Калимаҳои нофаҳмои Радиои Озодӣ

Сокинаи Абдулазиз, хонандаи хабару гузоришҳои Радиои Озодӣ дар шабакаи Фейсбук навишт, ки чаро ҳар рӯз дар забон як навоварӣ мешавад.
Сокина маънои калимаи “лағв”-ро нафаҳмидааст. Сарлавҳаи гузориш “Дар Соли нав лимит лағв мешавад”. Барои он ки хонандаи мо маънои ин калима ва дар натиҷа мазмуни сарлавҳаро нафаҳмид, мо онро иваз кардем: “Дар Соли нав лимит бекор мешавад”. Сокина ташаккур кард. Ҳатман хонандагоне ҳастанд, ки фаҳмидани маънои “лағв” барояшон душворӣ надорад, аммо агар он ба як хонанда нофаҳмо буд, пас истифодаи он раво нест.

Лағв” калимаи арабист, ки солҳои охир пайдо шуд ва “бекор”-ро тақрибан аз байн бурд.

Хонандаи дигари мо – Саид навиштааст, ки “муҷаввиз”-ро нафаҳмид, ки фаҳмояш “иҷозат” ё “иҷозатнома” аст. Осим, як хонандаи сомонаи Радиои Озодӣ менависад, “ин қадар забонатон вазнин. Бояд забони ВАО содда ва оммафаҳм бошад.” Аммо ӯ нанавиштааст, кадом калима ё ҷумлаву ибора барояш нофаҳмо будааст. Пештар, шахсе навишта буд, ки калимаҳои "эҳдос" ва "муваззаф"-пр нафаҳмидааст.

Журналистон талош мекунанд, ҳодиса ё хабарро то дараҷае, ки мумкин аст, аниқу рӯшану фаҳмо ба хонанда бирасонанд. Дар ин байн онҳо бояд аз як сӯ қоидаҳои забонро риоят кунанд ва аз сӯи дигар сатҳи забондонии хонандаи худро дар назар дошта бошанд. Барои ин ёрии хонандагон ҳам хеле муҳим аст ва метавон аз Сокина ва Саид самимона ташаккур кард.

Ва ин пурсишро пеши хонандагони арҷманд гузошт, ки барои Шумо кадом калима ё ибораҳо нофаҳмо ё мушкилфаҳманд. Дар бораи забони сомонаи Радиои Озодӣ чӣ гуфта метавонед ва барои беҳбуди он чӣ пешниҳод доред? Интизори фикру ақидаҳои Шумоем, назари худро бинависед. Бовар кунед, назари Шумо ба ҳазорон нафар кӯмак хоҳад кард.