Ҳавел рафт, аммо дар ёдҳо боқист

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи ҷумъа сарони кишварҳо ва симоҳои шинохтаи олам дар маросими дафни Ватслав Ҳавел ширкат варзиданд.
Адиби дигарандеш Ватслав Ҳавел дар пайи фурӯпошии режими коммунистии Чехословакия сари қудрат омада, дар бунёди давлатии демократии Чехословакия ва баъдан Чехия саҳмгузор будааст.

Дар пайи бемории тӯлонӣ Ҳавели 75 сола рӯзи шанбеи 18-уми декабр вафот карда буд. Маросими видоъ бо Ҳавел нисфрӯз бо 21 салюти тӯпхона ва садои зангӯлаҳои калисоҳои саросари ҷумҳурии Чех шурӯъ шуд.

Дар маросими худоҳофизӣ бо Ҳавел, 15 раҳбари давлату ҳукуматҳо ва ҳайатҳои кишварҳои мухталиф, аз ҷумла президенти Фаронса Никола Саркозӣ ва президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, сарвазири Британия Дейвид Камерон, вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон ҳамроҳ бо шавҳараш собиқ президенти ИМА Бил Клинтон ҳузур доштанд.

Усқуфи шаҳри Прага Доминик Дука дар маросими видоъ дар калисои Вити муқаддас замони маҳбусии мушатаракаш ва шоҳмотбозиашон дар зиндони сиёсиро ба ёд овард.“Ман аз ту миннатдорам, ки он замон дар зиндон ва баъд дар озодӣ ҳамроҳ бо ман будӣ.”

Дар пайи суханрони усқуфи Прага, президенти Чех Ватслав Клаус ва як идда сиёсатмадорону дӯстони Ҳавел ваъда доданд, ки дастовардҳои ин марди наҷибро ҳифз хоҳанд кард.

Собиқ котиби давлатии ИМА Мадлен Олбрайт, ки дар ҷумҳурии Чех ба дунё омадааст, ҳамкориҳои судмандаш бо Ҳавелро ёдовар шуд. Дар давраи раёсатҷумҳурии Ҳавел, он замон президенти ИМА Бил Клинтон дар яке аз тарабхонаҳои пойтахти ҷумҳурии Чех саксофон навохта буд.

Ҳатто ҷумҳурии Беларус, ки борҳо мавриди интиқоди шадиди Ҳавел қарор гирифтааст, барои ширкати маросими дафни аввалин президенти Ҷех ҳайати расмиеро ба Прага ирсол намуд.


Дар ҳамин ҳол аз номи Руссия касе дар маросими видоъ бо Ҳавел ҳузур надошт. Ҳомии ҳуқуқи башари Русия Владимир Лукин бо ташаббуси шахсӣ дар маросими дафни Ҳавел зуҳур намуд.

Барои видоъ бо Ҳавел даҳҳо ҳазор сокини гӯшаҳои мухталифи ҷумҳурии Чех ба Прага омада буданд. Ҷавоне бо номи Якуб аз шаҳри Орлитк дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умед кард, ки бо фавти Ҳавел, мероси ӯ аз байн нахоҳад рафт: “Ӯ ягона буд. Касе дар саҳнаи сиёсии кишвар ба мисли ӯ намондааст ва эҳтимол ҳеҷ гоҳ пайдо ҳам нашавад.”

Адиби дигарендеш Ҳавел дар соли 1989 аввалин президенти Чехословакия дар давраи баъди фурӯпошии режими коммунистӣ интихоб шуда, дар соли 1993 баъди тақсимшавии Чехия ва Словакия, аввалин президенти Чехия интихоб шуда дар давоми даҳ соли баъдӣ, яъне замоне, ки Чехия барои вуруд ба паймони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо талош меварзид, сарварии ин кишварро бар ӯҳда доштааст.

Ҳавел солҳои зиёдеро дар зиндонҳои коммунистӣ сипарӣ карда, гирифтори бемории роҳҳои нафас шуда буд. Соли 1996 табибон дар ҷисми Ҳавел саратони шушро ташхис намуданд. Муолиҷаи бомуваффақияти ҷарроҳӣ имкон дод, ки ҳаёти Ҳавел боз барои чандин соли дигар тамдид ёбад.