Фишорҳои мақомот ва баҳсҳои додгоҳии пайдарпай, зоҳиран хабарнигорони тоҷикро ба ҳам овардааст.
Солҳои ахир мақомот бештар аз пештар хабарнигоронро дар ростои интихоб қарор медиҳанд, яъне озодии баён ё таъқиби додгоҳӣ ва ё худсонсурӣ. Дар чунин ҳол хабарнигорон роҳи барои худ беҳтарро интихоб карданд – якдилӣ ва пуштибонӣ аз якдигар.
Соли гузашта дар ҷараёни нооромиҳо дар минтақаи Рашт, вақте ки мақомот хабарнигоронро таҳти фишор қарор доданд, якдилии журналистҳо дар таъсиси «Кумитаи 29 сентябр» зоҳир шуд, ки аз ҳуқуқҳои ҳирфаи журналистҳо дифоъ мекард.
Ҳоло матбуоти мустақил дар набард бо фишори ҳукуматдорон ғариза ва ё инстинкти махсус ҳосил кардааст. Ҳамдилии рӯзноманигорон ва нашрияҳое, ки тахти таъқиби додгоҳӣ қарор гирифтаанд, шеваи нави вокуниш ба фишорҳои мақомот аст.
Ба гуфтаи коршиносон, ин механизм дар ҷараёни боздошт ва мурофиаи Урунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоилов бештар мушоҳида шуд. Баррасиҳои ошкори наҳваи боздошти хабарнигорон дар матбуот ва далелҳои зиддунақизи айбдоркунандаҳо, қариб дар тамоми васоити ахбори мустақил пахш шуд.
Аммо ҳамдилии рӯзноманигорони тоҷикро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст. Дар соли 2013, соли интихоботи раёсати ҷумҳури баргузор мегардад. Мақомоти Тоҷикистон маъмулан дар маъракаҳои интихоботӣ, махсусан интихоботи раёсати ҷумҳур назорат бар матбуоти мустақилро бештар мекунанд. Дар чунин маъракаҳои сиёсӣ аз ҳама бештар нашрияҳо қурбон мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад