Барои таъмини шаффофият дар интихоботи ояндаи президентӣ дар Русия Лигаи интихобкунандагон таъсис ёфт.
Пешниҳоди таъсиси ин иттиҳодро нависанда Григорий Чхартишвили ва журналист Леонид Парфенов ба миён гузошта, нависандагон Дмитрий Биков, Людмила Улитская, пизишк Елизавета Глинка, корманди телевизион Татаяна Лазарева, журналист Сергей Пархоменко, блогнависон Рустам Адагамов ва Иля Варламов аз таъсисдиҳандагони он шуданд.
Гуфта мешавад, ин як иттиҳоди тазоҳуркунандагони зидди тақаллуб дар интихоботи порлумонист. Пештар онҳо “Кумитаи 24-уми декабр”-ро ташкил дода буданд.
Дар ин байн омодагиҳо ба интихоботи президентии моҳи март дар Русия авҷ мегиранд. Соҳибкор Михаил Прохоров ва сиёсатмадор Григорий Явлинский гуфтаанд, ки ӯ барои ширкат дар интихобот имзои 2 миллион шаҳрванди Русияро ҷамъоварӣ кардаанд. Аммо “номзади асосӣ” ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия, сарвазири ин кишвар Владимир Путин бо роҳандозии як торнамо маъракаи таблиғотии худро шурӯъ кардааст.
Вай мавҷудияти мухолифонро дар ҷомеа нодида нагирифт ва гуфт, барои ёфтани роҳи дуруст кишвараш ба як “муколамаи фарогир” рӯи масоили рушд ва дурнамо ниёз дорад. Путин мегӯяд, танҳо баҳси фарогир ва тавофуқи назарҳо бар сари аҳдофи миллӣ метавонад Русияро пеш барад. Путин, ки мехоҳад дар интихоботи 4 март ба даври севуми раёсат даст биёбад, гуфт, Русия ба тағйир ниёз дорад, вале ин ислоҳот бояд натиҷаи “рушди мантиқӣ” бошад, то инқилоб.
Путин дар матлабе ки имрӯз дар торнамои интихоботиаш нашр шуд, мухолифинашро ба надоштани идея дар пешорӯи интихоботи рӯзи 4 март айбдор кард. Путин, ки мехоҳад дар ин раъйгирӣ ба даври севуми раёсат даст биёбад, гуфт, «онҳое ки ягон умеди пирӯзӣ надоранд, бе пушт-пушт ваъдаҳое медиҳанд, ки иҷро нахоҳанд шуд.» Мухолифин, ки дар моҳи декабр ду раҳпаймоии эътирозии барои 20 соли охир бесобиқаро доир кард, рӯзи 4 феврал, дуруст як моҳ қабл аз интихоботи президентӣ, ба як раҳпаймоии нав даъват мекунанд. Як шиори асосии ин эътироз чунин аст: «То кай ба ваъдаҳои Путин бовар хоҳед кард?»
Русия дар моҳи декабр шоҳиди раҳпаймоиҳои эътирозии бесобиқае алайҳи тақаллуби натоиҷи интихоботи парлумонӣ ба фоидаи ҳизби Путин шуд ва мухолифин раҳпаймоии навбатиро рӯзи 4 феврал, дуруст як моҳ қабл аз интихоботи президентӣ, даъват кардаанд. Ожонси Fitch имрӯз эътибори вомҳои Русияро аз дараҷаи мусбат то ҳадди собит пойин овард ва гуфт, ҳаводиси охир “маҳдудиятҳо ва хатарҳои марбут ба сохти сиёсии Русияро бармало кардааст.”