Кохи Сафед аз суханронии ахири раисиҷумҳури Сурия Башор Асад интиқод кард ва бори дигар аз ӯ хост, ки истеъфо диҳад.
Ба гуфтаи Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА, Башор Асад талош кардааст, ки таваҷҷуҳи мардуми Сурияро аз мушкилоти воқеӣ дур кунад.
Аз ин пеш Шӯрои миллии Сурия, ниҳоди асосии мухолифи ҳукумати Сурия ҳам аз суханронии раисиҷумҳур интиқод кард. Узви ин Шӯро Басма Кадмонӣ онро чун “даъват барои идомаи хушунату хунрезӣ дар Сурия “арзёбӣ намуд.
Суханронии Башор Асад дар Донишгоҳи Димишқ барои даҳ дақиқа пешбинӣ шуда буд, аммо тақрибан ду соат тӯл кашид.
Раҳбари Сурия дар робита ба нооромиҳои даҳ моҳи ахир
дар кишвар гуфт, ки пушти онҳо “тавтеаи хориҷӣ” истодааст, вале ин тавтеа ноком мешавад, чунки “касе дигар фиреб намехӯрад.”
Ӯ афзуд, нерӯҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ, ки барои ноором кардани авзои Сурия талош мекунанд, дигар тавони тақаллуби далелу ҳаводисро надоранд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин нерӯҳо даст ба куштор задаанд ва онро дар расонаҳои минтақаиву байнулмилалӣ ба таври густурда бозтоб доданд.
БАШОР АСАД: "БА ИСТЕЪФО НАХОҲАМ РАФТ"
Башор Асад изҳор намуд, то замоне, ки мардум аз ӯ пуштибонӣ мекунанд, ба истеъфо нахоҳад рафт. Раисиҷумҳури Сурия ваъда дод, ки моҳи март раъйпурсӣ оид ба Қонуни асосии нав ва ба думболи он интихоботи сартосарӣ баргузор мешавад: “Ман мехоҳам, ки раъйпурсии умумимиллӣ баргузор шавад, зеро Қонуни асосӣ на барои кишвар дар маҷмӯъ, балки ба хотири манфиатҳои ҳар шаҳрванд қабул мешавад. Райъпурсиро мо баъди он доир мекунем, ки кумитаи таҳияи Қонуни асосии нав кори худро анҷом диҳад.”
Ҳамзамон ӯ ваъда дод, ки чораҳои амниятиро дар кишвар тақвият мебахшад. Башор Асад гуфт, ки “вазифаи аввалиндараҷаи мо – эҳёи тартиботест, ки мо аз он тӯли даҳсолаҳо лаззат мебурдем ва ба ин метавон фақат тавассути мушти оҳанин ба террористҳо муваффақ шуд.”
Раисиҷумҳури Сурия афзуд, ҳукумат ба онҳое, ки ҳамроҳ бо нерӯҳои бегона алайҳи кишвар кор бурдаанд, тараҳҳум нахоҳад кард.
Асад дар суханронии худ судури фармони куштани эътирозгаронро рад намуд ва гуфт, ки “дар ягон сатҳи давлатӣ ба тирандозӣ болои афроди мулкӣ фармон нашудааст.”
Аммо ӯ афзуд, "террористҳо ва онҳоеро, ки даст ба силоҳ мебаранд, мо ба ҳеҷ ваҷҳ таҳаммул нахоҳем кард.”
Башор Асад Лигаи кишварҳои арабро муттаҳам намуд, ки ба сафи мунаққидони ҳукумати Димишқ ҳамроҳ шудааст.
Аз ин пеш ҳукумати Сурия ба тарҳи сулҳи таҳиякардаи Лигаи кишварҳои араб розӣ шуда буд. Ин тарҳ берун кардани низомиён аз маҳаллаҳои зист, раҳоии маҳбусон ва музокирот бо мухолифини ҳукуматро дар назар дорад.
Барои назорати ин тарҳ беш аз160 нозир аз кишварҳои арабӣ дар Сурия мустақар шудаанд ва қарор аст, ки теъдоди онҳо то 300 нафар афзоиш ёбад. Ва аммо ин
нозирон барои он ҳадафи интиқод қарор доранд, ки баъд аз вурудашон хунрезӣ дар Сурия қатъ нашудааст. Линн Паско, ёвари Дабири кулии СММ, ахиран гуфт, баъд аз вуруди нозирони Лигаи кишварҳои араб ба Сурия дар таърихи 26-уми декабр, дар ин кишвар боз тақрибан 400 нафари дигар ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои СММ, тайи даҳ моҳи эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад, тақрибан 5 ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расиданд.