Баъди як соли талотум, ҷаҳони араб ҳоло дар як чаҳорроҳае қарор гирифтааст.
Садҳо ҳазор тазоҳургар дар Тунису Миср ва Либияву Сурия ва ҷойҳои дигар оё ба орзуву ормонҳои худ хоҳанд расид? Оё ин кишварҳо демократӣ мешаванд ва ё танҳо як идеологияи нави сиёсӣ дар Ховари Миёна дар ҳоли шаклгирӣ аст?
Соли оянда ҷомеаи ҷаҳонӣ аз наздик ҷаҳони арабро мушоҳида хоҳад кард ва дар ин миён таҳлилгарон бештар ба Миср, яке аз қудратҳои аслӣ дар минтақа таваҷҷӯҳ кардаанд, ки ба сари он чӣ хоҳад омад.
Холид Фаҳмӣ, профессори мисрӣ баъди тарки як маҷлис телефони ҳамроҳашро боз кард ва шаш занги бепосухи модарашро ёфт ва фаҳмид, ки ҳодисаи баде рух додааст. Ӯ фавран ба майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира шитофт, ки дар онҷо маъмурони пулис мехостанд, бародарзодаи ӯро барои ширкат дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ боздошт кунанд, тазоҳуроте, ки дар ниҳоят ба ҳукумати тақрибан 30-солаи Ҳуснӣ Муборак дар Миср хотима дод: “Ин ҳодиса дар хотираи ман нақш бастааст. Ман шоҳиди айнии ин рӯзҳои воқеан таърихӣ будам. Дидани ин ҳама ҳайратангез буд, бахусус дар рӯзи 28 январ, ки нерӯҳои амниятӣ аз ҳам пошиданд, нерӯҳои амниятие, ки тайи даҳсолаҳо мардуми Мисрро терор мекарданду метарсониданд. Лаҳзаи ҳайратовар, ақибнишинии онҳо дар баробари мардуми собитқадаме буд, ки дар ниҳоят қарор карданд, барои шаъну шарафи худ бархезанд ва бигӯянд, ки чунин бархӯрди ғайриинсониву золимонаи пулиси Миср бо мардум бас аст.”
Тазоҳуроти Миср, мавҷи дигари қиёмҳое буд, ки аз моҳи декабри соли 2010 дар Тунис шурӯъ шуд ва Шимоли Африқову Ховари Миёнаро фаро гирифт. Дар натиҷа ҳукуматҳои Тунису Миср ва Либия суқут карданд ва тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Яману Сурия ва дигар кишварҳои арабӣ ҳамчунон идома дорад. Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, идомаи муборизаҳои сиёсӣ дар Миср, сераҳолитарин кишвари Ховари Миёна барои сарнавишти тамоми минтақа бисёр муҳим аст.
Стивен Кук, муаллифи китоб дар бораи таҳаввулоти ахир дар Миср аз ҷумлаи ин таҳлилгарон аст. Ба гуфтаи вай, амният дар Миср бисёр муҳим аст ва дар сурати идомаи нооромиҳо, хушунату номуайянӣ ва ё зуҳури низоми худкома дар Миср, паёмади он барои тамоми минтақа фалокатбор хоҳад буд.
Аммо Ид Ҳусайн пажӯҳишгар дар Шӯрои умури хориҷӣ, як муассисаи таҳқиқотӣ дар Амрико хушбин аст ва мегӯяд: “Орзуи аслии ман аз Миср идомаи ҳаракате аст, ки дар ҷаҳони араб дидем, яъне идомаи ҷараёнҳои демократӣ, талош барои озодӣ, ҳуқуқи аққалиятҳо, ҳуқуқи масеҳиёну дигарон дар минтақа. Тамоми маънии инқилоб дар ҳамин ҳаст.”
САҲНАҲОЕ АЗ "БАҲОРИ АРАБ"--МИСР (АЗ БОЙГОНӢ)
Аммо баъзе аз таҳлилгарони дигар, аз ҷумла Муҳаммад Фозил, профессори улуми ҳуқуқ дар Донишгоҳи Торонто мегӯяд, инқилобҳо дар Мисру Тунис дар асл на барои демократияи ғарбӣ, балки барои модернизми исломӣ аст, ки кишварҳои арабӣ тайи 60 соли ахир орзуи онро доштанд. Ин таҳлигарон пирӯзии баъзе аз аҳзоби исломӣ дар интихоботҳои Тунису Мисрро мисол меоранд.
Ид Ҳусайн мегӯяд, маҳбубият ёфтани ҷараёнҳои тундрав ба мисли Салафия дар Миср ва раҳо кардани афроди гунаҳкор ба терроризм дар Миср метавонад, сабаби авҷ гирифтани тундгароии исломӣ ва терроризм шавад.
Вале Холид Фаҳмӣ, профессори ҷавони мисрӣ, мегӯяд, ин ҳама нигарониҳо дар баробари муваффақияте, ки кишвараш ба даст овард, арзише надоранд: “Мо шоҳиди марҳилаи сарнавиштсоз ҳастем. Тайи шояд 100 сол ва ё бештар аз ин мардуми минтақа дар одамони дигаргуна дар Мисру Либияву Сурия, Баҳрайн ва Тунис мебинанд, ки сар бардоштаанд ва ҳақи онро доранд, ки шеваи раҳбарии кишварашонро муайян кунанд. “
ХУШУНАТҲО ДАР ЛИБИЯ (АЗ БОЙГОНӢ)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад