Писар ба ҷои падар. Ҳифзи сулола ё коммунизм?

Дар акс: Ким Чен Ир (аз тарафи чап) ва писараш Ким Чен Ун, ки ба эҳтимоли ғолиб ҷойгузини падараш хоҳад шуд...

Расонаҳои Кореяи Шимолӣ аз мардуми ин кишвар даъват кардаанд, ки дар атрофи Ким Чен Ун муттаҳид шаванд.
Марги раҳбари хилватнишини Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир, суолҳои зиёдеро дар мавриди сарнавишти минбаъдаи сулолаи ҳокими ин кишвар ва назму субот дар нимҷазираи Корея матраҳ намудааст.

Расонаҳои хабарии маҳаллӣ аз мардуми Кореяи Шимолӣ даъват кардаанд, ки дар атрофи писари хурдии Ким Чен Ир -- Ким Чен Ун муттаҳид шаванд, вале шояд тасмими ниҳоӣ дар масъалаи раҳбари ояндаи ин кишвар пас аз мотами даҳрӯза эълон бишавад.

“17-уми декабри соли 2011-ум ҳангоми сафар бемории ногаҳонӣ раҳбари бузурги мо Ким Чен Ирро аз байн бурд.” Бо ин эълони саршор аз ашку алами телевизиони давлатӣ Кореяи Шимолӣ ба як давраи номуайянӣ ворид гаштааст.

ҲАБДАҲ СОЛЕ, КИ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

17 соли ҳукми золимонаи Ким Чен Ир бо талошҳои сарсахтонаи режими Пхенян барои дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ дар ёд хоҳад монд, ки боиси гуруснагии мардум ва барканории Кореяи Шимолӣ аз умури байнулмилалӣ шудааст.

Рӯзи душанбе (19 декабр) расонаҳои хабарии Кореяи Шимолӣ писари сеюм, писари хурдии Ким Чен Ир -- Ким Чен Унро “вориси бузург ва пешвои ҳизб, артиш ва мардум” унвон дода, аз 23 миллион аҳолии ин кишвар даъват карданд, ки аз ӯ пуштибонӣ намоянд. Баъзе коршиносон мегӯянд, ки таъхири эълони вориси тахти раёсати ҷумҳурӣ дар Кореяи Шимолӣ суолҳои зиёдеро дар мавриди сарнавишти ояндаи сулолаи Ким дар миён мегузорад.

Ким Чен Ир дар тасовир



КИМ ЧЕН ИР ВА ҚАҲТИИ СОЛҲОИ НАВАДУМ

Ким Чен Ир дар соли 1994 баъди фавти падараш Ким Ир Сен сари қудрат омада буд. Ӯ бо шавқу рағбаташ ба майнушӣ, дақиқтар гӯем, нӯшидани коняк, сигоркашӣ ва тановули таомҳои болаззат маъруф будааст.

Дар даврони ҳукмронии Ким Чен Ир камбизоатии мардуми Кореяи Шимолӣ афзоиш ёфт. Қаҳтии солҳои навадуми қарни гузашта ҳаёти тахминан як миллион аҳолиии ин кишварро аз байн бурд. Ким Чен Ир дар соли 2008 бо сактаи мағзӣ мувоҷеҳ шуда буд ва тибқи гузоришҳои расида рӯзи шанбеи 17 декабр дар роҳ аз сактаи дил даргузашт.

КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ДАР ҲОЛИ ОМОДАБОШ

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Номуайянӣ ва эҳтимоли сари қудрат омадани Ким Чен Уни ҷавон, ки ҳанӯз 30-сола ҳам нашудааст, аҳли оламро то ҳадде ба ташвиш овардааст.
Кореяи Ҷанубӣ, ки 60 сол инҷониб дар ҳоли ҷанг бо режими Пхенян қарор дорад, артишашро ба ҳоли омодабош гузаронида, дар тӯли 250 километри марзи миёни ду кишвар чораҳои иловагии амниятӣ андешидааст. Дар айни ҳол раҳбари Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мюн Бак аз мардуми кишвараш даъват кард, ки ҳаёти рӯзмарраи худро ба таври маъмулӣ идома диҳанд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба раҳбари Кореяи Ҷанубӣ бори дигар таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ӯҳдадориҳояш дар таъмини амнияти нимҷазираи Корея ва таъмини назму суботи муттафиқаш, яъне Кореяи Ҷанубӣ содиқ мемонад.

АНДӮҲИ КОММУНИСТОНИ ТОҶИК

Коммунистони Тоҷикистон аз фавти раҳбари режими Кореяи Шимолӣ андӯҳгин будаанд. Вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков гуфт, ки "марги Ким Чен Ир тамоми нерӯҳои коммунистӣ ва ҳаракати коргарии байнулмилалиро дар атрофи Кореяи Шимолӣ муттаҳид мекунад ва барои рушду нумуи сотсиализм асоси воқеӣ мегузорад."

Исмоил Талбаков, узви Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

Аммо раҳбари ҷамоаи кореягиҳои Тоҷикистон Виктор Ким чандон хушбин нест: "Барои мо масъалаи муҳимтарин сулҳ дар нимҷазираи Корея мебошад. Мутаассифона, бо марги Ким Чен Ир масъалаи сулҳу суботи нимҷазираи Корея зери суол қарор мегирад."

КОРЕЯИ ШИМОЛӢ ВА КИМ ЧЕН УН

Мушкили Кореяи Шимолӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ асосан дар соли 2006-ум баъди озмоиши муваффақонаи силоҳи ҳастаӣ оғоз ёфт. Музокироти шашҷонибаи маҳви силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ то кунун ба натиҷае нарасидааст ва маълум нест, ки сиёсати байнулмилалии раҳбари нави ин кишвар аз чӣ иборат хоҳад буд.

То кунун Ким Чен Ун дар музокироти байнулмилалӣ иштирок накардааст. То 29 декабр ҷасади Ким Чен Ир дар канори ҷасади падараш, дар мавзолеи Пхенян, гузошта мешавад, шояд авввалин иқдомҳои раҳбарияти нави Кореяи Шимолӣ низ пас аз ҳамин маросими мотами даҳрӯза эълон шаванд.

http://www.youtube.com/embed/9Xy2InXXIkk?rel=0