Омодагии мақомоти давлатӣ, масеҳиён ва мусулмонон ба таҷлили густарда аз Соли Нави мелодӣ.
Агарчӣ то 1-уми январ, соли нави масеҳӣ, беш аз ним моҳи дигар боқист, вале омодагиҳо аллакай шуруъ шудаанд.
Тибқи амри раиси шаҳри Душанбе, шаби 31-уми уми декабр, барои сокинону меҳмонони пойтахт дар майдони Дӯстӣ, арчаи 21-метраи чароғон ва ороёфта гузошта хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ду соли пеш дар маҳофили мухталифи Тоҷикистон, сухан дар мавриди даст кашидан аз ҷашнгирии соли нави масеҳӣ дар кишвар мерафт.
МАСЕҲИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛИ НАВ
Ва аммо масеҳиёни Тоҷикистон ин ҷашни мазҳабии худро чӣ гуна ҷашн мегиранд? Ходимони Калисои православӣ дар Душанбе мегӯянд, ҷашни имсола барояшон аз он лиҳоз хотирмон аст, ки дар арафаи он Викентий-усқуфи масеҳиёни Осиёи Марказӣ ба Душанбе ташриф овардааст. Ва "оби муқаддасе"-ро, ки маъмулан барои аз "гуноҳҳо поксозӣ"-и мардум пешбинӣ шудааст, худи Падар-Векентий дуохонӣ мекунад.
Мо Падар-Викентийро дар калисои масеҳиён вохӯрдем, ки омодагии рафтан ба дивизияи 201- уми Русия дошт. Ӯ дар маросими насб кардани зангӯлаҳои муқаддас, ки тоза аз Русия оварда шудааст ва бояд дар ибдатгоҳи дивизияи 201-ум насб шавад, ширкат хоҳад кард. Баъдан Падар-Викентий барои дидорбинӣ бо пайравони дини масеҳӣ, ба чанде минтақаҳои Тоҷикистон низ сафар ҳоҳад кард: «Ман бори дуввум аст, ки
ба Тоҷикистон меоям ва таасуротам аз ин кишвар ва мардумаш хуб аст. Мо талош дорем барои таҳкими динамон дар минтақа корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Аз ҷумла теъдоди хидматгузорон ва роҳибонро дар калисои православии Тошканд, Бишкек, Душанбе ва дигар ҷумҳуриҳо боз ҳам бештар ва шароитҳоро барои пайравони динамон боз ҳам беҳтар кунем. Агарчӣ ҳоло то ҷашн барвақтар аст, ба ҳар сурат ман мехоҳам тамоми масеҳиёни Тоҷикистон ва минтақаро муборакбод гӯям.»
Ва аммо роҳиби калисои православии Душанбе, ҷаноби Сергий Клименко дар суҳбат бо Озодӣ дар робита ба шароити ибодат ва таҷлили санаҳои муҳими мазҳабӣ дар ин калисо чунин гуфт: «Барои мо дар Тоҷикистон ҳоло ягон монеа ва мушкилоти хосе вуҷуд надорад. Лекин мушкил ҳамин аст, ки барои дуруст ва тибқи фармоиши пайғамбаронамон ба ҷо овардани суннатҳо ва маросимҳои мазҳабӣ, барои мо бинои махсус ва шароитҳои махсус лозим аст, ки мо надорем. Албатта ҳамаи он ба маблағ пеш аз ҳама бастагӣ дорад, дуввум ба хоҳиши худи пайравони дини мо дар ин кишвар. Дар ҳоли ҳозир ҳарчанд русҳо дар ин кишвар кам мондаанд, лекин дар як рӯз то 1000 нафар барои ибодат меоянд. Аз дивизияи 201 як идда меоянд ба ин ҷо, вале онҳо худашон дар шаҳраки ҳарбӣ, ибодатгоҳи худро доранд.»
Дар рӯзҳои Соли нав пайравони дини масеҳӣ кулчақану дигар шириниҳо пухта, тухмҳои мурғро бо чандин ранг оро дода ба калисо меоянд ва нахуст афроди муҳтоҷ зиёфат мекунанд. Яке аз фазилатҳои ин ид кӯмак ба фақирон ва беморон будааст. Ҳамчунин навзодонро ба калисо оварда дар «оби муқаддас»-и дуохонишуда мешӯянд.
АММО ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВ АЗ ДИДГОҲИ ДИГАР...
Соли нави масеҳӣ дар замони шӯравӣ ҳамчун як ҷашни сартосарӣ ва ҳатто хонаводагӣ таҷлил мешуд. Ва аммо тайи як даҳсола ба ин сӯ, онро аксари хонаводаҳои тоҷик иди худ намеҳисобанд ва аз ҷашнгирии он худдорӣ меварданд. Агарчӣ бархе мутақоиданд, ки Исои масеҳ, ки ҳамчун паёмбар дар ислом ва Қуръон ҷойгоҳи рӯшане дорад, пас таҷлил аз соли нави масеҳӣ барои мусалмонон набояд гуноҳ дониста шавад.
Ҷалолиддин Хомӯшӣ, масъули раёсати Фатвои идораи муфтиёти Тоҷикистон дар робита ба ҷойгоҳи ҳазрати Исо дар Қуръони маҷид чунин гуфт: «Мақоми ҳазрати Исо алайҳиссалом дар баробари паёмбарони дигар мартабаи беҳад зиёд дорад. Дар ақоиди хусусан ҳанафӣ омадааст, ки агар инсон ба ҳамаи паёмбарон имон доштаву ба ҳазрати Исо имон надошта бошад, пеши худо эътибор надорад. Ва дар бораи ҷашнгирии мавлуди ӯ бошад ҳаминро гуфтаниам, ки дар мазҳаби мо ҷашнгирии мавлуд ва вафоти паёмбарон фармуда нашудааст.»
Ва бо ин ҳама Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва дар шаби Соли нав садҳо хонаводаҳо дар майдони марказӣ, дар атрофи арчаи солинавӣ ҷамъ меоянд, ҳамдигарро табрик мегӯянд.