Вокуниши Кумитаи андоз ба маводи сомонаи “Озодӣ” зери унвони «Додгоҳҳои иқтисодӣ аз кӣ пуштибонӣ мекунанд?»
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба маводи «Додгоҳҳои иқтисодӣ аз кӣ пуштибонӣ мекунанд?» ва "нуқтаи назари шаҳрвандони алоҳида вобаста ба сиёсати андоз, ки дар қисмати «Иқтисодиёт»-и сомонаи «Озодӣ» дарҷ гардидааст", номае фиристодааст, ки мӯҳтавои асосии он ин ҷо мунташир мегардад.
Дар нома гуфта мешавад, ки "Баррасии ошкорои масъалаҳои алоҳидаи андозбандӣ чӣ дар мақомоти судӣ ва ё дар доираи мақомоти ҳокимияти давлатӣ маънои поймол намудани ҳуқуқи андозсупорандаро надошта, балки мақсад аз он ҷилавгирӣ намудан аз татбиқи ғайриқонунии муқаррароти қонунгузорӣ, ҳалли қазияҳои андозӣ мебошад. Мутааассифона кам соҳибкороне ҳастанд, ки пардохти андозҳоро бо хушнудӣ ва дарки масъулияти баланд таъмин намоянд, зеро маданияти андозсупории баъзе аз андозсупорандагон дар сатҳи паст қарор дорад."
Шӯъбаи равобит бо ВАО-и Кумитаи андози ҷумҳурӣ мегӯяд, бинобар фарох будани қонунгузории андоз ҳолатҳои баҳсбарангез дар ин робита назар ба риштаҳои дигар бештар рӯй медиҳад ва кумита дар ҳалли онҳо ба қонун ва қарорҳои додгоҳ такия менамояд, аммо "вақтҳои охир дар васоити ахбори омма, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет вобаста ба масъалҳои андозбандӣ ахбори носаҳеҳ ва бемавқеъ пахш мешавад."
Ва ин ҷо посухи бахш ба бахш ба масъалаҳое, ки дар матлаби Радиои Озодӣ ва ҳамчунин шарҳу номаҳои хонандагон ёдрас шудаанд, дар мактуби Кумитаи андоз ин гуна оварда шудааст:
"1. Гуё мақомоти андоз нисбати ширкатҳои алоқаи мобилӣ (интернет-провайдерҳо) қонунгузории андозро нодуруст татбиқ менамояд.
Хангоми татбиқи назорати иҷрои қонунгузории андоз мақомоти андоз зина ба зина иҷрои ўҳдадориҳои ба зиммааш вогузоршударо, ки таҷассумкунандаи хусусиятҳои фискалии мақомот мебошанд ба анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳии муқаррароти қонунгузории андоз бо мақсади бевосита аз ҷониби андозсупорандагон бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта иваз намуда истодааст.
Кумитаи андоз бо истифода аз технологияи муосир сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагонро баланд бардошта, кўшиш карда истодааст, ки дар муносибатҳои андозӣ дар симои андозсупоранда шарики боэътимодро бинад. Эҳсоси эътимод ва боварӣ миёни мақомоти андоз ва андозсупоранда дар муносибатҳои андозӣ мавқеи ҳалкунандаро пайдо карда истода, қонунгузории андоз нисбати андозсупорандагони бомасъулият сабукиҳои иловагиро муқаррар намуда истодааст.
Бинобар ин, Кумитаи андоз дар муносибатҳои андозӣ ҳуқуқи ягон андозсупорандаро, аз ҷумла ширкатҳои алоқаи мобилӣ (интернет-провайдерҳоро) поймол ва ё маҳдуд накардааст.
Қобили қайд аст, ки Кумитаи андоз бо ташаббуси худ ҳамасола бо истифода аз меъёрҳои муқарраршуда, аз ҷумла вазни қиёсии андозҳо дар маҷмӯи даромад, риояи мўҳлатҳои пардохт, умуман интизомнокӣ оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз андозсупорандаи беҳтарини солро муайян менамояд.
Бесабаб нест, ки маҳз бо назардошти маърифати андозсупорӣ ва ҳиссаи андозҳои ширкатҳои алоқаи мобилӣ Кумитаи андоз дар соли 2009 ҶДММ “Вавилон – Т” ва дар солҳои 2010 - 2011 “ҶСП “Индиго – Тоҷикистон”-ро ҳамчун андозсупорандагони беҳтарини сол эътироф намудааст. Зеро саҳми ширкатҳои алоқаи мобилӣ дар таъмини қисми даромади андозии буҷет (бе назардошти пардохтҳои гумрукӣ) дар муқоиса бо дигар соҳаҳо назаррас мебошад (ба ҳисоби миёна дар соли 2009- 13%, 2010-12% ва дар 10 моҳи соли 2011-13%).
2. Оиди нуқтаи назари андозсупоранда дар бораи қабули ҳисоботҳо дар мақомоти андоз.
Мақсад аз ташкил намудани корхона ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба даст овардани даромад аст. Бо истифода аз расмиёти хело соддагардидаи бақайдгирии давлатӣ ташкил намудани корхона, аммо баъдан бефаъолият гузоштани он дар аксари кулли ҳолатҳо аз надоштани дурнамои асоснок ва кўтоҳандешии муассис ва роҳбари корхона шаҳодат медиҳад.
Мутобиқи қисми 6 моддаи 73 Кодекси андоз, агар шахси ҳуқуқӣ, воҳиди махсуси он барҳам дода нашуда бошад ё соҳибкори инфиродӣ фаъолияти соҳибкориро қатъ накарда бошад, новобаста аз фаъолият кардан ва ё накардан бояд ба мақомоти андоз эъломияи андозро бо имзои роҳбар ва сармуҳосиби корхона ва гузоштани мўҳр (қисми 3 моддаи 71 Кодекси андоз) пешниҳод намоянд. Чунин талабот бо мақсади пешгирии канораҷўӣ аз андозсупорӣ дар қонунгузории дигар давлатҳо низ муқаррар шудааст. Ҳамзамон моддаи 102 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки сарфи назар аз вазъи молиявии корфармо бояд ба корманд музди меҳнат ҳисоб карда шавад.
Имрўзҳо танҳо ҳамон андозсупорандагоне андозҳоро пурра ва сари вақт пардохт намуда истодаанд, ки масъулияти худро дар назди давлат пурра эҳсос ва муқаррароти моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ўҳдадории андоз дуруст дарк менамоянд.
Новобаста аз он, ки ҷиҳати татбиқи дурусти муқаррароти қонунгузории андоз Кумитаи андоз пайваста бо доираи васеи андозсупорандагон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ семинар – машваратҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад, дар аксар ҳолатҳо эродҳои андозсупорадагон аз сатҳи пасти маърифатнокӣ ва дониши андозии онҳо дарак медиҳад.
Иртиботан ба ақидаҳои шахсони алоҳида, ки дар сомона дарҷ гардидааст, қайд кардан ба маврид аст, ки сиёсати буҷетию андозӣ, қисми таркибии сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ буда, аз эҳтиёҷоти (талаботи) давлат ва ҷомеа ба даромадҳои андозӣ бармеояд. Қонунгузории андози Тоҷикистон ва намудҳои андозҳои ҷамъоваришаванда дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои Иттиҳоди АвруОсиё таҳия шуда, тибқи тартиби муқарраршуда қабул гардиданд.
Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва масъулияти кормандони мақомоти андоз ба дархосту муроҷиат ва эродҳои андозсупорандагон (яъне муроҷиатҳо аз ҷониби андозсупорандагон оиди проблемаҳои ҷойдошта) низ алоқаманд аст. Маълумотҳои асосноки аз ҷониби андозсупорандагон воридшаванда дар такмили қонунгузории андоз ва фаъолияти мақомоти андоз истифода мегардад.
Маҳз бо назардошти чунин омилҳо дар банди 6 Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ки бо Фармони Кумитаи андоз аз 12-уми майи соли 2010 таҳти №107 тасдиқ шудааст, қисми алоҳида «Тартиби шикоят намудан» нисбати амали (бе амалии) кормандони масъули мақомоти андоз, ки ба андозсупорандагон хизмат мерасонанд, бо роҳи муроҷиатҳо ба сардорони нозироти андози маҳалли қайд, Раёсатҳои андоз дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ш.Душанбе ва ё бевосита ба роҳбарияти Кумитаи андоз пешбинӣ шудааст.
Дар Кумитаи андоз «Сандуқи махсуси арзу шикоятҳои андозсупорандагон» ташкил карда шуда, ҳангоми ташрифи муроҷиаткунанагон бошад, дар рўзҳои қабул масъалаҳои ҷойдошта бевосита аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи андоз баррасӣ карда мешаванд.
Инчунин муроҷиатҳои андозсупорандагон тавассути почтаи электронии Кумитаи андоз (info@ andoz tj.) омўхта шуда, аз натиҷааш муроҷиаткунанда огоҳ карда мешавад. Аксари онҳо аз хизматрасонии сомонаи (web –портали) Кумитаи андоз бо суроғаи www.andoz tj. оиди қонунгузории андоз, масъалаҳои алоқаманд ба андозбандӣ ва фаъолияти мақомоти андоз бархўрдоранд.
3.Оид ба ҷойгир намудани нуқтаи назари беасос дар васоити ахбори омма.
Дар фаъолияти тамоми соҳаҳо, дар фаъолияти худи андозсупорандагон, аз ҷумла мақомоти андоз низ албатта камбудиҳо ҷой доранд ва роҳбарияти Кумитаи андози назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҳар чӣ зудтар онҳоро бартараф намояд.
Мардум имрўз барои ҳалли мушкилоти хеш, аз он ҷумла масъалаҳои марбут ба андоз ва андозбандӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи интернет бештар муроҷиат мекунанд ва барои ҷавоб ба масъалагузориҳои хеш интизорӣ мекашанд.
Маҳз бо назардошти ҳамин паҳлўҳои муроҷиати шаҳрвандон Фармони Президенти кишвар «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба тасвиб расид.
Кумитаи андоз бо мақсади иҷрои Фармони номбурда на танҳо ба маводҳои интиқодиву таҳлилӣ посух ирсол менамояд, балки аз он маводҳо хулосаҳо бароварда, барои пешгирии камбудиҳои шабеҳ дар фаъолияти мақомоти андоз ва умуман такмили қонунгузорӣ ва маъмурикунонии андоз дастуру пешниҳодҳо таҳия месозад.
Воситаҳои ахбори омма (аз ҷумла интернет) вақтҳои охир ба як минбар, маркази таҳлилу баррасии мушкилоти рўз табдил ёфтаанд. Дар як қатор ҳолатҳо онҳо бо ташаббуси хеш ба баҳси мавзўъҳое мепардозанд, ки ҳалли онҳо бояд аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳои онҳо сурат гирад.
Албатта ин падидаи хуб аст, зеро озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рўйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамояд ва омили пешравӣ мегардад. Дар баробари ин, маводҳои интиқодӣ бояд заминаҳои воқеӣ дошта бошанд.
Беҳуда Сарвари давлатамон таъкид накардаанд: «Ҳақиқатро гуфтан зарур аст, вале танқид бояд дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод сурат гирад».
Озодии матбуот ҳаргиз маънии онро надорад, ки ҳар чизеро насанҷидаву оқибатҳои онро наандешида ба мардум пешниҳод созем.
Ба ҳамин тариқ, дар аксар мавридҳо талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” риоя намегардад. Зеро тибқи моддаи 6 Қонуни мазкур (“Роҳ надодан ба сўистифода аз озодии сухан”) “Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурўғин, маълумотҳои тўҳмату иғвоангез, шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, манъ аст”.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба хотири дурнамои ҳамкориҳо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки хабарҳои паҳншаванда, аз он ҷумла дар васоити ахбори омма, мазмунан дуруст ва асоснок бошанд, суханони қабеҳ надошта бошанд ва дар навбати худ кормандони соҳа омодаанд, ки бо ВАО ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги андозии андозсупорандагон, бо тамоми ташкилотҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, ба масъалаҳои нофаҳмо равшанӣ андозанд.