“Time”: Чеҳраи соли 2011—Тазоҳургар

Эътирозгарон, аз Баҳори араб то Афина, аз ишғоли Уолл-стрит то Маскав, нерӯи тағйирдиҳандаи ҷаҳон унвон шуданд.
Ба ақидаи “Time”, пас аз қариб ду даҳаи мавҷи инқилобҳо дар Аврупои шарқӣ ва Шӯравии собиқ инсони эътирозгар дигарбора ба нависандаи таърих табдил мешавад.

Ҷим Фредерик, сардабири бахши байналмилалии “Time” мегӯяд: “Мавҷи эътирозҳои мардум ду режимро суқут дод ва ҳоло дар Русияву Лондон, Уол-стрит ва дар саросари Ховари Миёна эътироз ба василаи бозгашти қудрати сиёсӣ ба дасти мардум табдил ёфтааст.”

Маҷалла эътирозҳои соли 2011-ро ҳамсанги эътирозҳои солҳои 60 барои ҳуқуқи баробари нажодҳо ва алайҳи ҷанги Ветнам ва раҳпаймоиҳои солҳои 80 зидди силоҳи ҳастаӣ хонда, мегӯяд, нақши муассири васоили нави иттилоотӣ, бахусус Интернет, эътирозҳои ахирро ба инқилоби соли 1848 дар Фаронса монанд мекунад, ки фанновариҳои навини вақт – телеграфу роҳи оҳан – хабари аз тахт уфтодани шоҳу ҷорӣ шудани низоми ҷумҳурӣ дар Фаронсаро то дурдасттарин гӯшаҳои Аврупо расонд ва мавҷи инқилобҳои ҳамсонро ба бор овард.

10 сол пеш на Ал-ҷазира буд ва на Интернет

Як мусоҳиби “Time” дар Тунис дар посух ба ин суол ки чаро, барои мисол, 10 сол пеш эътироз намекарданд, гуфт, он вақт Ал-ҷазира ва Интернет ҳанӯз чунон қавӣ ва саросарӣ набуд, ки имрӯз. Ҷим
Фредерик, сардабири “Time” ҳам мегӯяд: “Имсол, ба назари ман, нуфузи расонаҳои иҷтимоӣ, чун “Twitter” ва “Facebook” имкон дод, ки баъди 40 соли таъқибот кишварҳои мухталифи Ховари Миёна шоҳиди таъсири нерӯи мардум шаванд. Ин кор аз Тунис сар шуд, ба Либияву Миср кӯчид ва як чизи хеле ҷолиб, ки мебинем, як ҷунбиши воҳид набудани ин эътирозҳои саросарист.”

“Time” дар арзёбиаш тақрибан ҳама эътирозҳои як соли охирро баршумурдааст, аммо далели аслии “Чеҳраи соли 2011” интихоб шудани эътирозгар, яқинан, “Баҳори араб” аст, зеро ба навиштаи “Time”, ба фарқ аз Аврупову Амрико, ки низомҳои демократӣ доранд, эътирозгарони араб вақте алайҳи режимҳои худкома бархостанд, ҳар рӯзу ҳар соат хатари зарби калтак ё тири пулис таҳдидашон мекард.

Худсӯзии Муҳаммад Бӯазизӣ

Маҷалла бавижа аз сарнавишти талхи Муҳаммад Бӯазизӣ ёд кардааст. Ин фурӯшандаи 26-солаи сабзиҷот дар як шаҳраки Тунис ҳамеша таҳти фишор ва таҳқири мақомот қарор дошт, вале рӯзи 17 декабри соли 2009, вақте пулис тарозуи ӯро мусодира карду ба рӯяш як шаппотӣ ҳам зад, ӯ дигар тоб наовард ва худро дар рӯбарӯи шаҳрдории Сидӣ Бузайд оташ зад. Ин иқдоми ӯ, ба навиштаи “Time”, “қатраи охирин”-е шуд, ки косаи сабри мардумро лабрез кард ва алакай дар моҳи январи соли 2010 мунҷар ба суқути режими Зайналобуддин Бин Алӣ ва фирори ӯ аз Тунис ба Саудӣ шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Саҳнаҳое аз "Баҳори араб" -- Тунис


Оғози на фақат эътирозҳои Тунис, балки боқӣ инқилобҳои маъруф ба “Баҳори Араб”-ро низ аз ҳамин худсӯзии Муҳаммад Бӯазизӣ ҳисоб мекунанд. Пайвандони ӯ ба “Time” гуфтаанд, ки “ӯ ба хотири дифоъ аз шарафи худ худро оташ зад, зеро дар Тунис шараф аз ҳар чизи дигар, ҳатто аз нон болост.”

Оромии Осиёи марказӣ

Саидаҳмади Қаландар, коршиноси маркази таҳлилии “Сипеҳр” дар Душанбе мегӯяд, нақши омили хориҷӣ дар эътирозҳои маъруф ба “Баҳори араб” андак буда, ҳар инқилоб пеш аз ҳама дар дохили ҳамон кишвар ҷӯш мезанад: “Масалан, зулм, дар дасти як гурӯҳ уфтодани ҳукумат, сарват ғундоштану ба умеди ягон рӯзи мабодо ба хориҷ таҳвил додани сарватҳо, ки мо тақдири ин гуна сармояҳоро дар мисоли Ҳуснӣ Муборак, Муаммар Қаззофӣ ва дигарҳо дидем, ки ин сармоя ба ҳеҷ дарди сари инҳо дигар намехӯрад. Аммо соли эътирозгар номидан чизи хуб аст. Барои ҳушдор додани мардум ва ҳам ҳокимон. Агар имсолро соли эътирозгар номиданд, чӣ хуб!"

Аммо Амнияти Абдулназар, аз мунтақидони давлати Тоҷикистон мегӯяд, агар маҷаллаи “Time” дар баробари эътирозгар қаҳрамони манфии солро ҳам эълон мекард, як номзади умда ба ин унвонро ҳатман дар Осиёи Марказӣ меёфт: “Мардумеро, ки эътирозгар мегӯянд, ман як падидаи мусбат мефаҳмам, чунки онҳо эътироз карданд. Агар аксашро интихоб кунанд, мо, кишварҳои Шӯравии собиқ, ба инаш дохил мешудем. Кишварҳо ва мардумҳои пассиве, ки қудрат ва ҷуръати дифоъ аз ҳуқуқи худро надоранд.”

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар воқеъ боз як соли дигари аз нигоҳи эътирозҳои мардумӣ оромро паси сар карданд. Қирғизистон баъди ду инқилоб ва даргириҳои қавмии соли гузаштааш зоҳиран ором гирифт, дар Туркманистон ба касе то ҳол маҷоли чунин эътирозро намедиҳанд, Қазоқистон ба ҳаққи мардум ба чунин эътирозҳо фақат то ҷое арҷ мегузорад, ки аз хатти сурх нагузарад ва машрӯъияти давлати Нурсултон Назарбоевро ба чолиш накашад. Дар Узбакистон охирин мавҷи эътироз 6 сол пеш дар Андиҷон буд, ки шадидан саркӯб шуд.

Худо накунад...

Тоҷикистон, ки дар авоили солҳои 90 шоҳиди силсилаи гирдиҳамоиҳои шабонарӯзӣ дар маркази Душанбе ва манотиқи дигар буд, баъди 5 соли ҷанги дохилӣ ва кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар, ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, аз ҳар навъ гирдиҳамоии сиёсӣ барои чанд даҳсолаи дигар “эм” гирифтааст. Ба бовари таҳлилгарон, як сабаби асосии ба эътироз алоқа надоштани мардум дар Тоҷикистон ҳамин мероси ҷанг ва хотироти талхи он аст.

Вале ба ақидаи Амнияти Абдулназар, далели асосии иҷтиноби мардуми Тоҷикистон аз ҳар навъ эътироз на тарс ё хотироти даврони ҷанг, балки аз як сӯ, дилгир шуданаш аз натиҷаи чунин эътирозҳои қаблист, ки маъмулан бо тақсими мансабҳо байни раҳбарон тамом мешуд. Аз сӯи дигар, меафзояд оқои Абдулназар: “Мо қудрати эътироз надорем ба маҳзи фишори зиёде, ки болои мардум эъмол шудааст. Сониян, фарқ байни дорову нодор хеле бузург шудааст ва мардуми қашшоқ маъмулан ҷуръати дифоъ аз ҳуқуқи худро камтар дорад. Ва як сарвари хубе ҳам нест, ки битавонад эътирози мардумро раҳбарӣ кунад. Чунин нафар имрӯз дар Тоҷикистон нест.”

Дар воқеъ, дар рӯзҳои ҷанҷоли халабонҳо як гурӯҳ ба пайравӣ аз эътирозгарони Мисру Тунис мардумро тавассути Интернет ба раҳпаймоӣ дар назди сафорати Русия дар Душанбе даъват кард, вале вақте нирӯҳои милисаро дар давру бари сафорат диданд, касе аз ин мубтакирон ҷуръат накард, ки раҳпаймоиро оғоз ва раҳбарӣ кунад.

Дар соли 2011 дар Тоҷикистон, албатта, чанд мавриди эътироз мушоҳида шуд, ки аксараш, чун дар мисоли эътирози сокинони рустои Якуми майи ноҳияи Рӯдакӣ, ё як гурӯҳи занон аз шаҳри Кӯлоб, ба масоили манзил ва фурӯши ғайриқонунии заминҳо рабт дошт. Як мояи дигари эътирозҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон ҳаёҳуи мухлисони норозӣ аз натиҷаи бозии футбол буд, вале мақомот баъди задухӯрди мухлисони норозӣ аз натиҷаи бозии “Равшан”-и Кӯлоб бо “Истиқлол”-и Рустами Эмомалӣ 16 мухлиси “Равшан” ва Сафармад Рустамов, як сарпарасти асосии ин тимро ба зиндон кашонда, ҳаваси идомаи чунин ошӯбу эътирозро дар дили бақия кушт.

Эътирози Атовуллоҳ Рақибов

Аммо бештари эътирозҳо дар Тоҷикистон ба сурати инфиродист ва як намунаи барҷастааш ҳам

Атовуллоҳ Рақибов ва аҳли оилааш

сарнавишти Атовуллоҳ Рақибов, як сокини рустои Заркамари Файзобод, ки алайҳи тахриби манзилаш аз сӯи мақомоти маҳаллӣ шӯрид, шишаи экскаватореро, ки барои кандани хонаи ӯ оварда буданд, шикаст, бо ҷамъи кӯдаконаш ба Душанбе рафт ва дар дафтари кори омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода эълони гуруснанишинӣ кард. Атовуллоҳ Рақибов мегӯяд, агар матбуот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба дифоъ аз ӯ садо баланд намекарданд, гумон буд, ки эътирози ӯ натиҷае ба бор биорад: “Ман пушаймон нашудаам, чунки ҳаққ будам ва барои ҳаққи худ ба зиндон рафтам.”

Атовуллоҳ Рақибов бо 7 000 доллар кумаки молии раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ имсол хона андохт ва мегӯяд, ки дар баҳори оянда дар ин манзили наву қонуниаш бӯрёкӯбон хоҳад кард. Вале мӯътақид аст, ки агар касе ҳаққи ӯро дар оянда боз поймол кунад, бе ягон тардид барои эътироз ва дифоъ аз худ дубора бар хоҳад хест.

Намунаи дигари чунин эътирози инфиродӣ хабарнигори аштӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов буд, ки ҳатто 11 моҳи зиндон ӯро нашикаст. Ва вақте додгоҳи Табошар як миёнаи “на сих сӯзад, на кабоб”-ро ёфт ва ӯро дар баҳои манъи хабарнигорӣ ва пардохти ҷарима раҳо кард, ин ҳукм зоҳиран ҳамаро қаноат дод, вале на худи Исмоиловро, ки сароҳатан гуфт, ки аз ҳаққи худ мӯе нахоҳад гузашт. Муҳаммадюсуф Исмоилов дар воқеъ баъди раҳоияш ба дидори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода роҳ ёфту ҳарфи худро зад ва дар додгоҳи вилоят ҳам тавонист 35 000 сомонӣ ҷаримаро аз ҳукми ӯ ботил кунад ва ҳаққи хабарнигориро дубора ба даст биорад.

Бохти Эрдуғон ба эътирозгар

Маҷаллаи “Time”, ки аз соли 1927 ҳар сол “Чеҳраи сол”-ро эълон мекунад, дар гузашта низ чандин бор на як нафар, балки гурӯҳи афрод, ё ҳатто ашёи беҷону чун дар мисоли соли 2011, як образи умумиро Чеҳраи сол интихоб кардааст. Имсол ҳам бештари хонандагони “Time” ба сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон алоқа нишон дода, бархе чашмдор буд, ки “Time” шояд ба муасссиси имсол фавтидаи ширкати “Apple” Стив Ҷобс арҷ бигузорад. Вале интихоби маҷалла дар ниҳоят аз байни афроде, чун адмирал Вилям МакРейвен, фармондеҳи нирӯҳои вижа дар амалиёти қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден, дигарандеши чиноӣ Ай Вейвей, раиси кумитаи будҷаи Конгресс Пол Раян ва Кейт Мидлтон, ки имсол бо шоҳзодаи инглис Вилям издивоҷ кард, рӯи ҳамин образи умумии эътирозгар қарор гирифт.

Ҷим Фредерик, сардабири “Time”: “Ҳадафи мардуме ки Уолл-Стритро ишғол мекунанд, назар ба онҳое, ки дар Либияву Мисранд, комилан дигар аст. Ва аҳдофи онҳое ки акнун дар майдони Сурхи Маскав ҷамъ мешаванд, аз мардуми ҷамъшуда дар Уолл-Стритт комилан фарқ мекунад. Аммо чизе, ки онҳоро ба ҳам меорад, роҳи расидан ба ҳадаф аст. Дар Миср мардум мегуфт, ки аз Тунис илҳом гирифтаанд. Дар Уолл-Стрит мегӯянд, ки онҳоро рӯйдодҳои Миср ба боғи Тсуккотӣ овард. Ба назари ман, ҳамин аст муштаракоти онҳо.”

Албатта, бархе мегӯянд, ки “Time” зимни интихобаш бархе пайомадҳои ин эътирозҳо, аз ҷумла ба хушунату ғорати дӯконҳо ва сӯхтани мошинҳо мунҷар шуданаш дар Лондону Афина ваё дар интихоботҳои озоду демократии Ховари Миёна пирӯз шудани гурӯҳҳои исломиро нодида гирифтааст. Вале ба ҳар сурат, соли 2011 бо ҳамин эътирозҳову эътирозгаронаш нақши таърих мешавад. Ҳадди ақал аз нигоҳи идораи маҷаллаи амрикоии “Time”.