Аз Тавилдара то Гуантанамо

Абдулкарим Эргашев, зиндонии собиқи Гуантанамо

Даҳ сол қабл дар рӯзи 11-уми январ интиқоли нахустин гуруҳи маҳбусон аз Афғонистон ба зиндони Гуантанамо дар Куба оғоз шуда буд.
Инҳо афроде буданд, ки дар даст доштан бо терроризм гунаҳкор дониста мешуданд.

Агар дар ибтидо теъдоди ин афрод ба 779 нафар мерасид, ҳоло ҳудуди 171 маҳбус дар Гуантанамо ба сар мебарад. Дар ин миён 11 шаҳрванди Тоҷикистон низ бо айбномаи ҳамкорӣ бо гуруҳҳои терористӣ тайи солҳои мухталиф дар ин зиндон басар бурдаанд.

Ба истиснои маҳбуси ахири тоҷик дар Гуантанамо Умар Абдуллоев, ки то ҳанӯз сарнавишти вай норӯшан аст, дигар ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба хонаашон баргаштанд, аммо ду тан аз онҳо сокинони ноҳияи Исфара Рукниддин Шарофов ва Абдумуқит Воҳидов бо бозгашт ба Тоҷикистон, аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷурми даст задан ба амалҳои террористӣ дар хоки Афғонистон, ба муддати 17 солӣ равонаи зиндон шуданд. Ҳарчанд созмони Ҳуман Райтс Вотч ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башари Амирико аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро раҳо кунанд, вале бенатиҷа будааст.

Абдукарим Эргашеви 47-сола, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки беш аз ду сол дар Гуантанамо ба сар бурдааст, мегӯяд, ки то ҳол намедонад, ки барои кадом гуноҳаш ба ин зиндон интиқол дода шуд.

Ҷавоб: Вақте, ки ман ба хабаргирии бародарам ба минтақаи Тавилдара рафтам, дар онҷо бародарамро пайдо кардам. Бародари ман Абдулқодир, ки қаблан дар баталиони 25, ки ин баталиони муштараки ҷониби ҳукумат ва оппозистия буд, хизмат мекард. Пас аз сулҳи тоҷикон, ин баталион пароканда шуд ва як қисми он ба Тавилдара ​рафтанд ва бародари ман ҳам дар онҷо буд. Вақте, ки ман ба Тавилдара омадам, гуфтанд, ки бародарат дар назди як гуруҳи муҷоҳиддин, дар назди Ҷумъаи Намангонӣ аст. Ин охирҳои соли 2000-ум буд. Дар ҳамон рӯзҳо дар атрофи Душанбе як амалиёт зидди гуруҳи Раҳмон "Гитлер" идома дошт. Як рӯз аз Душанбе намояндагони вазоратҳои қудратӣ омада гуфтанд, ки шумо бо гуруҳи Раҳмон "Гитлер" ҳамроҳ нашавед, беҳтараш хоки Тоҷикистонро тарк кунед. Азбаски дар Душанбе нооромӣ буд, бародарам нагузошт, ки ман ба хонаамон баргардам. Баъд бо гуруҳи мусаллаҳи Ҷумъаи Намангонӣ, якчанд тан аз занону кӯдакон ба тарафи Афғонистон гузаштем.

ГУФТУГӮ БО АБДУКАРИМ ЭРГАШЕВ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нақли воқеа. Аз Тавилдара то Гуантанамо


Суол: Баъди убури марзи Афғонистон шумо фарди мусаллаҳ набудед, чӣ кор мекардед дар онҷо ?

Ҷавоб: Он вақт дар Афғонистон тинҷӣ буд. Ман ҷои кор пайдо кардам ва ҳар моҳ 200-300 доллар маош мегирифтам, кори ман аслан ронандагӣ буд. Қасд доштам, ки пул ҷамъ кунаму ба Тоҷикистон баргардам. Лекин як сол нагузашта амрикоиҳо барои амалиёти зиддитеррор вориди Афғонистон шуданд. Бомбаборонкуниҳо шурӯъ шуд ва ҳама пароканда шуданд. Гуруҳи Ҷумъаи Намангонӣ, ки аслан аз узбекҳо ва тоҷикҳо иборат буд, дар мошинҳо савор шуданду рафтанд ба тарафи Мазори Шариф.

Суол: Чӣ хел шумо ба дасти низомиёни амрикоӣ афтодед?

Ҷавоб: Ман мошинеро, ки мерондам ба афғонҳо супоридам ва бекор будам. Чанд рӯз нагузашт, ки як афғон омада гуфт, ки дар наздикиҳои Багром як мошин дораду онро бояд биёрад, лекин наметавонад. Ба ман пешниҳод кард, ки агар розӣ шавам, ҳамроҳаш равам. Вай калиди мошинро ба дасти ман доду баъд бо ҳам рафтем. Дар онҷо дар як хона меҳмон шудем. Ҳамроҳи ман чизеро баҳона карду берун рафт, чанде нагузашт, ки як гуруҳи мусаллаҳ омаданду дасту пои маро бастанд ва ба Багром бурданд. Дар маҳбаси онҷо як афғонӣ гуфт, ки туро чечен гуфта 5 ҳазор доллар ба амрикоиҳо фурӯхтанд. Лекин агар либоси низомӣ медоштам, 10 ҳазор доллар савдо мекардаанд.

Суол: Дар инҷо низомиёни Амрико ба шумо чӣ хел муносибат мекарданд?

Ҷавоб: Як рӯз маро каждум газид, онунон дардаш сахт буд, фикр кардам, ки мемурам. Лекин аз неши каждум одам намемурдааст. Ҳарчанд доду фарёд мекардам касе аҳамият намедод, барои низомиёни амрикоӣ, ки моро дидбонӣ мекарданд, аслан аҳамият надошт. Мо забонро намедонистем, наметавонистем фаҳмонем, ки чӣ ба сарам омадааст. Хайрият каждумро дур наандохтаам ва онро боло карда ба низомиён нишон додам. Баъди он, ки дарк карданд, маро берун бурданд. Рӯи ман бо ниқоб баста буд, аммо аз зер медидам, ки аз поям хун меравад. Яке аз низомиёни амрикоӣ барои боздоштани хун поямро бо зажигалка сӯзонид ва хун аз рафтан бозмонд.

Суол: Чӣ тавр ба Гуантанамо расидед?

Ҷабоб: Баъд чанд рӯз нагузашту моро дар самолёт(ҳавопаймо) шинонданд ва тақрибан 28 соат парвоз кардем. Вақте, ки ба Гуантанамо расидем, дар онҷо шароити хӯрдану пӯшидан ва таъмин бо дору беҳтар буд. Шоколадҳои «Манд МС» медоданд. Лекин вақте, ки шикамдард шудам ва ба онҳо фаҳмонидам, ки беморам, аҳамият надоданд. Хеле асабонӣ шудам, дарро ба лагад зада фарёд кардам. Зиндонбонҳо зуд омаданду маро ба холоделник андохтанд. Се рӯз бо як трусӣ (зершалвор) дар болои оҳан дар яхдон ба сар бурдам. Боз кондисионер мемонданд, ки ҳавои даруни яхдон боз ҳам сардтар мешуд. Як рӯз намояндагони зиндон омаданду гуфтанд, ки мо туро озод мекунем, ба шарти он, ки ба Тоҷикистон баргардӣ, дар онҷо ба ту хона медиҳанд ва зиндагиатро идома медиҳӣ. Ҳарчанд, ки ман намехостам ба Тоҷикистон баргардам, вале розӣ шудам. Ҳамин тавр ман беш аз ду сол дар Гуантанамо ба сар бурдам, шуруъ аз моҳи феврали соли 2002 то июни 2004. Аммо як чиз барои ман норӯшан буд, ки аслан барои чӣ маро ба Гуантанамо оварданд ва ҳоло мегӯянд, ки ман гуноҳ надорам боз озодам мекунанд.

Суол: Хуб ҳоло зиндагии баъди зиндон чӣ тавр сурат мегирад?

Ҷавоб: Вақте, ки ман ба Тоҷикистон омадам, дар бораи хонаву манзил аслан дарак набуд, як рӯз аз мақомоти интизомии Тоҷикистон омаданду 100 доллар доллар доданд. Боз баъдтар 40 долларам доданд. Ва боз як дафъаи дигар як ҷуфт пойафзол доданд. Ман минннатдорам.

Баъд аз Гунатанамо бо як хонуми туркман хонадор шудам, ҳоло як духтарча дорам. Лекин бекорам ва дар ҳеҷ куҷо кор намекунам. Албатта бародаронам ба ман кӯмак мекунанд, вале бар асари беморӣ рӯз ба рӯз аҳволам бадтар мешавад. Ва худамро сусту заъиф ҳис мекунам. Доруҳое, ки мехӯрам, кӯмак намекунанд. Бародарам, ки ба суроғаш ба Тавилддара рафтаму бо ин сарнавишт рӯ ба рӯ шудам, намедонам дар куҷост, бисёр мехоҳам, ки ба Тоҷикистон баргардаду боз бубинем.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

10 соли зиндони Гуантанамо