Намояндагони ИМА дар расми хатми амалиёти низомӣ дар Ироқ хотираи қурбониҳои ду ҷонибро пос доштанд.
Онҳо қурбониёни амрикоӣ ва ироқиро дар амалиёти ҳарбие ёдовар шуданд, ки қариб 9 сол идома кард.
Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида Леон Панетта гуфт, "пас аз он ки хуни хеле зиёди ироқиҳо ва амрикиҳо дар хоки ин кишвар рехт, рисолати Ироқ, ки битавонад худро идора ва амниятро таъмин кунад, ба воқеият табдил меёбад."
"Мушкилот боқӣ мемонад, -- гуфт Панетта, -- аммо Амрико дар ҳалли ин мушкилот ҳамеша ба мардуми Ироқ мусоидат ва дар бунёди давлати нерӯманд ва шукуфон кӯмак мекунад." Бо ин суханони вазири дифоъ дар як маросими вижаи бахшида ба поёни амалиёти ҳарбии нерӯҳои Амрико дар Ироқ парчами Амрико аз бинои ҳайати фармондеҳӣ дар Бағдод пойин карда шуд.
Бештари низомиёни амрикоӣ ба ватан интиқол ёфтанд ва назорати таъмини амният ба нерӯҳои ироқӣ вогузор шудааст. Баъд аз вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ дар соли 2003 дар амалиёти низомӣ дар ин кишвар беш аз яку ним миллион афсарону сарбозони амрикоӣ ширкат доштанд. Чаҳору ним ҳазори онҳо кушта ва сӣ ҳазори дигар захмӣ шуданд. ИМА барои ин ҷанг як триллион доллар сарф кард. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ беш аз сад ҳазор ироқиҳо кушта шуданд.
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар як мулоқот бо низомиён дар як пойгоҳи низомии Каролинаи шимолӣ гуфт, ки низомиёни амрикоӣ Ироқи мустақилу боэътидолро тарк мекунанд. Қарор аст, ки дар Ироқ фақат тақрибан 200 мушовири низомии амрикоӣ боқӣ монанд.
Хурӯҷи нерӯҳо аз Ироқ яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Барак Обама буд. Дар дидораш бо сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ дар Вашингтон рӯзи душанбеи 12-уми декабр, Обама аз ин хуруҷ истиқбол кард ва ба Моликӣ итминон дод, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамкорияш бо Ироқро идома хоҳад дод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад