Ожонсии зидди фасод "аз мода баромад"?

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, ки фаъолияти Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза ба коррупсияро бознигарӣ кунад ва тадриҷан онро аз байн бубарад.
Як манбаи мӯътамад дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор буд, фаъолияти Ожонсӣ аз соли нав, қатъ шавад, аммо ин ташаббус то омода шудани тарҳи ивазшавии сохтори ҳукумат мавқуф гузошта шуд. Ин манбаъ гуфт, ки дар сурати навсозии сохтори ҳукумат, салоҳиятҳои Ожонсӣ ба ниҳодҳои қудратӣ мегузарад ё бо назардошти тавсияи созмонҳои байналмилалӣ, ба шакли аудит ба корхонаҳои давлатӣ дода мешавад.

Рӯзи сешанбе кормандони ин ниҳод панҷсолагии фаъолияти ожонсиро таҷлил карданд ва ин далел, ки дастгоҳи раиси ҷумҳур ба ожонсӣ номаи табрикӣ нафиристод, аз тарафи баъзе кормандонаш ҳамчун аломати коҳиши таваҷҷӯҳи раисиҷумҳур ба ин ниҳод маънидод шуд.

Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод панҷ соли пеш дар авҷи рӯзафзуни фасодкорӣ дар идораҳои давлатӣ рӯи кор омад. Аммо рақобати шадиди ожонсии тозатаъсис бо нерӯмандтарин ниҳоди давлат- Додситони кулли Тоҷикистон буд, ки аввалиро дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор дод. Дар пайи рақобати чандсолаи ду ниҳод, собиқ Додситони кулл Бобоҷонов сабукдӯш ва писари ӯ, додситони ноҳияи Ҳисор зиндонӣ шуд. Дар ин миён гурӯҳе аз кормандони зинаҳои мухталифи додситонӣ бо гумони даст доштан дар ришваситонӣ ва ҳирфаӣ набудан, аз кор ронда шуданд.

"ҶОМА» БА ТАНИ САЛИМЗОДА ДӮХТА ШУДА БУД"

Сару садо дар мавриди баста шудани Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод аз чанд соли пеш вуҷуд дошт. Аз соле, ки раҳбари собиқи он Шерхон Салимов Додситони кулл таъин шуд. Бисёриҳо ҳадс мезаданад, ки раисҷумҳур ин “ҷомаро ба тани оқои Салимзода дӯхта буд” ва баъди гузаштани Салимзода ба кори дигар, ин ниҳод низ аҳамияташро гум кард.

Шерхон Салимзода, раҳбари пешини Ожонсии мубориза бо коррупсия

Аммо ба сурати умум дар тӯли панҷ соли фаъолият, Ожонсии зидди фасод интизороти ҷомеаро дар роҳи коҳиши фасодкорӣ бароварда накард ва ҳамчунин натавонист Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳои фасодзадаи дунё берун кунад.

Дар ҳоле, ки ожонсӣ мегӯяд дар тӯли 5 соли фаъолият наздик ба 5000 ҷинояти марбут ба дуздиву фасодкориро ошкор кардааст, коршиносон мегӯянд ин ниҳод ҷасорати сар ба сар шудан бо “наҳангҳои ҳақиқӣ”-ро надорад ва бештар бо ҷинояткорони хурду реза иктифо мекунад. Раиси кунунии Ожонсии зидди фасод Фаттоҳ Саидов борҳо ба суоле, ки чаро дар байни боздоштшудаҳо вазирону кабирон нестанд гуфтааст: “ Боздошти вазири фасодкор дар асоси шикоят мешавад, аз рӯи вазире то ҳол ба Агентӣ муроҷиат нашудааст.”

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси соҳаи иқтисод барҳам додани Ожонсии зидди фасодро як амали саривақӣ арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, бо ин ҳама салоҳияте, ки ин ниҳод аз додситону пулису амният гирифтааст, боз ҳам натавонист муваффақ шавад: «Агентии зидди фасод байни мардум обрӯ надорад, зеро аз рӯзҳои аввал худи идора ба фасод, олуда буд. Дар ин идора, нафарони дасташон тоза ба кор

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

наомаданд, аз ин рӯ барҳам додани он хуб аст. Беҳтар аст, ки сохторҳои қудратӣ мубориза бар зидди фасодро идома додан гиранд, албатта бо низоми беҳтар.»

Бар пояи як назарсанҷии Маркази тадқиқоти стратеги назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, 21,4 дарсади аҳолӣ гуфтаанд, ки кормандони Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо корруптсия ҳам дар фасод даст доранд.

Аммо, додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода мегӯяд, фасодкорӣ хоси ҳамаи давлатҳост ва мубориза бо он бояд дастаҷамъона анҷом шавад. Ҳатто рӯзҳои аввали таъсисёбии Ожонсии зиди фасод, мақомоти давлатӣ ҳам ба ташкили он муқовимат доштанд, бахусус Додситони кулли вақт. Аммо, иродаи сиёсии президент ғалаба кард ва он таъсис ёфт.

«Имрӯз медонем, ки дар кишвар фасод аст, ҳатто дар ҳамаи кишварҳо. Вақте мо хостем Агентии мубориза бо фасодро таъсис диҳем ва бо фасодкорӣ мубориза барем, чандин мақомоти давлатӣ, намехостанд, ки Агентии зидди коррупсия таъсис шавад. Вақте қонуни ҶТ дар бораи Агентӣ ва иловаҳо ба қонуни андозро таҳия намуда ба парлумон пешниҳод кардем, нагузашт, ҳатто аз Маҷлиси Миллӣ ҳам. Вақте ба назди президент барои имзо рафт, ӯ лоиҳаро баргардонид ва дубора ин лоиҳаро парлумон қабул кард..»

Аммо, вакилони парлумони кишвар мегӯянд, ки ҳоло фурсати баста шудани Ожонсии зидди фасод фаро нарасидааст, зеро дар давоми 5 соли фаъолияти ин ниҳод, садҳо миллион сомонии ғоратшуда ва нафарони фасодзода ҳатто дар сатҳи мансабдори давлатӣ ҳам, ошкор шуданд, ки собиқа надорад.

"ФАСОД КАМАРИ ҶОМЕАРО ШИКАСТААСТ"

Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон мегӯяд, ки шояд давлати Тоҷикистон то чанд соли дигар аз иқдоми барҳам додани Ожонсии зидди фасод даст бикашад, зеро ҳоло фасод, камари ҷомеа ва ҳатто ниҳодҳои давлатиро

Шодӣ Шабдолов, вакили МН аз ҲКТ

шикастааст ва ҳукумат ба чунин як ниҳод дар ҳар шароите набошад, эҳтиёҷ дорад. Сохторҳои қудратӣ ҳама тавону таҷрибаи кори Ожонсӣ дар ин самтро надоранд.

Ҳарчанд масъалаи баста шудани Ожонсӣ ҳоло дар сатҳи гуфтугӯҳо қарор дорад, вале дар назди раиси ҷумҳур ниҳоди дигаре бо номи “Шӯрои милии зидди фасод" таъсис ёфтааст.

Ҳусейн Сайфиддинов, котиби Шӯрои милии мубориза бар зиди корруптсияи назди президент дар рӯзи ҷашни панҷсолагии Ожонсии зидди фасод гуфт: “Бо фасод, ки ҷомеаро ноором кардааст, маънавиётро ҳам шикаставу, адолатро аз байн бурдааст бояд муқовимати ҷиддӣ анҷом шавад."