Дар шаҳри Киев созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Украина ба тасвиб расид.
Дар ҷараёни сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар қатори дигар созишномаҳои байнидавлатӣ, инчунин, созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Укроин имзо шуд.
Дар ин бора ба “Озодӣ” Ҷалолиддин Нуров, мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ гуфт, “ба ин санад Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Сергей Бубка, президенти Кумитаи олимпии Украина, имзо гузоштанд.”
- Бар асоси ин созишнома, - афзуд ҷаноби Нуров, - баргузории мусобиқот дар риштаҳои мухталиф миёни варзишгарони ҳарду кишвар, табодули таҷрибаи кории мураббиёну мутахассисони соҳа дар назар аст.