Айб дар "Газпромнефт" ё "Кӯлобнафтрасон"?

Идораи "Тоҷикстандарт" дар минтақаи Кӯлоб ба додгоҳ кашидани намояндагии ширкати "Газпромнефт"-ро иштибоҳ донист.
Ҳикматулло Сафаров, сардори ин Оҷонсӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар сӯҳбатҳои қаблӣ иштибоҳан намояндагони онҳо ба ҷои "Кӯлобнафтрасон" исми "Газпромнефт"-ро зикр кардаанд.

Ӯ гуфт, "дар ҳуҷҷатҳо мо "Кӯлобнафтрасон"-ро ҷарима кардаем ва саҳван, пештар ширкати "Газпромнефт" зикр шудааст. Дар ҳақиқат мо аз болои ширкати маҳаллӣ ба додгоҳ шикоят бурдаем, на аз болои ин ширкати байнулмилалӣ. Ҳоло "Кӯлобнафтрасон" ба миқдори 7 ҳазор сомонӣ ҷаримаро супурдааст."

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ширкати "Газпромнефт", ки нахост номашро зикр кунем, дар тамоси телефонӣ гуфт: "Ин ширкати ҷаримашуда танҳо аз мо бензин мегирад. Дигар он бензинро чӣ гуна истифода мекунанд, ба салоҳияти мо дохил намешавад ва ҳар камбудие, ки мешавад, худи онҳо ҷавобгаранд."

Ин дар ҳолест, ки дар тобистони соли гузашта дар як нишасти матбуотӣ сардори пешини идораи "Тоҷикстандарт" дар минтақаи Кӯлоб гуфта буд, ки онҳо ширкати "Газпромнефт"-ро барои тағйири навъи бензини 80 ба 92 дар тақаллуб гумонбар медонанд.