Солеҳ ваъда дод, ки аз фаъолияти сиёсӣ канор меравад

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ

Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ гуфт, қасд дорад ба Амрико рафта, чанд муддат дар он ҷо бимонад.
Ин дар ҳолест, ки ҳазорон нафар аз мухолифони Солеҳ рӯзи шанбе (24 декабр) дар шаҳри Санъо даст ба тазоҳурот зада ва хостори муҳокимаи ӯ шуданд.

Бар пояи иттилои хабаргузориҳо, нерӯҳои вафодор ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бо газҳои ашковар ва худравҳои обпош монеи расидани тӯдаи мӯътаризон ба назди кохи раёсати ҷумҳурӣ шудаанд.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури Яман, пас аз даргирии нерӯҳояш бо мӯътаризон ба хабарнигорон гуфт, ки “ба Иёлоти Муттаҳида хоҳам рафт. На барои дармон, чаро ки ҳолам хуб аст. Ба хотири он ки мехоҳам дур аз назарҳо ва дурбинҳо бошам ва давлати ваҳдати миллӣ битавонад худро барои баргузории интихобот омода бикунад.”

Оқои Солеҳ илова кард, ки “дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чандин рӯз хоҳам монд, аммо бархоҳам гашт. Зеро мардуму рафиқонам, онҳоеро, ки барои 11 моҳ истодагарӣ карданд, тарк намекунам.”

“Ман аз кори сиёсӣ канора мегирам ва ба унвони бахше аз оппозитсиюн ба хиёбон меравам”,-таъкид кард Солеҳ.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пас аз чанд бори ба ваъда вафо накарданҳояш пазируфтааст, ки аз раёсати ҷумҳурии Ямаан канорагирӣ кунад. Тибқи тарҳи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс то баргузории интихоботи дар моҳи феврал ӯ раисиҷумҳури қонунӣ хоҳад буд, то ин ки қудратро ба муовинаш вогузор намояд.

Дар моҳи декабр давлати ваҳдати миллӣ, ки ҳидояти онро оппозитсиюн ё мухолифон бар ӯҳда доранд, дар Яман ташкил шуд ва қарор аст то замони баргузории интихобот ин кишварро идора бикунад.

Рӯзи сешанбе даҳҳо ҳазор нафар, ки хостори муҳокимаи Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ҳастанд, аз шаҳрҳои мухталифи Яман ба самти пойтахт ҳаракат карданд. Вале ҳаводорони Аблӣ Абдуллоҳ Солеҳ рӯзи ҷумъа (23 декабр) дар наздикии кохи раёсати ҷумҳурӣ таҷаммӯъ карда ва ҳимояти худро аз Солеҳ эълон карданд.

Бино ба гузориши хабаргузории Фаронса ва ба нақл аз манобеъ дар бемористоне рӯзи шанбе (24 декабр) камаш ҳафт тан аз мухолифони Абдуллоҳ Солеҳ ба зарби гулӯла кушта ва чандин нафар ҳам захмӣ шудаанд.