Тафсири нави Қуръон. "Силоҳ"-е зидди ҷараёнҳои нав

Ҷилди аввали китоби "Тафсири навини Қуръони карим"

Дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аз китоби "Тафсири навини Қуръони карим", ки дар чопхонаи Лоҳур ба нашр расидааст, рӯнамоӣ шуд.
Бештари донишмандони тоҷик аз чопи ҷилди нахустини ин китоб истиқбол карда ва онро барои муаррифии Исломи ноб ба сокинони мусулмони Тоҷикистон муҳим хонданд.

Абдулвоҳид Шамолов, донишманди тоҷик, "Тафсири навини Қуръони карим"-ро роҳе барои наҷоти мардум аз банди ҷаҳолат донист ва гуфт, ки ин китоб имкон медиҳад, то мардум дар шинохти дини мубини Ислом ва мазҳаби хеш пойбарҷо бимонанд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи ҷаноби Шамолов, ҷараёнҳои тозапайдои мазҳабӣ, назири "Салафия", дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа "реша" давонида, гурӯҳи бузурги мардумро аз пайи хеш мебаранд. Ӯ дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз, ки гоҳо аз мазҳаб ва дин сӯистифода мешавад, изҳори нигаронӣ кард ва “ҳушёрии сиёсӣ”-ро барои намояндагони мазҳаби ҳанафӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Абдулвоҳид Шамолов

“Салафиҳое, ки ҳоло пайдо шудаанд, онҳо аз салафиҳои замони паёмбари Ислом фарқ доранд. Инҳо салафи сиёсӣ ҳастанд, ки ҳадафашон пора кардани мазҳаби ҳанафӣ ва кишварҳои Осиёи Марказист. Ҳоло дар Қазоқистон, дар қисмати ҷануби ин кишвар ҳам гароиш ба “Салафия” дар авҷ аст”,-гуфт Абдулвоҳид Шамолов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли доншмандон қишри рӯҳонии тоҷик бо зарфияти фазлӣ ва суннатие, ки дорад, наметавонад дар қиболи гурӯҳҳои ихтилофангез ба по истад. Зеро ба қавли онҳо, равияҳои тозапайдои мазҳабӣ аз лиҳози иқтисодиву фанноварии ҷадид "мусаллаҳ"-анд, чизе, ки қишри рӯҳонӣ ё соҳибони исломи суннатии Тоҷикистон аз он бархӯрдор нестанд.

Аз ин рӯ, ба эътиқоди Абдуллои Раҳнамо, сиёсатшинос ва таҳлилгари умури динӣ, рӯҳониёни суннатии тоҷик барои муқобила бо ҷараёнҳои тозапайдо имтиҳони сангинеро дар пеш доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тафсири нави Қуръони карим. Роҳи наҷот аз ҷаҳолат?



Вай гуфт, “якум ин ки онҳо бо шеваҳои нави таблиғот ва воситаҳои таблиғотӣ мусаллаҳанд. Рӯҳониёни мо аз ин назар қафо мондаанд. Дуввум, онҳо дар сатҳи таҳсилии дигар қарор доранд дар донишкадаҳо ва Академияҳои расмӣ таҳсил мекунанд ё доранд ва донандаи хуби забонҳои хориҷ ҳастанд, ки дар ин тараф ҳам исломи анъанавии мо заъф дорад. Онҳо пуштибони иқтисодӣ доранд, кишварҳое, ки дар пушти онҳо истодаанд, омодаанд барои онҳо миллионҳоро сарф кунанд, пушти онҳо манфиатҳои сиёсатҳои байнулмилалӣ ҳастанд.”

Абдуллои Раҳнамо

Абдуллои Раҳнамо мегӯяд, бинобар ин дар шароити феълӣ намояндагони динии Тоҷикистон бояд мавриди ҳимояти давлат қарор бигиранд. Зеро ба қавли ӯ ва таҳлилгарони дигар, дар сурати дар канор мондани намояндагони дин ва рӯҳоният аз ҳимояту пуштибонӣ равияҳои мухталиф бештар фаъол хоҳанд шуд ва ихтилофу низоъ авҷ хоҳад гирифт.

Ин сӯҳбатҳо дар ҳоле анҷом мегиранд, ки Тоҷикистон дар се соли пеш шоҳиди баҳси пайравони ҷараёни тозапайдои "Салафия" бо пайравони Исломи суннатӣ буд. Дар оғоз мақомот ин гурӯҳро ба амнияти кишвар хатарзо надонистанд, аммо дар пайи даст ба гиребоншуданҳои пайравони ин ҷараён бо мухолифони худ Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолият ва ҳузури пайравони "Салафия"-ро дар кишвар мамнӯъ эълон кард.

Аз он вақт то кунун баҳси "Салафия" дар Тоҷикистон зоҳиран хомӯш шудааст ва матбуот ҳам дар ин иртибот камтар сӯҳбат мекунад.