Нахуствазири Бритониё гуфт, кишварҳои ҷаҳон иҷозаи бастани гулӯгоҳи Ҳурмузро ба Эрон нахоҳанд дод.
Девид Камерун, ки рӯзи ҷумъа аз Арабистони Саудӣ дидор кард, дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфтааст, кишварщои ыащон корен хощанд кард, то ин танга э гулцгоз боз бимонад.
"Манфиатҳои ҳамаи ҷаҳон дар ин аст, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз боз бимонад. Ман мутмаинам, ки агар ҳар гуна таҳдиде барои бастани он сурат бигирад, ҷаҳон даст ба даст хоҳад дод ва коре хоҳад кард, ки ин танга боз бимонад",-гуфт ӯ.
Девид Камерун дар сафари якрӯзааш бо Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистони Саудӣ ва дигар аъзои баландпояи Оли Сауд дидор кардааст.
Нахуствазири Бритониё ҳамчунин гуфтааст, дар дидораш бо подшоҳи Арабистони Саудӣ, ки ду соат тӯл кашидааст, дар бораи Эрон ва ҳамчунин Яман, Сурия ва Сумолӣ гуфтугӯ доштааст.
Дидори Девид Камерун, нахуствазири Бритониё аз Арабистони Саудӣ ҳамзамон бо афзоиши танишҳо миёни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ аст. Дар ҳоле, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳалқаи таҳримҳои Эронро тангтар мекунанд ва дар айни ҳол Вошингтон ва Исроил ҳам аз ҳама гузинаҳо дар баробари Эрон сухан мегӯянд, шуморе аз мақомҳои низомии Эрон таҳдид ба бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз карданд.
Пас аз таҳдидҳои Муҳаммадризо Раҳимӣ, муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон, Амрико ва муттаҳидонаш ба ин кишвар ҳушдор доданд, ки чунин иқдом бепосух нахоҳад монд ва вазири дифои Бритониё аз ҷумлаи ин ҳушдордиҳандагон буд.
Бар пояи гузоришҳои мунташиршуда, Бритониё ҳамзамон бо ин таҳдидҳо, яке аз пешрафтатарин киштиҳои ҳавопаймобари худро равонаи обҳои минтақа кардааст.