Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон аз бархӯрди матбуоти тоҷик ба равобити дуҷониба шикоят кард.
Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, Шоҳислом Шоҳқосимов гуфтааст, бо нашри маводи нодақиқ ва лаҳни “ғайридӯстона”, матбуоти Тоҷикистон муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсояро бозтоби нодуруст медиҳад.
Ҳамчун намуна консули Узбакистон дар Тоҷикистон, Зафарҷон Раҳматҷонов, ба инъикоси сафари ҳайати давлатии Тоҷикистон таҳти сарварии ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардонов ба Тошканд ишора кард ва гуфт, намояндагии Узбакистон аз матолибе, ки дар ин робита нашр шудаанд, розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, хабарнигорон дар ҳоле дар бораи нишастҳои Тошканд менависанд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо шахсан дар ин мулоқот иштирок накардааст.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки чандин масъалаи солҳои охир робитаҳои байни ду кишварро ноҳамвор кардаанд ва ба ин сабаб ин равобити ба яке аз мавзӯъҳои асосии матбуоти Тоҷикистон табдил ёфтааст. Расонаҳои ахбори ом пайваста аз муқовимати шадиди Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, баста шудани роҳи оҳану дармондани садҳо вагон маҳсулоти барои Тоҷикистон зарурӣ дар қаламрави Узбакистон ва муноқишаҳои марзӣ гузориш медиҳанд. Аз сӯи дигар то ҳол мақомоти баландпояи ду кишвар иқдоме накардаанд, ки мушкилоти миёни худро дар мулоқоти бозе бо ширкати расонаҳои ахбори ом баррасӣ кунанд. Ба ин сабаб ҷунбишҳои худҷӯше рӯ задаанд, ки мехоҳанд, дар ҳалли мушкили байни ду кишвар саҳм бигиранд.
Вале на ҳама бар инанд, ки матбуоти Тоҷикистон танҳо ба бозтоби беғаразонаи вазъи ин равобит машғул аст. Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор мавзеъгирии баъзе аз нашрияҳои Тоҷикистонро дар ин робита бархӯрди ҳирфаӣ намешуморад ва мегӯяд, сарфи назар аз мавқеи нашрия рӯзноманигорон дар инъикоси мавзӯъ бояд бетараф бошанд: «Мо набояд ба оташ равған резем. Ин ки рӯзноманигор минбар дораду ҳар чӣ мехоҳад, дар бораи Узбакистон ё Русия ё ҳар кишвари дигар бинависад, нодуруст аст. Ин нуктаро борҳо дар анҷуману нишастҳои журналистҳо таъкид кардаем, ки ҳангоми навиштан аз чаҳорчӯби одоби журналистӣ берун набароянд.»
Дар нишасти хабарии коршиносони Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, бахши аъзами пурсишу посухи хабарнигорону таҳлилгарон ба равобити Тошканду Душанбе рабт гирифт. Мубоҳисаи намояндагони Тоҷикистону Узбакистон дар ин нишаст чизе ба ҷуз аз бузургтар шудани гиреҳҳои муносибати ду кишварро рӯшан накард.
Корманди ин марказ, профессор Абдунабӣ Сатторзода ин далелро, ки ҳеҷ як кишвари ҳамсоя бо Узбакистон муносибати хуб надорад, ба сиёсати Тошканд дар баробари ҳамсояҳо марбут кард: «Гӯед ба ман, ки муносибати Узбакистон ба кадоме аз кишварҳои минтақа хуб аст? Бо Туркманистон хуб аст? Бо Қазоқистон ё бо Қирғизистон хуб аст? Бо ҳамаи ин кишварҳо Тошканд масъала дорад. Албатта, Узбакистон кишвари боаҳамияти минтақа аст ва мо инро эътироф мекунем, вале худхоҳиҳо бисёр аст. Ин кишвар мехоҳад, ки ҳукмаш дар минтақа раво бошад.»
Зафарҷон Раҳматҷонов, консули Узбакистон, бо ишора ба он ки шарҳу назари таҳлилгарони Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мавқеи расмии Душанбе қабул мекунад, гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳамсоякишвари Узбакистон мавқеъи якранг надоранд: «Ин гуна изҳори назар ва баррасии чунин чеҳраҳои расмии Тоҷикистон бо барномаи муросои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди муносибати ҳасана бо кишвари бародар ва ҳамсояи Узбакистон мувофиқат намекунад.”
Баъзе дипломатҳои Узбакистон ва сиёсатмадорони Тоҷикистон мегӯянд мушкилоти харидории газ, интиқоли нерӯи барқ, ҳаракат дар роҳи оҳан ва роҳҳои мошингарди марзӣ, ки бояд аз тарафи раҳбарони ҳамин идораҳо ҳаллу баррасӣ шаванд, на дар доираҳои баланди сиёсӣ. Дар ҳамин авохир ба дунболи қатъи навбатии интиқоли гази Узбакистон ҳайате бо сарварии муовини аввали нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардонов ба Тошканд сафар кард ва ҷараёни газ ба Тоҷикистонро дубора барқарор кард. Матбуоти Тоҷикистон ин муваффақияти кӯчакро ба шахсияти Алимардонов вобаста кард ва гуфт, агар ба ҷойи ӯ каси дигар мерафт, масъала ин гуна зуд ҳал намешуд.
Назари журналистон ба қазия ин аст, ки ҳукуматҳои ду кишвар набояд ба матолиби матбуот, балки ба мушкилоти ҳалталаби байни ду давлат тамаркуз кунанд, зеро агар робитаҳои ду кишвар хубу ҳамвор бошанд, ягон нашрия нахоҳад навишт, ки ин гуна нест ва мушкили зиёд дар миён аст. Онҳо меафзоянд, айбро набояд дар оина ҷуст, балки дар он чи ки оина нишон медиҳад.