Гурӯҳи марзшиканони афғон аз мавзеи Дулобаи ноҳияи Шӯрообод 15 сар говро ба ғорат бурдаанд.
Сокинон бо таҷриба аз ҳолатҳои дигари чунин ғоратгариҳо мегӯянд, ин гурӯҳ қочоқчиёне ҳастанд, ки тиҷораташон барор нагирифтааст ва ҷуброни онро аз сокинон гирифтан мехоҳанд.
Сабзалӣ, як сокини ин ноҳия мегӯяд, шаб 8 тан аз марзшиканони мусаллаҳи афғон ба ин мавзеъ, ки чорпоён нигаҳбонӣ мешуданд, меҳмон шуда, субҳ говҳоро ҳамроҳ бо ду подабон бурдаанд. Пас аз расидан ба мавзеҳои душворгузари марзӣ, подабонҳоро раҳо кардаанд.
Подабонҳо гуфтаанд, ки дар сурати ҳамроҳӣ накардан ба қочоқчиён, эҳтимол буд, ки онҳо кушта шаванд.
Сабзалӣ мегӯяд, пас аз ин ҳодиса мақомот ду подабон ва чанд тан аз сокинони маҳаллиро барои сари вақт хабар надодан аз ҷиноят, ба бозпурсӣ даъват кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон, аз мавҷудияти гурӯҳҳои ғоратгари афғон ва ҷиноятҳои онҳо на танҳо сокинон, балки мақомот ҳам огаҳанад, вале солҳои тӯлонист, ки онҳо пурра безарар гардонида намешаванд.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи Давлат Сафаров, як сокини дигари деҳоти наздимарзӣ, сокинон дар ин маврид дар дуроҳа қарор доранд. Яъне агар аз мавҷудияти қочоқичиён ва рафтуомади онҳо ба мақомот хабар надиҳад, гунаҳкор дониста мешавад, аз сӯи дигар дар сурати хабар додан ба мақомот аз ҷониби қочоқчиён таҳдид мебинанд: «Маълумоте, ки сокинон доранд, дар ҳақиқат касе надорад. Онҳо метарсанд, ки ҳамкорӣ кунанд. Агар аз макони қоҷоқчиён ба мақомот хабар диҳанд, ҳатман қочоқчиён ба онҳо зарар мерасонанд ва агар надиҳанд, аз ҷониби мақомот бозпурсӣ мешаванд. Чунин ҳолатҳо бар сари сокинон зиёд омадааст, ки то ҳол бархе бо тарс ба сар мебаранд.»
ГАШТУГУЗОРИ "ОЗОД"-И АФҒОНҲО ДАР ШӮРООБОД?
Сокинон дар ҳоле барои хабар надодан аз вуруди қочоқчиён гумонбар дониста мешаванд, ки онҳо то 20-30 километр ворид хоки Тоҷикистон мешаванд. Посухи Абдураҳим, як сокини дигари ин ноҳия дар ин мавзӯъ мантиқитар ба назар мерасад: «Дар ҳақиқат ҳама афғонҳоро мебинад. Ҳамаашон автомат доранд ва касе гап зада наметавонад. Аммо барои ворид шудани онҳо мо не, балки сарҳадбонон гунаҳкоранд, ки онҳоро гузоштаанд, то ба деҳаҳо биёянд. Сарҳадро бояд сахт бигиранд ва сарҳадбонон бояд ҷавоб диҳанд.»
Ҳодисаи рабуда шудани чорпоёни сокинон аз ҷониби қочоқчиён бори аввал нест.
Намояндагони мақомоти интизомии Шӯрообод, ки дар сӯҳбатҳои қаблӣ озод кардани мавзеҳои наздимарзӣ аз қочоқчиёнро дар зудтарин маврид таъкид мекарданд, ҳоло моил нестанд, дар ин маврид сӯҳбат кунанд.