Сокинон: Боми мо аз они кист? Таҳхонаи мо чӣ?

Давраи гузариш аз хадамоти коммуналии сохти Шӯравӣ ба муқаррароти нав ҳарҷу марҷ ба миён овардааст.
Дар бисёре аз биноҳои баландошёна сокинон пул мепартоянд, то бому таҳхонаро тармим кунанд ва партовҳо аз назди бино бурда шаванд. Нигаҳдорӣ ва таъмири чунин биноҳо ба гаравгони печидагиҳои ислоҳоти хоҷагии манзил ва хадамоти коммуналӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Соли 2009 қонуни нав масъулияти нигаҳдорӣ, таъмиру тармими биноҳо ва кашондани партовҳоро бар дӯши соҳибони манзилҳо гузошт. Бино бар он бояд аввал ширкатҳои воҳиди давлатӣ таъсис ёфта, зимни қарордод бо сокинон ин хадамотро ба ҷо оранд. Сипас, онҳо бояд тадриҷан хусусӣ гардонида шаванд. Аммо нақши ниҳодҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва сокинон дар ин гузариш рӯшан нест ва дар шаш соли гузашта вазъ печидатар шудааст.

Мардум ҳоло ҳам бо ҳавои шӯравии собиқ хоҷагиҳои коммуналиро дар таъмиру таъмини хонаву кӯчабоғҳои худ масъул медонанд. Вале ин хоҷагиҳо, ки яке паси дигар аз байн мераванд, барои чунин фаъолият на пул доранд, на таҷиҳзот ва на нерӯ.

Бино бар омори расмӣ, дар шаҳри Душанбе 35 900 “квартира” мавҷуд аст, ки дар 10 миллион метри мураббаъ ҷойгир шудаанд. Солҳои 1990-ум “квартира”-ҳо хусусӣ шуданд, вале бому болохонаву таҳхонаҳои биноҳо моли давлат боқӣ монд. Аксари соҳибмулкон аз пардохти хизмати хоҷагии коммуналӣ даст кашиданд, ки зарурати ислоҳоти риштаро ба миён овард.

Пас ҳоло авзоъ ба чӣ ранг аст, аз забони сокинони ин биноҳои шаҳри Душанбе бишнавед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Боми моро кӣ дуруст мекунад?"


Агар Шумо ҳар дар бинои баландошёнае дар Душанбе ё Хуҷанду Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ё Хоруғу Норак ва шаҳрҳои дигар истиқомат мекунед, лутфан, бинависед, ки масъалаи нигаҳдорӣ ва тармими бинои Шумо дар ихтиёри кист ва чӣ гуна амалӣ мешавад? Аз хадамоти ширкатҳое, ки масъули ин хадамотанд, розиед ё не ва барои беҳбуди кори онҳо чӣ пешниҳод доред. Интизори назарҳои хонандагони арҷмандем.