Фоҳишагӣ дар Покистон мамнӯъст, аммо ба яке аз марказҳои дӯстдоштаи ҷалабҳои Осиёи Марказӣ табдил меёбад.
Як журналисти покистонӣ, ки мавзӯъро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, даҳҳо зани ҷавон аз Русия, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбакистон дар Исломобод ва Карочӣ машғули танфурӯшиянд.
Обид Ҳасан ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, дар шаҳри Карочӣ на камтар аз ҳашт гурӯҳи табаҳкор амал мекунад, ки ҳар кадом 10-12 фоҳишаро “зери чатр”-и худ дорад ва аксари онҳо аз кишварҳои Шӯравии собиқанд. Ҳасан тахмин мезанад, ки полис дар ивази ришва фаъолияти ин гурӯҳҳоро нодида мегирад.
Аммо хабарнигори рӯзномаи Independent Питер Попҳем менависад, полис соле дар як ё ду рейд шуморе аз занонро боздошт мекунад. Ҳарчанд бино бар қонунҳои Покистон ба айбдоршавандагони танфурӯшӣ 100 шаллоқ ё ду соли ҳабс таҳдид мекунад, ба навиштаи рӯзнома, онҳо аксаран бо пардохти ҷарима озод мешаванд.
Хабарнигор ба нақл аз чанд муштарии ишқфурӯшони хориҷӣ овардааст, ки ба онҳо занони рус, озарбойҷонӣ ва тоҷик бештар писанд меояд, то турк ё узбак. Яке аз онҳо гуфтааст, ин бонуҳо ба тасаввури покистониҳо дар бораи зебоии классикӣ ҷавобгӯянд. Аммо намояндаи сафорати Узбакистон дар Покистон ба Питер Попҳем гуфтааст, узбакҳо шоданд, ки берун аз ин қазия бошанд. “Кишвари мо заминаҳои устувори динӣ дорад,” – гуфтааст ӯ, – “ва мо ба чунин корҳо роҳ намедиҳем.”
Расонаҳои хабарии Покистон менависанд, фоҳишаҳои хориҷӣ аз масирҳои гуногун – ба воситаи Дубай ва Афғонистон ва ҳамчунин бо парвоз аз Русия ва Қазоқистон худро ба Карочӣ мерасонанд.
Дар бобати он ки чаро Покистон ҳарчӣ бештар ба ҷойи хушкардаи сабукпоён табдил меёбад, журналисти покистонӣ Обид Ҳасан мегӯяд: “барои он ки онҳо дар ин ҷо метавонанд, пули бештар ба даст оранд. Онҳо аз ҳар муштарӣ ё клиент 150 доллар мегиранд, ки аз нархҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз се баробар бештар аст. Дар як шаб метавонанд хидмати ду-се клиентро ба ҷо оранд.”
Ба гуфтаи Ҳасан дар байни мухлисони ин фоҳишаҳо сиёсатмадорон, соҳибкорон ва банкирон зиёданд. Аммо барои истифода аз хидмати занони танфурӯш бояд бо шахсоне шиносоӣ дошт, ки “мадамҳо” ё сарварони танфурӯшонро медонанд. “Онҳоро дар кӯча ё хиёбон намебинед. Ҳама кор бо зангҳои телефонӣ иҷро мешавад. Шахси даркорӣ ҳама чизро рӯ ба роҳ мекунад.”
Журналисти покистонӣ меафзояд, фоҳишаҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар хонае зери назари “мадамҳо” зиндагӣ мекунанд, аз ҳикояти саргузашт ва пешаи худ шарм намедоранд ва солу ду бор ба ватанашон, ба дидорбинии хешовандон мераванд. Аммо тамоми ҳаракати онҳо зери назорати гурӯҳҳои ҷиноӣ ва қочоқбар аст.
Матолиби расонаҳо ин хабарро ба ёд меорад, ки дар моҳи июли соли гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 9 зан боздошт ва бархе аз онҳо ба марзшиканию бархи дигар ба даллагӣ ва фоҳишагарӣ айбдор шуданд.
Сардори шӯъбаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ин ноҳия -- Аскаршоҳ Наврӯзов, он вақт гуфта буд, ки занҳои боздоштшуда сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон буда, бо қочоқбарони афғон робита доштаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин занон қасди сафари Карочиро доштанд.