Қаҳрамонҳои олимпӣ соҳиби манзил мешаванд

Дилшод Назаров, гурзандози шинохтаи тоҷик ва соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012

Шаҳрдории Душанбе ба варзишгарони пойтахт, ки қаҳрамонҳои Бозиҳои олимпӣ мешаванд, манзилҳои дуҳуҷраӣ хоҳад дод.
Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандкунии варзишгарони беҳтарини пойтахти кишвар” бо ҳадафи баланд намудани ангезаи талоши варзишгарон ва ноил шудан ба дастовардҳои баландтар ба тасвиб расидааст.

Ҷаноби Қурбонов афзуд, бар асоси қарори мазкур ба барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба ғайр аз манзилҳои дуҳуҷраӣ, инчунин, унвони “Шаҳрванди ифтихории Душанбе” дода мешавад.

Ба варзишгарони пойтахти кишвар, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои дувумро мегиранд, мукофотпулӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, 35 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Варзишгароне, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи олимпӣ ҷойҳои аввалро касб мекунанд, 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ваъдаи манзил барои қаҳрамонҳои олимпӣ



Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе

Инчунин бар асоси ин қарор барандагони озмунҳои “Беҳтарин мураббии сол” ба маблағи 3000 сомонӣ, “Беҳтарин мактаби варзишии сол” ба малағи 3500 сомонӣ, “Беҳтарин толори варзишии сол” ба маблағи 2500 сомонӣ, “Беҳтарин соҳибкор-ҳаводори варзиши сол” ба маблағи 2000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Ҳамчунин варзишгарони муваффақу умедбахш, ки дар мусобиқоти олимпӣ, ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд, мувофиқи риштаи варзишӣ (олимпӣ ва ғайриолимпӣ) стипендияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо ба маблағи аз 450 то 1000 сомонӣ мегиранд.

Дилшод Қурбонов иброз дошт, ки то имрӯз чаҳор варзишгари тоҷик ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, ки ҳамагӣ аз Душанбеанд: гурзандоз Дилшод Назаров, муштзан Анвар Юнусов, таэквондочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов.