Тағйири дин. Таҳаммули намоён, нафрати пинҳонӣ...

Нишасти намояндагони адёни мухталиф дар Тоҷикистон

Бархе аз сокинони Тоҷикистон, ки дини ғайр, аз ҷумла масеҳиятро қабул кардаанд, мегӯянд, тағйири дин дар ин кишвар чандон саҳл нест.
Мавлуда, як духтари тоҷик, соли 1995 ба масеҳият гаравид, вале то ҳанӯз ҷомеа ва ҳатто хонаводааш ин тасмими ӯро қабул накардаанд.

Вақте ки пайвандонаш аз ин амали Мавлуда огоҳ шуданд, робитаи худро бо ӯ қатъ карданд ва Мавлуда маҷбур шуд, ки зодгоҳаш Хуҷандро тарк намуда, ба Душанбе ояд.

Мавлуда дар сӯҳбат ба мо нақл кард, ки ҳатто масеҳӣ будани ӯ ҳангоми дарёфти ҷои кори муносиб дар кишвар ҳам монеа мешавад. Аммо мегӯяд, қарораш дар заминаи интихоби дини дигар огоҳонаву аз рӯи эътиқод буд ва ӯ тасмимашро ҳеҷ гоҳ иваз нахоҳад кард.

Аз сӯи дигар, сӯҳбат бо намояндагони ҷавони динҳои мухталиф дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон нишон дод, ки ҷавонон новобаста аз дину мазҳаб, бо якдигар муносибати нек доранд ва дар нисбати якдигар таҳаммулпазиранд. Вале онҳо таъкид мекунанд, маҳкум кардану "муртад" хондани нафароне, ки динии дигарро интихоб кардаанд, бештар аз тарафи рӯҳониҳо ва собиқ таҳсилкардаҳои мадрасаҳои исломӣ сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки муносибати онҳо бо намояндагони адёни ғайриисломӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ хуб арзёбӣ мешавад.

Сергей Клименко

Сергей Клименко, роҳиби калисои "Николайи муқаддас" дар Душанбе мегӯяд, қариб як қарн мешавад, ки масеҳиён дар паҳлуи тоҷикон зиндагӣ доранд ва дар ин муддат миёни масеҳиён ва мусулмонҳо дар ин кишвар ихтилофе рӯ назадааст.

Ин роҳиби калисои православи рус дар Душанбе гуфт, "нисбат ба замони Шӯравӣ, ки ба фаъолияти калисо ҳар навъ монеа эҷод мешуд, мо хеле озод ҳастем. Баъд аз солҳои навадум мо бо мақомоти давлати Тоҷикистон мушкиле надорем. Бо мардуми таҳҷоӣ, ки аксарият пайравони дини Ислом ҳастанд, таҷрибаи бисёр ғании ҳамзистӣ дорем."

Аммо ҷаноби Клименко афзуд, ӯ метавонад, танҳо дар бораи шохаи православи масеҳият ҳарф занад, ки бо мусулмонони Тоҷикистон муносибати хуб дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло шохаҳои бисёри масеҳият дар Тоҷикистон ибодатгоҳҳои худро доранд, ки ӯ дар бораи муносибати онҳо бо мардуми таҳҷоӣ ва ё баръакс чизе гуфта наметавонад.

Мазҳариддин Ғозиев

Мазҳариддин Ғозиев, коршиноси масоили динӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, таърихан тоҷикон бо мардумони адёни дигар муносибати хуб доштанд ва нисбат ба онҳо аз таҳаммул кор мегирифтанд: "Мо бояд бо намояндагони ҳамаи динҳо муносибати ҳасана ё хуб дошта бошем ва дар ҳамаи масъалаҳо якдигарфаҳмӣ кунем. Сабаби афзоиш ёфтани сафи тарғибгарони динҳои дигар, ки бо ҳар роҳ мехоҳанд, ҳаводорони хешро зиёд кунанд, сиёсӣ аст. Вагарна ҳеҷ дине ба муқобили дини дигар нест."

Гаравидан ба динҳои дигар дар Тоҷикистон ба дунболи ҷанги шаҳрвандӣ ва авҷи фақру нодорӣ шурӯъ шуд. Аҳли тақво, ки аз ин тамоюл шадидан нигарон буданд, иллати рӯй тофтани мардумро аз Ислом ба вазъи иқтисодӣ пайванд медоданд. Баъдан, бо таҳкими субот ва минбарҳо роҳ ёфтани рӯҳониёни исломӣ суръати гаравидани мусалмонҳо ба адёни дигар кундтар шуд.

Бо ин ҳол, феълан дар Тоҷикистон 74 созмони динии ғайриисломӣ аз қайди давлатӣ дар Кумитаи дини Тоҷикистон гузашта, фаъолият доранд. Ба ин гурӯҳи созмонҳои динии православҳои рус, адвентистҳои рӯзи ҳафтум, баптистҳо, баҳоиҳо ва дигарон шомиланд. Вале дар пайи сабтиноми такрории созмонҳои динӣ бархе аз созмонҳои ғайриисломӣ аз қайди давлатӣ нагузашта ва ба фаъолияти худ дар кишвар хотима додаанд.

Ҳарчанд Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, бо созмонҳои динии ғайриисломӣ мушкиле надорад, он чанд сол пеш фаъолияти "Шоҳидони Яҳво", як созмони масеҳиро манъ кард. Гуфта шуд, даъвати ин ҷамоа ба саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ амали зиддиқонунӣ буда ва дар фаъолияти он камбудиҳои дигар низ кашф шудааст.

Ҳамасола 16-уми январ дар Амрико ва ҷаҳон ҳамчун рӯзи озоди интихоби дин ҷашн гирифта мешавад. Санад дар бораи озодии интихоби дин дар соли 1978 дар Иёлоти Муттаҳида тасвиб шуда, сар аз соли 2003 ин рӯз чун иди давлатии амрикоиён таҷлил мешавад. Бо қабули ин санад таъқибу фишор ва нақзи ҳуқуқ нисбати пайравони дину мазҳабҳои мухталиф камтар ва ҳам ин амал қонунан манъ гардид. Дар се даҳаи охир эҳтироми ҳаққи инсон ба дини дилхоҳаш ба фарҳанги ботинии ҷомеаи амрикоӣ табдил ёфт.