Вазорати фарҳанг аз масъулини рӯзномаҳо тақозо кардааст, ки нашрияҳои худро ба сурати шахси ҳуқуқӣ дубора сабти ном кунанд.
Мақомот ҳадаф аз ин тақозоро мутобиқсозии фаъолияти нашрияҳо ба муқаррароти ба қайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ унвон мекунанд. Аммо масъулини нашрияҳо мегӯянд, вазъи ба миёномада натиҷаи зидду нақизи қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон мебошад ва нашрияҳо набояд барои посухи носуфтагии қонунҳоро бидиҳанд. Ба ин манзур, масъулони нашрияҳо ва созмонҳои журналистӣ аз мақомот дархост кардаанд, ки сабти номи такрории нашрияҳоро ба таъхир андозад.
Хуршеди Атовулло, раиси МТЖ Тоҷикистон ва сардабири ҳафтаномаи «Фараж» ба ин пурсиш, ки агар бознависии нашрияҳо ҳатмӣ ҳаст, чӣ мушкиле ба сари нашрияҳо ба ҷуз аз сарфи вақт хоҳад омад, гуфт: «Маркази таҳқиқоти журналистӣ се нашрия дорад, дар сурате, ки мо ба тақозои онҳо амал кунем, бояд се суратҳисоб, се муҳосиб дошта бошем ва ҳамаи ҳисобу китоб мустақил бошад. Бар иловаи ин, ҳамаи онҳо бояд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд дар равзанаи ягона ба қайд гирифта шаванд ва аз ҳадди аққали 712 сомонӣ аз ҳар нафар бояд андоз супоранд. Ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон 70 дарсади рӯзноманигорон ин қадар моҳона намегиранд. Ин албатта мушкилоти фаровоне ба думбол хоҳад дошт.»
Аммо ба ин сурат идомаи кори нашрияҳое, ки сабти номи дубора нашуданд ва ё шахси ҳуқуқӣ нестанд, ғайри қонунӣ аст?
Акбари Саттор, раиси ИЖТ мегӯяд намешавад гуфт, ки рӯзномаҳо ғайри қонунӣ комилан кор мекунанд. Зеро таноқуз дар худи қонун аст. Қонуни матбуоти амалкунанда дар шароите қабул шуда буд, ки холдингҳои матбуотӣ ё медиа холдингҳо вуҷуд надоштанд. Аммо акнун ин созмонҳо ба вуҷуд омадаанд ва ин як таҷрибаи ҷаҳонӣ аст. Ва бинобар ин бояд қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шавад.
Оқои Саттор мегӯяд, ки як роҳи ҳалли ин мушкил, қабули қонуни нави матбуот аст: «Лоиҳаи нави Қонуни матбуот, ки омода шуд, муҳокима гардид, вале то ҳол дар парлумон хоб аст, агар мушкили асосӣ ҳамин аст, агар ҳамин қонун қубул шавад, масъала ҳал мешавад. Аз сабаби он, ки ин ҷо айби муассисон нест, бояд то як давраи муайян ҳамин кор ба таъхир гузошта шавад, ки қонуни нав қабул шавад ва масъала ҳал шавад».
Аммо оё қабули нави Қонуни матбуот ба ин зудӣ имкон доранд, ки мушкили нашрияҳо холдингоҳи матбуотӣ рафъ шавад?
Акрамшо Фелалиев, вакили МН ва аз муаллифони тарҳи нави Қонуни матбуот мегӯяд, ки қонуни нави матбуот тақрибан дар ҳоли такмил шудан аст. Оқои Фелалиев ба ин пурсиш, ки оё имкон дорад то соли нав ин қонун қабул шавад ва мушкили пешомада ҳал гардад, гуфт: «Гуруҳи корӣ таъсис шудааст, на танҳо аз ҳисоби кумитаи мо, балки аз ҳисоби рӯзноманигорон, дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ ва баррасӣ мекунанд. Муҳлат то 23-юми декабр буд, агар дар ин давра ба мувофиқа наоянд, боз онро тамдид мекунанд.»
Мақомот мегӯянд, ки ҳадаф аз бознависии номи нашрияҳо, ҳеҷ ангезаи дигаре ва хоса ҳадафи фишор ва маҳдуд кардани нашрияҳоро надорад. Ва танҳо ба қонунгузорӣ мутобиқ кардани фаъолияти онҳост. Масъулони матбуот низ мегӯянд, мехоҳанд ба ҳамин чиз бовар кунанд, аммо агар ҳарчи зудтар барои қабули қонуни нав иқдом шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад