Бархе аз сиёсатмадорон дар пайи суханони бемаврид ё ошкор шудани сӯҳбатҳои маҳрамонаашон худу атрофиёнро дар ҳоли ногувор гузоштанд.
20 ноябр дар шаҳри Канн президентҳои Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида Никола Саркозӣ ва Барак Обама интизори оғози нишасти матбуотӣ буданд, вале онҳо фаромӯш карданд, ки микрофонҳои дар гиребонҳояшон васл шуда, рӯшан ҳасту ҳарфи онҳоро дигарон ҳам мешунаванд.
Хуллас, Саркозиву Обама ноогаҳ аз микрофонҳои рӯшан ба арзёбии равобити печида бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу пардохтанд. Саркозӣ гуфт, “Натаняҳу дурӯғгӯ аст”. Дар ҷавоб Обама гуфт, “Шумо аз ӯ нороҳат ҳастед, вале ман маҷбурам ҳар рӯз бо ӯ сару кор дошта бошам.”
Қазияи дигар дар Маскав рӯй додааст. Шашуми декабр дар пайи эълони натиҷаи интихоботи порлумонии Русия мардуми зиёде ба кӯчаҳои шаҳрҳои мухталифи
Русия баромада, лағви натиҷаҳои раъйдиҳиро тақозо карданд. Ҳангоми баҳси эътирозҳо дар шабакаи иҷтимоии Твиттер, аз номи президенти Русия Дмитрий Медведев дашноми қабеҳтарини мунаққидони ҳизби ҳоким пахш шуд. Албатта, баъди муддате Кремл ин суханонро аз сомона берун карда, изҳор намуд, ки онро аз номи Медведев як ходими сомона навиштааст, ки ҳатман ҷазояшро хоҳад гирифт.
Ибтидои соли 2011-ум дар Форуми Давос президенти Украина Виктор Янукович бо ишора ба мизбонии мусобиқаи Ҷоми Аврупоии Футбол дар соли 2012-ум сармоягузоронро ба кишвараш даъват кард. Шореҳон мегӯянд, забони авввали Янукович русӣ мебошад ва аз ин рӯ, вақте ӯ аз матн берун мешавад, нисфи суханонаш ба русиву нисф ба украинӣ зада мешаванд, ки худи ӯ ҳам ҳарфашро гум мекунад.
Дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ номзадҳо саъй мекунанд, ҳар чӣ бештар худро дар миёни мардум нишон диҳанд. Тирамоҳи соли 2011 номзад ба курсии президенти Мексика Энрике Пеня Нейто аз намоишгоҳи байнулмилалии китоб дар шаҳри Гвадалаҳара зиёрат кард, вале вақте як рӯзноманигори кунҷков аз ӯ хост то номи се китоберо зикр намояд, ки дар ҳаёти ӯ муассир будаанд, ин ситораи собиқи саҳнаи ҳунар комилан худро аз даст доду чизеро беш аз Таврот ба хотир наовард.
Номзади дигари раёсати ҷумҳурӣ, волии иёлоти Тексас Рик Перрӣ кӯшиш дорад, ки ҳамчун номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои ишғоли курсии президенти Амрико пешбарӣ шавад. Ҳангоми муаррифии барномааш Перрӣ гуфт, агар президент шавад, як идда вазоратҳоро ихтисор мекунад, вале вақте мизбони сӯҳбати телевизионӣ аз ӯ хост вазоратҳои ихтисоршавандаро номбар кунад, Перрӣ чанд дафъа вазоратҳои маорифу тиҷоратро ёдовар шуда, аз он беш чизе гуфта натавонист.
Ҳерман Кейн, ном сиёсатмадори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ низ тирамоҳи соли 2011 муддате барои ширкат дар сабқати президентии ИМА ширкат дошт. Вақте аз Кейн суол карданд, ки оё воқеан президенти Амрико бояд номи президентҳои кишварҳои оламро донад, ӯ бо истеҳзо аз номи Узбакистон ёд карду гуфт, ки оё аз донистани номи раҳбари ин кишварҳо дар Амрико ягон ҷои нави корӣ пайдо хоҳад шуд?”
Ҳодисаи дигар ба ҳукумати барканоршудаи сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ иртибот дорад.Тобистон профессори риёзиёт Франческо Брага, ки худ аслан аз Италия буда, 30 сол инҷониб дар Канада иқомат дорад, номашро дар рӯйхати аъзои ҳукумати Берлусконӣ пайдо мекунад. Дар расонаҳои хабарӣ ҳатто арзёбии лаёқати ӯ ба ин вазифа аз тарафи вазири кишоварзии Италия қадрдонӣ шуда буд. Вале баъди таҳқиқоти зиёде маълум шуд, ки ба вазифаи ҳукуматӣ на профессор Франческо Брага, балки профессор Франко Брага аз донишгоҳи Рум пешбарӣ шудааст.
Билохира 3 октябри соли 2011 панҷоҳ донишманди Шветсия номзадии Ралф Стейнман ва кашфиёти ӯ дар таҳкими иммунитет ё худ масунияти бадани инсонро барои ҷоизаи Нобел лоиқ шумурданд. Вале онҳо намедонистанд, Стейнмани 68-сола ду рӯз пеш аз бемории саратон дар гузашта буд. Ҳамин тариқ, барои аввалин бор дар таърихи 110 соли мавҷудияти ҷоизаи Нобел нафари фавтида сазовори гирифтани он дониста шуд.