Дар Русия муҳоҷиру дар Тоҷикистон арзонфурӯш

Бозори телефонҳои дастӣ дар Душанбе

Аксари муҳоҷирони тоҷик таҷҳизоти аз Русия харидаи худро дар Тоҷикистон бо арзонтарин нарх ба савдо мегузоранд
Қурбоналӣ Эмомов, ки чанде пеш аз муҳоҷират баргаштааст, ноутбукеро бо нархи 400 доллари амрикоӣ фурӯхт, ки онро аз Русия бо арзиши 800 доллари амрикоӣ дастрас карда будааст. Ӯ мегӯяд, дар Русия аз рӯи ҳавову ҳавас ин компутари дастиро харида буд, вале дар Тоҷикистон, ки ҳоло реҷаи интиқоли нерӯи барқ ҷорист, дигар ноутбук лозим нашуд. Омили дигаре, ки ба арзон фурӯхтани ноутбук ин муҳоҷирро маҷбур кардааст, бепулии худ ва камхаридор будани таҷҳизоташ будааст.

Қурбоналӣ афзуд: «Дигар бо он нархе, ки гирифта будам, касе онро дар ин ҷо нахарид. Пул, ки даркор шуда буд, маҷбур будам, бо ҳамин нарх фурӯшам. Пул ҳам, ки даркор набошад, дигар чӣ кораш мекунӣ. Дар Русия кам-кам клип тамошо мекардему бозӣ мекардем, дигар дар ин ҷо вақт ҳам нест.»

Зарур, ки шуд…

Ин ҷавони муҳоҷир дар фурӯши арзони таҷҳизоташ ягона нест. Салоҳиддин, як муҳоҷири дигар мегӯяд, пуле, ки аз муҳоҷират ба даст меояд, дар зудтарин фурсат тамом мешавад, аз ин рӯ муҳоҷирон маҷбур мешаванд, таҷҳизоте, ки барои истифодаи худ гирифта буданд, бифурӯшанд: «Пул даркор мешавад, пул. Ин пуле, ки кор мекунӣ, баракат надорад, ҳеҷ чиз намешавад. Дар ягон ҳолат, ки зурат омад, дигар мефурӯшӣ ва ба он нархе, ки аз Русия гирифтаӣ, касе дар ин ҷо намехарад. Маҷбурӣ, ки чанд баробар аз нархи асосиаш арзонтар фурӯшӣ.»

Ба чизи ночор, ҳама харидор

Аксари сокинон низ аз ночории муҳоҷирон дар чунин мавридҳо ба манфиати худ истифода мекунанд. Чун медонанд, ки муҳоҷирон ба пул эҳтиёҷ доранд, талош мекунад, то ҳади имкон таҷҳизоти онҳоро арзонтар бихаранд.

Ёрмуҳаммад, як ҷавони маҳаллӣ мегӯяд, ин ҳолатро ӯ дар харидории телефони мобилӣ бештар мушоҳида кардааст: «Дар телефонбозор як телефонҳоеро мебинӣ, ки шояд дар Русия ҳар кас онҳоро харида натавонанд. Ин ҷо аввал камтар қимат мегӯянд, вале мебинанд, ки касе намехарад, маҷбуранд арзон фурӯшанд.»

Пули муҳоҷиронро чи тавр бояд истифода кард?

Дар шарҳи чунин ҳолатҳо, Умар Абдураҳмонов, иқтисоддони маҳаллӣ мегӯяд, муҳоҷирон тарзи самаранок истифода бурдани маблағи ҷамъовардаи худро намедонанд. Ӯ мегӯяд, мақомотҳои дахлдор бояд ба муҳоҷирон кӯмак кунанд, то маблағи ҷамъовардаи онҳо ҳам манфиати худ ва ҳам ба манфиати кишвар истифода шавад: «Шояд ба муҳоҷирон замин диҳанд, ки вақте дар тирамоҳ бармегарданд, онро кишт кунанд ва аҳли хонаводааш онро дар набудани ӯ истифода кунад. Ё ин, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ онҳоро дар сохтани корхонаҳои хурде саҳмдор кунад, ки онҳо аз он ҳар моҳ манфиат бигиранд. Дар навоҳии кӯҳистон метавонанд, чорвопарварӣ кунанд. Муҳоҷирони мо меоянд, худоӣ додану нон додану тӯй карданро тамом намекунанд. Як ду пуле, ки меоранд, зуд сарфаш мекунанд ва боз қарз гирифта, ба Русия мераванд. Маблағҳои онҳо бояд аз ҷониби худи онҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ оқилона истифода карда шавад, то оҳиста-оҳиста пеши роҳи муҳоҷират гирифта шавад.»

Зимистон фаслест, ки муҳоҷирони мавсимӣ дар ватан қарор доранд. То баҳор, яъне фасли бозгашти муҳоҷирон онҳо охирин маблағҳои худро сарф мекунанд. Ҳоло аз бозорҳои ғайрирасмӣ метавон телефонҳои мобилиро аз дасти муҳоҷирони эҳтиёҷманд, бо арзонтрин нарх дастрас кард.