Газпром аз "Рангон" даст кашид. Барои "Нафтмайдон"

Акс аз бойгонӣ

Ширкати «Газпром»-и Русия аз идомаи корҳои иктишофӣ дар манбаи «Рангон» дар ғарби Тоҷикистон даст кашидааст.
Ин ширкат тасмим дорад ба ҷои ин манбаъ, корҳои иктишофии нафту газ дар манбаи «Нафтмайдон», воқеъ дар шимоли кишварро аз сар бигирад.

Ин ширкат далели қатъи кор дар манбаи нафту газдори «Рангон»-ро мушкили ҷуғрофии ин минтақа хонда ва гуфтааст, ки имкон дорад ин манбаъ захираи саноатии нафту газ надошта бошад.

Аммо Азим Иброҳим, раиси Саридораи геологияи тоҷик ба иддаои ширкати «Газпром» мувофиқ нест.

Вай гуфт: «Ширкати «Газпром» дар ин мавзеъ то ба ҳол корҳои иктишофиро ба анҷом нарасонидааст ва наметавонад бигӯяд, ки дар ин ҷо захираи кофии нафту газ вуҷуд надорад. Ҳоло он, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ ин минтақа манбаи ояндадор аз лиҳози захираи нафту газ ба ҳисоб меомад.»

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, далели даст кашидани ин ширкат аз манбаи «Рангон» шояд дар он аст, ки пажӯҳиши ин минтақа, ки кӯҳистонӣ аст, масрафи бештарро тақозо мекунад. Аз сӯи дигар, пажӯҳиши ин минтақа фанновариҳои ҷадидеро мехоҳад, ки ҳоло ширкати «Газпром» дар ихтиёр надорад ва ин дастгоҳҳоро бояд бо маблағи зиёд бихарад.
Ширкати «Газпром» низ гуфтааст, ки корҳои инктишофӣ беш аз 5 миллион доллар ҳазинаи иловагӣ талаб мекунад.

Раиси Саридораи геологияи тоҷик гуфт, ки ба минтақаи «Нафтмайдон» на танҳо ширкати "Газпром", балки ширкатҳои дигари хориҷӣ низ алоқаманданд ва талош доранд литсензияи пажӯҳиши ин минтақаро ба даст биоранд. Вай гуфт, ҳоло гуфтугӯҳо дар ин замина идома дорад ва ширкати «Газпром» барои дарёфти литсензия ба ҳукуматиТоҷикистон расман муроҷиат накардааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар ин ду мавзеъ захираҳои зиёди нафту газ вуҷуд дорад.

Ҳоло дар Тоҷикистон ширкати «Тетис- петролиум»-и канадаӣ, «Газпром»-и русӣ, «Марвис»-и сингапурӣ ва ғайра ба корҳои иктишофӣ ва истихроҷи нафту газ машғуланд. Ширкати «Тетис- петроилум» дар минтақаи Олимтой захираи нафту газро пайдо карда аст ва ҳоло низ корҳои иктишофӣ дар ин минтақа идома дорад.

Ширкати «Газпром»-и Русия бошад дар минтақаи Сариқамиш, ки ба қавли ин ширкат беш аз 60 миллиард метрии мукааб захираи газ мавҷуд аст, пармаи чоҳи газро ба 3,5 ҳазор метр расондааст.

Захираи нафту гази Тоҷикистон дар замоне барои ҷумҳурӣ аҳамияти ҷиддӣ касб кардааст, ки Тоҷикистон дар ин авохир дар хариди газ аз Узбакистон ва маводи сӯхт аз Русия ба мушкил рӯбарӯ шудаву ба гуфтаи таҳлилгарон, ин масъала бештар аҳамияти геополитикиро касб кардааст.
Узбакистону Русия содироти газ ва маводи сӯхт ба Тоҷикистонро чун воситаи фишор барои расидан ба аҳдофи сиёсии худ истифода мебаранд.

Дар гузашта Тоҷикистон солона то 500 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид мекард, вале болоравии нарх ва қарздории муассисаҳову аҳолӣ боис шуд, ки воридоти газ аз ягона содиркунандаи газ, яъне Узбакистон то 60 % коҳиш ёбад. Феълан муштариёни асосии гази Узбакистон корхонаи алюминиюм ва корхонаи сементи Душанбе мебошанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, қарордоди газии ахиран имзошуда миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи хариди 200 миллион метрии мукааб гази Узбакистон бақо надорад, зеро Узбакистон борҳо бидуни эълони пешакӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро мутаваққиф кардааст.

Ба эътиқоди ҳамин таҳлилгарон, Тоҷикистон бояд ба истихроҷи гази табиӣ аз конҳои дохили кишвар рӯ орад, то аз вобастагии комил ба Узбакистон халос шавад.