Бино ба иттилои Ассосиатсия тоҷирони хурду миёнаи Тоҷикистон, дар чанд соли ахир 41 дарсади ширкатҳои хусусӣ ва корхонаҳои тавлидӣ дар Тоҷикистон аз кор боз мондаанд.
Сино НеъматӢ, як тоҷир аз Душанбе гуфт, ки панҷ соли қабл ба Тоҷикистон маводи сӯхт ворид мекард. Ба эътиқоди вай, дар чанд соли ахир монополия шудани бозори сӯхт аз сӯи ширкати "Газпром", ширкатҳои кӯчаку миёнаро аз фаолият боз дошт ва рақобат аз байн рафт.
Вай афзуд: «Дар ин бора мушкилиҳои зиёде пеши тоҷир ва соҳибкор эҷод шудааст. Ман ду соли пеш имкон доштам аз Қазоқистон як тона мазутро бо қимати 250 доллар биёрам, вале ширкати "Барқи Тоҷик" аз ман мазут нагирифт ва мазути бо қимати 500 доллар харидаи ширкати "Талко"-ро гирифт.»
ЧАРО БАХШИ ХУСУСӢ РУШД НАМЕКУНАД?
Агар тавсеаи фасод як омили аслии монеъа дар рушди бахши хусусӣ унвон шуда бошад, коршиносони байналмилӣ андозҳои сангин, дастрасӣ надоштани бахши хусусӣ ба бонкҳоро омилҳои дигари монеъа дар бахши хусусӣ хондаанд.
Марша Олив, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ ва Кристофер Миллер аз ташкилоти молии ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки корхонаҳои Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳо бештар андоз месупоранд, ки дар аксар маврид ин корхонаҳоро нотавон карда ба муфлисшави рӯ ба рӯ мекунад.
Бино ба пажуҳиши коршиносон, ҳар як корхонаи хусусӣ ва тоҷиру соҳибкор ҳудуди 80% даромади худро аз тариқи ҳар навъ пардохт ба давлат медиҳад. Дар Тоҷикистон ҳудуди 22 навъи андоз ҷаъоварӣ мешавад. Барои муқоиса дар Қирғизистон теъдоди андоз 6 намуд аст ва дар чанд соли ахир ҳудуди 410 корхонаи хурду бузург аз тавони пардохт накардани андозҳо муфлис шудааст.
Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, дар ҳоли ҳозир 90% корхонаҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ба бонкҳо робита надорад ва 75 % пули нақд на дар бонкҳо, балки дар дасти мардум аст. Мардум ба бонкҳо эътимод надоранд. Ба ҳамин далел фоизи қарза ё протсенти қарзи додаи бонкҳо, ки аз 1 сол беш нест, дар баъзе ҳолатҳо солона то 63 дарсад мерасад. Ва бахши хусусӣ бо ин фоизи баланд қарз гирифта наметавонад.
БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ ДАР МОНОПОЛИЯИ КИСТ?
Аммо ба эътиқоди Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси умури иқтисодӣ, агар фоизи баланди қарз як омили нигаҳдории бахши хусусӣ бошад, омили дигар монополияи бозори тавлиди ва истеъмолӣ аз сӯи гурӯҳҳои ба мақомот наздик аст: «Агар давлат тамоми шароитро муҳаё созаду қарзи бонкиро ба 1 дарсад поин биорад низ, бахши хусусӣ рушд намекунад. Ба ин далел, ки бозор монополия шудааст ва монополистҳо намегузоранд, ки дигар ширкатҳо вориди бозор шаванд. Танҳо раисиҷумҳур метавонад бо қарорӣ қатъӣ монополияро аз байн бубарад.»
Ҷамшед Қудусов, коршиноси дигари умури иқтисодӣ омили асосии пешрафт накарданро дар фасод ё коруппсия медонад: «Таҳлили вазъи шуғлро бубинем дар чанд соли ахир маҳз ба далели вуҷуди фасод коҳиш ёфтааст. Барои мисол соҳибкорон дар бахши кишоварзӣ фаъолияти худро қатъ карда ба соҳибкории наздиҳавлигӣ гузаштаанд. Зеро дар инҷо фасод камтар аст. Ва ба ин далел то замоне, ки фасод коҳиш наёбад бахши хусусӣ рушд намекунад.»
Ба эътиқоди коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ, ба ҳамин далел аст, ки сармояҳои хориҷӣ дар бахши хусусӣ ба Тоҷикистон сарозер намешаванд ва пешрафти иқтисоду иҷтимои Ҷумҳуриро ба мушкил рӯ ба рӯ кардаанд.