ин хатарҳо чист? Бубинед, раҳгузарон дар Душанбе ба ин пурсиш чӣ посух додаанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Фирори мағзҳо"-ро чӣ гуна пешгирӣ кунем?


Агар назари Шумо дар ин навор бозтоб наёфт ё ба андешае, ки садо дод иловаҳо доред, лутфан, бинависед. Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд. Ба хотири пешгирӣ аз фирори соҳибихтисосон аз кишвар андешаи хешро дареғ надоред, зеро ин масъалаи ободии ватан ва ояндаи дури он аст.