Гурӯҳи "Толибон" имрӯз эълом кард, ки барои таъсиси “дафтари сиёсии “ худ дар Қатар ба мувофиқа расиданд ва мойиланд барои мусолиҳа гуфтӯгу кунанд.
Гурӯҳи Толибон гуфт, дар воқеъ созиши муқаддамотӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои боз кардани дафтари сиёсӣ дар Қатар ҳосил шудааст.
Дар баёнияи Толибон, ки бо забони пашту нашр шудааст, омадааст: “Мо акнун омодаем, ки дафтари сиёсии худро дар хориҷ аз Афғонистон боз кунем ва дар баробари ин мойилем бо ҳузури қавии худ дар дохили кишвар бо ҷомеаи байналмилалӣ музокира кунем.”
Дар ин замина, ба гуфтаи Толибон бо Қатар ва дигар тарафҳои марбута созиш ҳосил шудааст. Аммо маълум нест, дафтари Толибон кай дар Қатар таъсис хоҳад шуд?
Боз шудани намояндагии Толибонро кишварҳои ғарбӣ ва мақомоти Афғонистон як амри муҳиме дар роҳи музокирот ва хотима додан ба ҷанги даҳсола дар Афғонистон медонанд.
Ваҳид Мужда, таҳлилгари афғон ифтитоҳи дафтари Толибон дар Қатарро як фоли нек медонад: “Ба андешаи ман, ин як гоми муҳим аст, зеро як мушкили аслӣ то кунун ин буд, ки Толибон нишоние надоштанд, ки бо онҳо тамос гирифта шавад ва ё тавонанд, баёнияҳои худро нашр карда ва мавқеъашонро маълум намоянд. Ин амр роҳро барои музокироти сулҳ боз хоҳад кард. “
Ваҳид Мужда, дипломати собиқи афғон мегӯяд, бисёре аз намояндагони Толибон ба мисли Шермуҳаммад Аббос Стоникзай, муовини вазири умури хориҷа дар аҳди Толибон ва Таййиб Оғо, мушовири сиёсии Мулло Умар, раҳбари Толибон дар Қатар ҳастанд ва ҷараёни таъсиси намояндагии ин гурӯҳро назорат мекунанд.
Баёнияи Толибон ҳамчунин дар торнамои “Садои Ҷиҳод” нашр шудааст, ки онро вебсайти Толибон медонанд. Дар баёния аз Амрико талаб кардаанд, ки Толибони зиндонӣ дар боздошгоҳи Гуантанаморо раҳо кунад.
Ҳукумати Афғонистон моҳе пеш сафири худро аз Қатар фаро хонд, зеро ба гуфтаи давлати Афғонистон, масъалаи ифтитоҳи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар бе огаҳии онҳо баррасӣ шудааст.
Аммо ҳафтае пеш Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, беҳтар аст, дафтари Толибон дар Туркия ва ё Арабистони Саудӣ ифтитоҳ шавад, вале агар Амрико пофишорӣ кунад, мухолифи интихоби Қатар барои таъсиси ин намояндагӣ нест.
Толибон, ки соли 1994 дар ҷануби Афғонистон зуҳур карданд, то соли 2001 ба истиснои баъзе аз манотиқи шимолӣ тамоми Афғонистонро ба назорати худ дароварда буданд.
Соли 2001 дар амалиёти зиддитеррористӣ ба раҳбарии Амрико сарнагун шуданд, вале аз он сол то кунун алайҳи ҳукумати Ҳомид Карзай ва нерӯҳои хориҷии ба раҳбарии НАТО меҷанганд.
Толибон, ки ҳамвора хостори низоми исломӣ дар Афғонистон будаанд, дар баёнияи худ гуфтаанд, ки аз ҳадафи худ барои таъсиси чунин ҳукумат даст намекашад: “Аморати Исломии Афғонистон, яъне Толибон ҳамеша гуфтааст, ки ишғол бояд хотима ёбад ва афғонҳо худашон тавонанд ҳукумати исломиро таъсис диҳанд, ки ба касе осеб намерасонад.”