Сокинони Гармчашма мегӯянд, зимистон танҳо мавсимест, ки ба онҳо навбати оббозӣ дар ин чашмаи шифоӣ мерасад.
Дар фасли сармо дар меҳмонсароҳои фароғатгоҳи Гармчашма сукути мутлақ ҳукмфармо гардидааст.
Вале дар ҳавзи кушоди чашма шабу рӯз садову ғалоғулаи сокинони маҳал ба гӯш мерасад ва онҳо мегӯянд, барояшон мавсими беҳтарини фароғат ва обгирӣ дар чашма фаро расидааст. Зеро аз моҳи апрел то ноябр фароғатгоҳ аз меҳмонон пур буда, онҳо на ҳама вақт дар соатҳои дилхоҳ метавонанд, аз оби чашма баҳра бардоранд.
Мирбозхон Одинаев, як сокини маҳал баён дошт, ки ҳамаи сокинон дар чаҳор фасли сол дар чашмаи гарм оббозӣ мекунанд, вале авҷи оббозӣ ба давраи зимистон рост меояд. Ӯ гуфт, "дар зимистон дар ҳавзи кушоди чашма ҳамаи сокинони деҳа аз хурд то бузург оббозӣ мекунанд ва касал намешаванд, зеро одат карданд. Занон ҳам гурӯҳ-гурӯҳ омада оббозӣ мекунанд."
Ба гуфтаи Маҳмадбек Ҳусайнбеков, як сокини ноҳияи Шуғнон, дар сардии моҳи январ оббозӣ дар чашмаи гарм барояш фароғат буд. Аммо чун берун омада либосҳояшро пӯшид, таъсири шамолро эҳсос кард ва маҷбур шуд, ки дар дохили мошин нишинад.
Вай гуфт, "дар оби чашма даромадам, устухонҳоям гарм шуданд, роҳат кардам, вале баромадам таъсири шамолро тез ҳис кардам. Ман ҳайронам, ки мардуми деҳа аз чашма баромада, либосҳоро мепӯшанд ва оҳиста-оҳиста ба сӯйи хонаҳояшон мераванд. На парвои шамол доранду на сардӣ."
Сокини деҳа Таваллобек Мамадҷонов мегӯяд, мардуми маҳал ба мӯъҷиза будани ин калонтарин чашмаи шифоӣ дар Бадахшон бовар доранд ва барои рафъи хастагӣ ва дармонбахшӣ аз он ба таври фаровон истифода мебаранд. Ӯ афзуд, "69 сол ман дар ин деҳа зиндагӣ мекунам ва тавре мушоҳида кардем, сатҳи оби чашма ва ҳарорати он дар тамоми фаслҳои сол як хел аст, на кам мешаваду на зиёд ва ҳамин хел ҷорист."
Сафи фароғаткунандагон дар Гармчашма афзоиш меёбад ва тибқи иттилои мақомот аз баҳор то охири тирамоҳи соли гузашта бештар аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар аз оби шифоии он баҳра бардоштаанд. Вале зимистон ин мӯъҷизаи табиат куллан дар ихтиёри сокинони маҳал, ки онҳоро бо ҳазл "моржҳои Бадахшон" ҳам меноманд, қарор мегирад.