Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Рустами Ҷонӣ- мудири ширкати Ориёно-медиа ва бунёдгузори нашрияи “Имрӯзнюс”.
Озодӣ: Дар авохири соли гузашта ва оғози соли ҷорӣ чанд рӯз “ Имрӯзнюс” ба нашр нарасид, ки сару садоҳои мухталифро ба бор овард. Хонандаҳо нашрияи шуморо дастрас накарданд. Сабаби аз нашр бозмондани нашрия чӣ буд ?
Рустами Ҷонӣ: Боиси хурсандии мост, ки хонандаҳо рӯзномаи “Имрӯзнюс”-ро суроғ мекунанд. Вале ин чанд рӯзе, ки нашрия ба дасти хонандаҳо нарасид, кадом мушкилие ҷо надошт, танҳо як давраи истироҳат буд. Барои ҳамаи коргарон аз 25 декабр то 4-уми январ таътил эълон кардем. Мо тасмим гирифтем, ки ҳар сол дар ҳамин давра ба коргарон рӯзҳои истироҳат бидиҳем. Ин кор аз як тараф як навъ додани сабукиҳо барои кормандон бошад, то инки бештар дам бигиранд ва бо нерӯи тоза ба кор баргарданд, аз тарафи дигар сарфаи харҷи беҳуда аст, чун дар ин рӯзҳо хонандаҳо камтар ба суроғи рӯзнома меоянд.
Озодӣ: Дар давоми ҳамин якуним сол оё рӯзнома худкифо шуд ва ё ҳанӯз ҳам аз дастгирии сарпарастон вобастагӣ дорад?
Рустами Ҷонӣ: Дар Аврупову Русия низ ду сол лозим мешавад, ки нашрияҳо худкифо шаванд. Аммо дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ва бо назардошти тамоми хусусиятҳои бозоре, ки мо дорем, ин вақт барои мо то панҷ сол тӯл мекашад. Бозори мо хусусиятҳои худро дорад. Ба гуфти русҳо “непредсказумий” (пешбининашаванда) аст. Вале ман бояд хидмати шумо арз намоям, ки “Имрӯзнюс” имрӯз тамоми хароҷоташро аз ҳисоби худаш мепӯшонад. Баъзан қарздор мешавем, бо реклама онро мепӯшонем. Яъне мо баланси (тавозун) худкифоиямонро аз ҳисоби рекламаву фурӯши рӯзнома таъмин мекунем.
Озодӣ: Метавонед бигӯед, ки сарпарастҳои Шумо киҳо ҳастанд?
Рустами Ҷонӣ: Мо сарпараст надорем. Рӯзномаи “Имрӯзнюс” агар дастгирии молӣ, яъне сарпараст дошта бошад, ӯ Рустами Ҷонӣ аст. Рустами Ҷонӣ ба ғайр аз рӯзнома боз дигар роҳҳои дигари ҷалб кардани сармояро
дорад, яъне худаш сармоя дорад. Ман давоми даҳ сол фаъолияти тиҷорӣ доштам. Ман бисёр мехостам, ки “Имрӯзнюс” танҳо мутааллиқ ба Рустами Ҷонӣ набошад, балки як шакли чамъияти саҳҳомиро бигирад, ки он моли умумӣ шавад. Аммо ҳанӯз ин кор имкон надорад, чунки дар мо бозор аксия- саҳмия вуҷуд надорад, ки масалан саҳмияро ба фурӯш бигзориву сармоя ҷалб созӣ. Даромадҳои мо аз фурӯш, реклама ва аз хидматгузории пиарӣ-иттилоотӣ ва низ аз ширкат барои гузаронидани чорабиниҳои ҳукуматӣ аст, ки мо инро пинҳон намекунем.
Озодӣ: Кадом чаробиниҳои ҳукуматиро дар назар доред?
Рустами Ҷонӣ: Масалан дар ҷашнвораи 20- солагии Истиқлолияти давлатӣ он саҳнаи ҷамъомаде, ки дар Кохи Борбад баргузор шуда буд, бо ширкати “Имрӯзнюс” сурат гирифт. Мо дар ҳайати худ коргардонҳову рассомҳо низ дорем, ки онҳо дар чунин мавридҳо ба кор ҷалб ҷалб мешаванд.
Озодӣ: Дар рӯзномаи шумо мавзӯъҳои табу ҷой доранд. Ҳастанд мавзӯъҳое, ки ба хотири эҷод кардани мушкилӣ аз нашри он парҳез мекунед?
Рустами Ҷонӣ: Бале, мавзӯъҳои табу дар мо ҷой доранд. Мавзӯъҳое, ки эҳтимолан ба муноқишаҳои маҳалӣ, миллӣ ва мазҳабӣ мерасонад, мо аз нашри онҳо парҳез мекунем. Мо дар ин маврид чӣ кор мекунем? Аввал мегузорем то мардум ҳодисаро ҳазм кунанд, каме орому аз эҳсос берун шаванд, баъд мо онро таҳлилу баррасӣ карда ва чоп менамоем. Ман аслан зидди он ҳастам, ки дар пеши журналист ҳадаф гузошта шавад, ки дидаву дониста ҳар он чизеро, ки мебинад онро инъикос кунад. Воқеан рисолати журналист ҳамин чизро мехоҳад, аммо мо имрӯз як ҷомеаи мо хеле ҳассос дорем. Яъне дар мо куллан мавзӯъи табу вуҷуд надорад, аммо эҳтиёт ҳаст.
Озодӣ: Барои мисол матлаб дар бораи ширкати Талко, дар бораи Ҳасан Асадуллозода-раиси “Ориёнбонк”, Шералӣ Кабиров- муовини раиси Талко бошад, манзурам маводҳои интиқодӣ дар рӯзнома чоп мешаванд?
Рустами Ҷонӣ: Таърифу танқид рисолати рӯзоманигори “Имрӯзнюс” нест, балки мо баёни воқеиятро маҳаки кори худ қарор додаем. Аз ин рӯ мо воқеиятро баён мекунем, новобаста ба онки дар маркази он воқеа Ҳасан Саъдуллоев қарор дорад ё Шералӣ Кабиров. Мо фаъолияти “Ориёнбонк”-ро танқид кардаем ва низ кори ширкатҳоеро танқид кардаем, ки сарпарастҳояшон ҳамин номбаршудаҳо ҳастанд. Ва хушбахтона таҷриба нишон дод, ки онҳо ҳам ин чизҳоро қабул доранд. Мо аз онҳо ҳеҷ вобастагие надорем. Мо вобастагии касбӣ надорем ва ман
пеши онҳо рафта ҳеҷ ваъда ҳам додагӣ нестам. Ман рисолати рӯзноманигории худро зери суол намебарам. Ҳар касе дар ин боб шакку шубҳа дорад масалан метавонад фаъолияти радиои мо-“Имрӯз”-ро аз соли 2007 то имрӯз таҳлилу баррасӣ кунад. Оё дар ҳақиқат ин радио аз дигарҳо камтар ҳаводисро инъикос кард? Мо аз касе яъне дигар расонаҳои ҳамсон қафо намондаем. Мо рисолати хешро анҷом дода истодаем.
Озодӣ: Ин суолро ба он хотир додам, ки мегӯянд муассисаҳои эҷодии зери раҳбарии шумо аз тарафи Ҳ.Асадуллозода ва Ш. Кабиров дастгирии молӣ мебинад
Рустами Ҷонӣ: Шумо бовар кунед ҳар яке рӯзноманигорон бисёр мехост, ки мисли ҳамин гуна шахсиятҳо барои мо кӯмак кунанд. Агар касе, ки мехоҳад ҳақиқатро бифаҳмад, пас биравад ба ҳамон чопхонаҳое, ки мо рӯзномаро онҷо нашр мекунем. Аз якеаш қарз ва барои дигарӣ гардан каҷ мекунем. Агар аз паси мо чунин гигантҳои молӣ мебуданд ман умуман дар бораи коғазу чопхона ва касеро илтимос кардану гардан каҷ кардан фикр намекардам. Бале “Ориёнмедиа” ба онҳо тааллуқ дорад, аммо “Имрӯзнюс” ҳеҷ муносибат ба “Ориёнбонк”-у “Талко” ва аслан ба ҳеҷ касе вобастагӣ надорад. Агар баъзан муносибатҳои иттилоотӣ миёни мо бишавад, пас метавон “Азияплюс”-ро ҳам муттаҳам кард вақте ки хабарҳо ё мақолаҳои сафорати Амрикоро нашр мекунад, пас он низ аз Амрикост. Бале, ман дар ҳамон доираҳо дӯстҳо дорам, ҳамсӯҳбатҳо дорам, ки инро касби ман талаб мекунад. Барои мисол, вақте Шумо ба Давлат Назрӣ дӯст бошед, ин маънои онро нахоҳад дошт, ки одами вазорати корҳои хориҷаед. Рӯзноманигор вақте мехоҳад, ки кор худро анҷом диҳад, ӯ кӯшиш мекунад, ки бо қишрҳои гуногуни ҷомеа муносибат дошта бошад. Ман инро пинҳон ҳам намекунам, аммо дастгирии молиявӣ аз тарафи онҳо ба мо, ин ҳарфи муболиғае беш нест. Мутаассифона ҳама дар бораи он фикр мекунанд, ки кӣ ба мо пул медиҳад, аммо камтар фикр мекунад, ки мо рисолати худро ҳамчун намояндаи ВАО иҷро карда истодаем ё хайр
Озодӣ: Дуруст аст, ки маоши кормандони “Имрӯзнюс” нисбат ба моҳҳои аввали ташкили он камтар шудааст?
Рустами Ҷонӣ: Мо дар аввал ҳамаи коргаронро бо маош таъмин кардем вале ба хулоса омадем, ки нисбати баъзе коргарон ноҳаққӣ мешавад. Кормандоне буданд, ки аз ибтидо ҳаррӯз кор мекарданд, мавзӯъ пешниҳод мекарданд, менавиштанд. Боз буданд коргароне, ки мегуфтанд, хайр, имрӯз натавонистам. Мо ин ҳамаро ба назар гирифта сиёсати молиро тағйир додем. Яъне моҳонаро мутобиқи рӯзи корӣ ташкил кардем. Кор мекунӣ, пул мегирӣ. Агар пеш 600-800 сомонӣ моҳона мегирифтанд ҳозир имконият доранд, ки то 2000-2500 сомонӣ бигиранд. Дар аввал коргарҳо аз ин кори мо норозӣ шуданд. Вале вақте моҳ ҷамъбаст шуд ва нафароне, ки бештар ва беҳтар заҳмат кашиданд музди хуб ба даст оварданд норозигӣ аз байн рафт.
Озодӣ: Аз онки дар мавриди рисолати рӯзноманигорӣ низ инҷо сухан рафт, ҳоло фикр мекунед кадоме аз ҳафтаномаҳои мо рисолати хешро анҷом дода истодаанд?
Рустами Ҷонӣ: Албатта расонаҳо гоҳо дар инъикосу бозтоби ҳодиса ва таҳаввулот тавонистаанд, ки рисолати худро ба таври аҳсан анҷом диҳанд ва гоҳо шояд комёб нашуданд. Вале ба ҳар ҳол ба назари ман “Азияплюс” имсол талошҳои хеле ҷиддӣ ба харҷ дод, “Озодагон”, ки доираи фарогирии мавзӯъҳояш хеле васеъ шудааст. Ҳамчунин “Нигоҳ” ва “Фараж” дар самти худ ҳар кадоме кореро анҷом доданд ва ҳар кадоме хонандаҳои худро доранд. Агар барои мисол нашрияи “Рекламная газета”-ро ҳам бигирем он ҳам рисолати худро ҳамчун расонандаи иттилоот анҷом дода истодааст. Яъне ҳар яки ин нашрияҳо барои аудиторияи худ хизмат мекунанд.