"Равшан" бе сарпараст монд

«Агроинвестбонк» дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро дигар маблағгузорӣ намекунад.
Акрам Ҳусайнов, ноиби президенти клуби «Равшан» мегӯяд, соли гузашта ин бонк барои бозиҳои даста 1 миллиону 32 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории «Агроинвестбонк» бо хоҳиши шифоҳии Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар сурат гирифта буд. Масъулини «Агроинвестбонк» низ ваъда карда буданд, ки ин дастаро маблағгузорӣ мекунанд. Аммо ҷаноби Ҳусейнов мегӯяд, ғайри интизор, бо ирсоли як номаи расмӣ, ин бонк аз маблағгузории даста дар соли 2012 даст кашидааст.

Ӯ гуфт: «Дастаи мо аз ҳама дастаҳои дигар камтар пул гирифта буд. Боз ҳам мо аз тобистон ба ин сӯ дигар пули бурдҳоро нагирифтем. Намедонем, ки бо кадом сабаб бонк пулҳои бурдро надод. Лек имсол дар мактубе гуфтанд, ки дигар мо маблағгузорӣ намекунем. Ба ҳар ҳол мо ба ин бонк раҳмат мегӯем, ки моро як сол кӯмак кард. Аммо агар аз ҷои дигар ба мисли дигар дастаҳо моро кӯмак накунанд, намедонам, аҳвол чӣ мешавад. Умедворем, ки моро аз ҷои дигар маблағгузорӣ мекунанд. Раиси шаҳр ваъда доданд.»

Бархе коршиносон мегӯянд, бозиҳои дастаи «Равшан» дар тобистони соли 2011 тобиши сиёсӣ гирифтанд. Дар 14-уми июн пас аз бозии дастаи «Истиқлол» ва «Равшан» беназмӣ рух дод.

Маҳмудҷони Раҳмат, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, атрофи дастаи «Равшан», ки аз сермухлистарин даста дар Тоҷикистон гардида буд, ҳангомаҳо зиёд шуд. Мухлисони зиёде барои беназмиҳо ҷазо гирифтанд ва афроде пайдо шуд, ки гуфтанд, бо ба по хезонидани мухлисон, гурӯхе аҳдофи сиёсӣ дар пай доранд. Аз ин рӯ, Маҳмудҷон мегӯяд, дар дили маблағгузорон ва ҳомиёни «Равшан» тарс пайдо шуд.

Ӯ мегӯяд: «Пас аз беназмиҳо Сафармад Рустамов, соҳибкори маҳаллиро боздошт карданд ва овоза шуд, ки ӯро барои маблағгузорӣ ба мухлисон гунаҳкор медонанд. Ҳамин тавр мухлисӣ аз «Равшан» дигар хел баҳо дода шуд. Фикр мекунам, ки маҳз ҳамин омил аст, ки «Агроинвестбонк» намехоҳад дастаро маблағгузорӣ кунад.»

Аммо масъулини «Агроинвестбонк» дар Кӯлоб мегӯянд, маблағгузорӣ накардани дастаи «Равшан» ҳеҷ омили сиёсӣ надорад. Ба гуфтаи онҳо, бархе аз саҳмияҳои ин бонкро Бонки Аврупоии Рушд харидорӣ кардааст, ки дигар онҳо бе иҷозаи ин бонк ҳеҷ коре карда наметавонанд. Барои маблағгузорӣ кардани як дастаи футбол, ин бонк ризоият надодааст.

Дастаи «Равшан» аз сермухлистарин дастаи футбол дар Тоҷикистон аст, ки дар сабқати имсолаи Лигаи олии кишвар мақоми саввумро касб кард.

БЕНАЗМИҲО ДАР ВАРЗИШГОҲИ КӮЛОБ (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бенизомӣ дар варзишгоҳи Кӯлоб