Расул Боқиев – беҳтарин дзюдочии тоҷик

Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик

Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон Расул Боқиевро беҳтарин дзюдочӣ дар соли 2011-ум эълон кард.
Дар ин бора ба “Озодӣ” Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, хабар дод.

Вай афзуд, Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, порсол ду бор барандаи Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар шаҳрҳои Бухарест ва Алматӣ гардид.

Ёдовар мешавем, Расул Боқиев дар шаҳри Бухарести Руминия дар рақобатҳо дар вазни то 73 килограмм нахуст бар рақибаш Стефан Бичисан, аз Руминия, ғолиб омад. Дар даврҳои баъдӣ Ҷорҷ Фернандеси португолӣ ва Ҷонатан Аллардони фаронсавиро шикаст дод.

Расул дар даври ниманиҳоӣ Даниел Уиллямси инглисро мағлуб кард ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Иосиф Палелашвилии исроилӣ дастболо шуд.

Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик ва Нурулло Лоиқов, раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон

Баъдан паҳлавони тоҷик дар шаҳри Алматии Қазоқистон нахуст бар намояндаи Узбакистон Усмон Дӯстов ғалаба ба даст овард. Сипас ӯ Давид Папауси швейтсариягиро шикаст дод ва дар даври севум бар Элдар Зарифхонови қазоқистонӣ ғолиб омад.

Расул дар даври ниманиҳоӣ бар рақибаш Наврӯз Ҷӯрақулов дастболо шуд ва қасди нокомиашро аз ӯ дар Бозиҳои осиёии Гуанҷоуи Чин гирифт. Боқиев дар қувваозмоии ниҳоӣ Ринат Иброҳимови қазоқистониро мағлуб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Нурулло Лоиқов, раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон, ба Расул Боқиев ҷоизаи “Беҳтарин дзюдочии сол” - телевизори бузурги плазмаӣ тақдим кард.