Соли 2011 - соли харгӯш ва соли таҷлил аз 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон – барои ин кишвар ба сурати умум ором гузашт.
Албатта, ба истиснои амалиёти алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт, ки то моҳи май идома кард ва қазияи халабонҳо, ки мунҷар ба як таниши шадид дар равобити Душанбе бо шарики стротегиаш – Русия шуд.
Вале дар ҳамин сол буд, ки Тоҷикистон бо як шукӯҳи низ бесобиқае аз солгарди истиқлолаш таҷлил кард ва бо милаи 165-метрии Парчами миллиаш шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд.
Ва ҳамин сол буд, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба сабқати гуруҳии бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳон 2014 «тасодуф» роҳ ёфт ва дар тамоми рақобатҳо бо ҳарифонаш мағлуб шуда ва ҳатто ба хотири мухлисон ҳатто як гол ба дарвозаи ҳарифонаш назад.
Дар навори видеоии «Озодӣ», мухтасар аз 10 таҳаввули муҳими соли 2011 ҳикоят мешавад. Аммо ба назари шумо, боз кадом ҳодисаҳо барои Тоҷикистон дар соли 2011 муҳим буд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад