IFJ: "Хушунат алайҳи хабарнигорон афзоиш ёфтааст"

Федератсияи байнулмилалии журналистон мегӯяд, дар соли 2011 беш аз сад тан аз хабарнигорон дар ҷаҳон кушта шудаанд.
Федератсия Байнулмилалии Журналистон гуфтааст, дар соли 2011-и милодӣ, Покистон барои хабарнигорон бадтарин кишвар будааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар соли 2011 хушунат ва бархӯрд бо хабарнигорон афзоиш ёфтааст. Хабарнигори Ройтерз гузориш додааст, ки дар ҷараёни ҳамин сол дар маҷмӯъ дар Покистон ёздаҳ тан хабарнигор кушта шудаанд.

Ироқ ва Мексика пас аз Покистон дар зинаҳои аввали ҷадвал дида мешаванд ва шоҳиди бархӯрдҳои хушунатомез бо хабарнигорон будаанд.

Федератсияи байнулмилалии журналистон мегӯяд, дар ҷараёни соли 2011–и милодӣ дар саросари ҷаҳон 106 хабарнигор кушта шуданд, дар ҳоле ки теъдоди хабарнигорони кушташуда дар соли 2010 ба 94 тан мерасид.

Ба гуфтаи ҳамин ниҳод, бист тан аз хабарнигорон имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ ва боқимондаҳо бар асари рухдодҳои хушунатомез кушта шудаанд.

Федератсияи байнулмилалии журналистон, ки маркази он дар Бруссел аст, ҳукуматҳоро мавриди интиқод қарор додааст, ки шароити лозимро барои ҳифзи хабарнигорон фароҳам накардаанд ва афродеро, ки бо хабарнигорон бархӯрди сахт мекунанд, ба панҷаи қонун насупориданд.

Ҷим Боумелҳа, раиси ҳамин ниҳод аз Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал хостааст, то дар ин маврид иқдом кунад. Ӯ ҳамчунин аз оқои Бан Ки Мун хостааст, то ҳукуматҳои кишварҳоеро, ки дар он хабарнигорон кушта мешаванд, мутаваҷҷеҳи масъулияҳояшон бисозад.

Пеш аз ин Созмони хабарнигорони бидуни марз дар як гузориш марги 66 тан аз хабарнигоронро таъйид карда буд. Дар гузориш ҳамчунон гуфта шуда буд, ки Покистон монанди солҳои гузашта барои хабарнигорон, яке аз ду кишвари хатарнок дар тамоми ҷаҳон маҳсуб мешавад.