Бештари сокинони Тоҷикистон аз маҳсулоти пастсифати чинӣ, ки бозорҳои кишварро пур кардааст, шиква мекунанд.
Агар дар чанд соли пеш барои аксар сокинони Тоҷикистон маҳсулоти арзону дастрас муҳим буд, ҳоло онҳо бештар дар бораи сифати он меандешанд.
Онҳо қабл аз харидорири моле ҳатман макони истеҳсоли онро мепурсанд ва ҳатман бо шунидани "маҳсулоти чинӣ" худро ба канор мегиранд. Зеро онҳо таҷриба кардаанд, ки аксар маҳсулоти чинӣ "умри дароз" намебинад.
Бо ин вуҷуд, аз қаламу коғаз сар карда, то маводи ғизоӣ ва техника дар бозорҳои Тоҷикистон аксаран маҳсулоти чинӣ ҳастанд, ки дар муқоиса ба маҳсулоти кишварҳои дигар арзонтар ба фурӯш мераванд.
Тоҷирони тоҷикистонӣ бо дар назар гирифтани ҷайби мардуми камбизоати кишвар асосан молеро вориди бозор мекунанд, ки қиммати хеле поин дошта дастраси мардум бошад. Агарчӣ сифати хеле паст дорад.
Ин молҳои ба гуфтаи мардум пастсифат гоҳо ба ҷони онҳо хатар ҳам эҷод мекунад. Махсусан, матои сунъӣ ё синтетикӣ, ки боис ба хуруҷи бисёр маризиҳои пӯст ва таҷҳизоти барқии бесифати чинӣ боис ба оташсӯзии манзилҳо гаштааст.
Аммо ба назар мерасад, ки ин ҳама аз чашми мақомоти масъули воридоти молу колои хориҷӣ, яъне тоҷирон, гумрук ва ниҳоят мақомоти "Тоҷикстандарт" пинҳон мондааст. Зеро, барои мисол, воридоти маводи таркандаи пиротехникӣ ба Тоҷикистон мамнӯъст, аммо шаби соли нави милодӣ дар Душанбе "хлопушка"-ҳои бисёре таркиданд.
Дар ин навори видеоии "Озодӣ" бубинед, ки раҳгузарони хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон аз сифати моли бозорҳо то куҷо розӣ ҳастанд ва то куҷо норозӣ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад