Барак Обама гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо коҳиши нерӯҳояш дар Аврупо, ҳузури бештаре дар Осиё хоҳад дошт.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе (5 январ) бо ҳузур дар вазорати дифоъ ба таври расмӣ санади стратегияи дифоии ин кишварро мунташир сохт.
Раҳбурдеро, ки бар пояи он ИМА бояд тавоноии худро барои пирӯзии як ҷанг ҳифз кунад ва ҳамзамон ин қудратро дошта бошад, то монеи расидани душман ба аҳдофи худ шавад. Ин стратегия ҳамчунин аз артиши Амрико мехоҳад, ки омодагии худро барои муқобила бо террористон ҳифз намояд.
Таъкиди ҳузури бештари нерӯҳои амрикоӣ дар Осиё ба далели афзоиши тавони низомии Ҷумҳурии мардумии Чин дар минтақаи Шарқи Осиё мебошад.
Оқои Обама дар Пентагон дар бораи ин санади стратегӣ гуфт: "Бо ин ки нерӯҳои мо дар маъмурияти кунунии худ пирӯз мешаванд, мо вазифа дорем ба нерӯе, ки дар оянда ба он ниёз дорем, таваҷҷӯҳ дошта бошем."
Тибқи ин раҳбурд, Амрико ҳамчунин метавонад то ҷое, ки ба амнияташ латма ворид нашавад, силоҳҳои ҳастаии худро коҳиш бидиҳад.
Барак Обама пештар аз вазорати дифои Амрико хоста буд, ки ҳазинаҳои худро коҳиш бидиҳад. Вай чанд моҳ қабл бо Конгресс ба мувофиқа расиданд, ки беш аз 450 миллиард доллар дар тӯли як даҳсолаи оянда аз ҳазинаҳои вазорати дифоъ коҳиш дода шавад.
Дар санаде, ки рӯзи панҷшанбе эълон шуд, танҳо ба ҳадафҳои умумии Амрико ишора шуда ва ҷузъиёте дар мавриди мизони коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар худи ИМА ва мизони дақиқи буҷаи бахшҳои низомӣ мунташир нашудааст. Бо ин ҳол, мақомоти амрикоӣ қаблан гуфта буданд, шумораи нерӯҳои артиш дар тӯли 10 соли оянда аз даҳ то понздаҳ дарсад кам карда хоҳад шуд.
Аҳамияти Аврупо ва паймони НАТО нуқтаи дигаре аст, ки дар санади стратегияи дифоии Амрико ба он ишора шудааст. Ҳифзи субот дар Ховари Миёна ва бархӯрди муносиб бо таҳаввулоти кишварҳои арабӣ аз дигар меҳварҳои стратегияи нави дифоии ИМА мебошад.
Дар ин санад ҳамчунин қайд шудааст, ки Амрико барои таваққуфи барномаи ҳастаии Эрон ва Кореяи Шимолӣ талош хоҳад кард. Дастёбии Эрон ва Чин ба силоҳҳое, ки қудрати манёври нерӯҳои дарёӣ ва ҳавоии Амрикоро бо мушкил эҷод кардааст, аз нигарониҳое аст, ки дар стратегияи дифоии Иёлоти Муттаҳида ба он ишора шудааст.