Қатли Усома бин Лодин, сӯиқасдҳои сиёсӣ, ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин, амалиётҳои бепоёни ситезаҷӯён, корвонҳои сӯхтаи НАТО дар соли 2011 нишон дод, ки акнун Покистон ба майдони аслии ҷанг алайҳи терор табдил шудааст.
Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, дар боздидаш аз Исломобод дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд: “Мо медонем, ки ба бовари баъзеҳо Амрико бо ҷанг алайҳи Ал-қоида, ҷангеро болои Покистон бор кардааст. Аммо тундгароёни хашин, на танҳо таҳдид барои Амрико, балки таҳдид барои Покистон ва дар воқеъ таҳдид барои тамоми ҷаҳони мутамаддин ҳастанд.”
Ҷаноби Биден хост, бо ин гуфта чунин нигарониҳо дар Покистонро фӯру нишонад ва раванди ҳамкориҳои дуҷониба барои маҳви тундгароиро мушаххас кунад. Аммо то охири соли 2011 рӯшан шуд, ки Покистон аз як шарики аслӣ дар ҷанг алайҳи террор ба ҷабҳаи аввали дар ин ҷанг табдил шуд.
Ва эълони Барак Обама дар бораи қатли Усома бин Лодан дар рӯзи 2-юми май, ба истилоҳ бозиро ба кулли тағйир дод: “Имрӯз бо фармони ман, Амрико амалиёте дар як қароргоҳе дар шаҳри Аббатободи Покистонро шурӯъ кард. Баъди даргирӣ онҳо Усома бин Лодинро кушта ва ҷасади ӯро гирифтанд.”
Террористи рақами аввал дар ҷаҳон, ки Покистон ҳамеша ҳузури ӯ дар қаламравашро рад мекард, дар як хонаи мӯҳташаме ва чанд қадам дуртар аз як қароргоҳи мӯътабари артиши Покистон ёфт шуд. Амалиёти маҳви бин Лодинро нерӯҳои махсуси амрикоӣ пинҳонӣ ва бе огоҳии мақомоти Покистон анҷом доданд, ки ин ҳукумати Исломободро шармсор кард ва хашми мардумро ҳам барангехт.
Ҳузури бин Лодин дар Покистонро, дар минтақа далели паноҳгоҳи террористон будани он кишвар хонданд, аз ҷумла Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон.
Баёнияҳои ҳамсон аз Ҳинди ҳамсоя бо Покистон ҳам садо доданд. Дар Осиёи Марказӣ ҳам Покистонро лонаи тундгароёне медонанд, ки аз онҷо ба қаламрави кишварҳои минтақа омада, ҳамлаву харобкорӣ мекунанд. Чанд тундгарое, ки дар Тоҷикистон ҳам кушта шудаанд, ба гуфтаи мақомот дар Покистон омӯзиш гирифтаанд.
Ҳамлаҳои васеъмиқёс дар Афғонистонро низ кори дасти шабакаи Ҳаққонӣ гуфтанд, ки дар Покистон паноҳ ёфтааст ва ба гуфтаи адмирали амрикоӣ Майкл Муллен, бозуи амалкунандаи Хадамоти Ҷосусии Покистон (ISI) аст.
Баъди ин, ҳодисаи дигаре Покистонро дар муқобили Амрико қарор дод. Дар охири моҳи ноябр дар ҳамлаи чархболҳои НАТО ба ду посгоҳи марзии Покистон, 24 сарбози ин кишвар кушта шуданд. Ҳодисаи мазкур давлати Покистонро ошуфта кард, ки дар ҷавоб аз ширкат дар нишасти муҳим дар бораи ояндаи Афғонистон
даст кашид, роҳи мошинҳои лавозимот барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро баст ва аз Иёлоти Муттаҳида хост, пойгоҳи низомиеро холӣ кунад, ки ҷойи парвозу нишасти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин буд, ки тундравону терористонро ҳадаф мегиранд.
Баъдан моҷаро бар сари номаи махфие бархост, ки гӯё дар он як намояндаи ҳукумати Покистон аз Амрико хостааст, ки аз табаддулоти давлатии эҳтимолӣ аз сӯи артиш ҷилавгирӣ кунад. Ин моҷаро ба оташи эҳсосоти зиддиамрикоӣ дар Покистон рӯған рехт.
Баъди чанде Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон гуфт, кишвараш бояд муносиботаш бо Ғарбро бознигарӣ кунад: “Мо маҷбур шудем, ки ин тадобирро ба хотири ҳифзи манофеъи Покистон биандешем. Ба ҳайси як кишвари масъул, Покистон барои сулҳу субот дар минтақа ҳар кореро, ки аз дасташ меояд мекунад. Вале мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки касе манофеъи барҳақи моро халалдор кунад. “
Идомаи сару садоҳо доир ба табаддулоти эҳтимолӣ дар Покистон, вазъи бади иқтисодӣ, эҳтимоли баргузории интихоботи пАрлумонӣ ва моҷароҳои дохилии сиёсӣ дар Покистон, ғолибан кишварҳои хориҷии саҳим дар ҷанг алайҳи террорро маҷбур мекунад, ки соли оянда низ чашм аз сӯи Покистон накананд.