Созмони Human Rights Watch аз афзоиши шиканҷаи маҳбусону боздоштшудагон дар Узбакистон хабар дод.
Дар гузориши ахири ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо барои чашм пӯшидан ба нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвари Осиёи Марказӣ интиқод шудаанд.
Дар гузориши HRW далелҳои зиёд ва нодири нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон оварда шудааст, ки тайи даҳ соли ахир коршиносони Созмони Милал имкони вуруд ба онҷоро надоранд.
Ба иттилои HRW ё Созмони дидбони ҳуқуқи башар, ин далелҳо, аз ҷумла, зимни беш аз сад мусоҳиба бо одамони гуногун дар Узбакистон дар тайи се соли ахир ошкор шудаанд. Ба гуфтаи муаллифон, аксар ҳомиёни ҳуқуқи башари узбак ё дар маҳбасанд ё фирор кардаанд ва афкори озоду мухолифи ҳукумат дар кишвар бераҳмона саркӯб мешавад.
Мавзӯи шиканҷаву бадрафторӣ дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Узбакистон баъди он доғ шуд, ки соли 2002 дар яке аз зиндонҳои кишвар як марди бо иттиҳоми "ифротгароӣ" маҳкумшуда бар асари ба сараш рехтани оби ҷӯш аз олам даргузашт. Ҳангоми пажуҳиши ин ҳодиса коршиносони Созмони Милал далелҳои фаровони шиканҷаи маҳбусону боздоштшудагон дар Узбакистонро ошкор карданд.
Аммо ба навиштаи Human Rights Watch тайи ин солҳо шиканҷа дар маҳбасу боздоштгоҳҳо коҳиш наёфтааст. Ин созмон далелҳои қотеи ҳангоми пурсуҷӯ ба рӯи боздоштшудаҳо рехтани оби ҷӯш, лату кӯби онҳо бо калтаки резинӣ ва шишаҳои пластикии пуроб, аз оринҷ ё пой овехтан ва таҷовуз ба номусу бӯғисозии онҳо бо противогазро дастрас кардааст.
Мӯътабар Аҳмадова, ҳомии ҳуқуқи башар ва намояндаи "Мемориал" дар Узбакистон гуфт, дар маҳбасҳо бештар афроде мавриди шиканҷа қарор мегиранд, ки бо иттиҳоми ифротгароии исломӣ маҳкум шудаанд. Аз сӯи дигар, афзуд ӯ, мақомот агар ин афродро "пештар рӯшод дастгир мекарданд, ҳоло чун аввалҳои солҳои 90-ум одамонро пинҳонӣ боздошт мекунанд ва дар асл онҳоро мерабоянд. Ҳатто пайвандони онҳо намедонанд, ки ин бачаҳо дар куҷоянд. Аксари мусулмонҳои боздоштшуда аз 18 то 35-солаанд. Баъд аз боздошт билофосила шиканҷаи онҳо шурӯъ мешавад."
Светлана Ортиқова, раиси кумитаи қонунгузории Сенати Узбакистон мегӯяд, ки мақомот ба шиканҷа дар маҳбасҳо бархӯрди ҷиддӣ доранд. Ба гуфтаи ӯ, "баъд аз он ки Узбакистон дар соли 1995 муоҳидаи СММ алайҳи шиканҷаро пазируфт, мо барномаи миллии зиддишиканҷаро қабул кардем ва ба ин ҳотир як кумиссиюни байнивазоратӣ ҳам таъсис шуд. Як бахши кори ин гурӯҳ таҳқиқи шикояти мардум аст. Агар аз болои кормандони ҳифзи тартибот ин гуна шикоят ворид шавад, онро чун бонги изтироб арзёбӣ мекунанд ва таҳқиқи фаврии шикоят шурӯъ мешавад."
Ҳамзамон Светлана Ортиқова иқрор мекунад, ки ҷилавгирии пурра аз шиканҷа ғайримумкин аст ва, ба гуфтаи ӯ, он ҷое, ки одам асту кор аст, он ҷо иштибоҳ ҳам рӯй медиҳад.
Стив Свердлов, масъули бахши Узбакистон дар Human Rights Watch, мегӯяд, кишварҳои ғарбӣ бояд чашмони худро боз кунанд ва дарк намоянд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон аз бадтарин авзоъ дар олам аст. Ба гуфтаи ӯ, воқеан ҳам чанд сол пеш Тошканд аз ислоҳоти умури адлия кор гирифт ва аз ҷумла қонун дар бораи Habeas corpus, яъне бо дастури додгоҳ ба мурофиа овардани гумонбаронро қабул кард. Вале, мегӯяд Стив Свердлов, ин қонун рӯи коғаз мондааст. Ҳарчанд қонун дар бораи ислоҳоти адвокатура ба таври комил амалӣ шуд.
HRW ҳамчунин Амрикову Иттиҳодияи Аврупоро барои бетафовутӣ ба нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла, шиканҷаву бадрафторӣ дар маҳбасҳои Узбакистон айбдор кадааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ин бетафовутӣ баҳоест, ки ба ивази ҳамкории Тошканд дар амалиёти низомӣ дар Афғонистон пардохт мешавад.
Узбакистон бо Афғонистон ҳаммарз аст ва аз кишварҳои муҳим барои интиқоли молу коло барои нерӯҳои НАТО ба Афғонистон маҳсуб мешавад. Моҳи гузашта баъд аз зарбаи ҳавоии НАТО ба як постгоҳи покистонӣ дар марз бо Афғонистон, ки бар асари он 24 афсару сарбоз кушта шуданд, Исломобод роҳҳои интиқоли молу мавод барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро баст. Акнун беш аз нисфи таҷҳизот ва молу мавод барои низомиёни байнулмилалии мустақар дар Афғонистон аз тариқи кишварҳои Осиёи марказӣ ворид мешавад.
HRW аз кишварҳои ғарбӣ даъват кардааст, ки сиёсати худро дар баробари Тошканд бознигарӣ ва алайҳи мансабдорони узбаки муҷрим дар поймолсозии ҳуқуқи башар таҳримҳо ҷорӣ кунанд - ҳисобҳои бонкии онҳоро мунҷамид сохта, аз вурудашон ба Амрикову Аврупо ҷилавгирӣ намоянд.